Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН
single-product

НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН

2024-10-30 07:37:36

Дар замони то рафт мураккаб гаштани вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бархӯрди тамаддунҳо, ки равишҳои пуртазодро ба миён овардааст, давлатҳо бо доштани санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқии устувор, ки аз Конститутсия сарчашма мегиранд, метавонанд рақобатпазир бошанд. Зеро Конститутсия дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, устувор гаштани пояҳои ҳуқуқии идоракунии давлат, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва рукнҳои давлатдорӣ нақши муассир дошта, давлатро аз нобудӣ, забонро аз олудагӣ ва миллатро аз парокандашавӣ эмин нигоҳ медорад. Гузашта аз ин дар ҷомеаи суннатӣ ва тамаддунсоз, ки солҳои тулонӣ бо расму оинҳои вижа арзи ҳастӣ намудааст, таъмини низоми одилона ва устувор дар пояи меъёрҳои ҳуқуқӣ бисёр муҳим буд.

Боиси фараҳмандист, ки 30 - сол муқаддам бо талошҳои хастанопазири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи соҳибистиқлолии кишвари азизамон бори нахуст, тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид. Баъди қабули Конститутсия соли 1994, мардуми шарафманди Тоҷикистон якдилона давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро бунёд намуданд, ки мақсад аз он ба наслҳои оянда мерос гузоштани давлати аз нигоҳи ҳуқуқӣ, иқтисодӣ иҷтимоӣ ва сиёсӣ тарақикарда ва босубот мебошад.

Дар тӯли 33 соли Истиқлоли давлатӣ, ба ҳамма мушкилоту монеаҳои зиёди пешомада нигоҳ накарда, бо шарофати эҳтиром ҷиҳати амалишавии меъёрҳои Конститутсия, миллати тоҷик тавонист таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомеае бунёд намояд, ки дар он фазои сулҳу субот ҳукумфармо пояҳои ваҳдати миллӣ устувор бошад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони шиносномаи миллати тоҷик, аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ ба панҷгонаи беҳтарин Конститутсияҳои давлатҳои узви Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо шомил гашта, чеҳраи сиёсии миллатро возеҳ намуда, ҷилои тоза бахшид. Давоми 30 - соли амалкарди Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо асосҳои ҳуқуқии давлатдории миллиро такмил дод, балки дар арсаи байналмилалӣ низ ҳамчун субъекти мустақил тавассути чандин пешниҳод ва ташаббусҳои созандаю сулҳхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нуфуз ва эътибори баландро соҳиб гардид. Зиёда аз ин, ташаббусҳои муҳиму сарвиақтии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои мубрами экологӣ, амнияти минтаќавию ҷаҳонӣ, таҳкими сулҳ, иштироки фаъолона дар созмонҳои байнламилалӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки нуфузи кишвари азизамон Тоҷикистон марҳала ба марҳала дар арсаи байналмилалӣбаланд шуда, аз нигоҳи сиёсӣ хело фаъолӣ минтақа ва ҷаҳон табдил ёфтааст ки нақши Конститутсия дар шинохти он бениҳоят муҳим аст.

Меъёрҳое, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷгардидаанд, нафақат барои як давраи давлатдорӣ балки барои ояндаи як миллат яъне миллатсозӣнигаронида шудааст, ки аз муккамал будани ин ҳуҷҷати тақдирсози миллат дарак медиҳад. Бинобар ин, бо гузашти солҳо аҳамияти таърихии ин ҳуҷҷати муқаддасу сарнавиштсоз боз ҳам бештар хоҳад гашт.

Лозим ба ёдоварист, ки мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон-шаҳрванд арзиши олӣ эътироф шудааст. Ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, амалӣ намудани принспҳои инсондӯстӣ, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ вa тaъмини тaрбияи ҳуқуқии шaҳрвaндон, дар Паёми навбатии худ ба Маҷлис Олии кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024-ро соли «Маърифати ҳуқуқӣ» эълон намуданд, ки иқдоми навбатии наҷибонаи Пешвои муаззами миллат дар роҳи таҳкими ҷомеаи адолатпарвар мебошад. Маърифати ҳуқуқӣ воситаи муҳими танзимкунандаи рафтор ва фаъолияти шахс дар ҷомеа маҳсуб ёфта, омили мусоид баҳри таъмини волоияти қонун ва риояи тартиботи ҳуқуқӣ дар мамлакат мебошад.

Дар фарҷон бо эътимод метавон изҳор намуд, ки 30 - солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба тарғиби бештари ваҳдати миллӣ, меҳанпарастӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва ҳисси ватандӯстиву ифтихори ватандории ҳар фарди саодатманди Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи тоза мебахшад.

Хоҷазода Давронҷон Қурбоналӣ номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент директори коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар