
НАМОИШИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ ҲИСОР
2024-10-24 20:31:22
Дар Муассисаи давлатии таълимии
"Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор" бо мақсади дар амал татбиқ намудани
дастури Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08.10.2024 таҳти рақами 1/05 1562 "Дар бораи эълон
намудани соли таҳсили 2024-2025 "Соли хониши асарҳои Асосгузори сулҳу
ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон" аксия - намоиши асарҳои Пешвои миллат таҳти унвони "Нақши
асарҳои Пешвои миллат дар тарбияи ҷавонон" баргузор гардид.
Дар
рафти намоиш директори муассиса доктори илмҳои педагогӣ Давлатзода Ҷамила аз
асарҳои Пешвои миллат иқтибос оварда, зикр намуданд, ки "Баъди
соҳибистиқлол гардидан Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фосилаи кӯтоҳ ба дастовардҳои назаррас ва бо ҷаҳду
талоши созандаву бунёдкоронаи халқи азизамон ба кишвари ободу осуда мубаддал
гашт. Акнун моро зарур аст, ки баҳри таҳкими ҳувияти миллӣ ва шакл гирифтани
тафаккуру андешаи миллӣ, инчунин ҷиҳати бедор намудани ғурури миллӣ дар зеҳни
наврасону ҷавонон талош намуда, гузаштаи пуршебу фарози миллатро хотировар
шавем ва аз корномаҳои дурахшони фарзандони халқи худ, махсусан хизматҳои
Пешвои миллат ҳар чи бештар насли имрӯзаро огаҳ намоем".
Дар ин
намоиш донишҷӯёну омӯзгорони муассиса дар атрофи Давлатзода Ҷамила ҷамъ омада,
аз суханҳои иқтибосовардаи муаллима, ки ҳама кони панду адаб аст, ба худ ғизои
маънавӣ гирифтанд.
