
ИНШОИ БЕҲТАРИН БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
2024-10-28 18:09:04
Дар Муассисаи давлатии Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи забонҳо байни донишҷӯёни таҳти унвонҳои “Конститутсия - бахтномаи миллат”, “Конститутсия - санади тақдирсози миллат”, “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: роҳнамо ва ҳомии шаҳрвандон”, “Конститутсия - ҳуҷҷати сарнавиштсоз” ва “Конститутсия - кафили сулҳу субот дар Тоҷикистон” иншои беҳтарин гузаронида шуд.
Бояд қайд намуд, ки ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур боз ҳам
баланд бардоштани маълумотнокии донишҷӯён оид ба Конститутсия, таъмини соҳибихтиёрии
давлатӣ, озодӣ, ҳуқуқи шахсият ва баробарҳуқуқӣ мебошад.
