Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ОЗМУН! ДАР ДУШАНБЕ «БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ КОНСТИТУТСИЯ» МУАЙЯН МЕШАВАД
single-product

ОЗМУН! ДАР ДУШАНБЕ «БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ КОНСТИТУТСИЯ» МУАЙЯН МЕШАВАД

2024-10-27 18:20:56

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе бахшида ба эълон гаштани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-31 октябр озмуни шаҳрии «Беҳтарин донандаи Конститутсия» баргузор мегардад.

Гуфта шуд, ки сабқат бо сарпарастии Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқӣ, шиносоӣ бо санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байналмилалӣ ва миллӣ, таъмини реҷаи қонуният, назм ва тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонун баргузор карда мешавад.

Дар озмун хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 8-11), муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ (литсейҳои касбӣ), донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷҳо) ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (донишгоҳу донишкадаҳо) иштирок карда метавонанд.

Донишҳои ҳуқуқии иштирокдорони озмун аз рӯйи хондан ва донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи гирифтани имтиҳонҳои тестӣ ва саволу ҷавоб муайян карда мешаванд.