
КОНСТИТУТСИЯ - САРЧАШМАИ ҚОНУНГУЗОРИИ ТОҶИКИСТОН
2024-10-24 06:50:23
Қабули
Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи навини кишварамон рӯйдоди
воқеан ҳам сарнавиштсоз мебошад, ки 30 сол пеш, 6 ноябри соли 1994 ба таври
демократӣ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ, ки аксарияти кулли ҳамватанони мо ба
тарафдории он овоз доданд, қабул гардид ва моро ба ояндаи нек умедвор сохт. Ин
сана барои мардуми мо таърихӣ буда, сарнавишти имрӯзу фардои давлатамонро дар
худ таҷассум менамояд. Яъне, Конститутсияи даврони истиқлоли мо ҷавобгӯ ба
талаботи замони нав ва ҷомеаи муосири кишвар буда, то имрӯз барои рушду
тараққиёти давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои он ва зиндагии осудаву озоди
мардуми тоҷик нақши муҳим мебозад.
Нақш ва мавқеи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти такмил
додани меъёрҳои конститутсионӣ бениҳоят бузург мебошад. Зеро бо талошҳои
пайвастаи Сарвари давлат дар заминаи меъёрҳои Конститутсия санадҳое қабул
гардиданд, ки хусусияти миллӣ дошта, дар дунё ҳамчун намуна хизмат намуда
истодаанд. Инчунин, сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат боис гашт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ
Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ташаббускор дар самти
ҳимояи ҳуқуқи инсон шиносад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи қабули Конститутсия ба ин маънӣ қайд карда буданд,
ки “имрӯз барои ман қадамҳои аввалин ба вазифаи Раиси ҷумҳур аст. Ин вазифа дар
ин рӯзҳо барои ман ҳам мушкил аст, лекин боварӣ дарам, ки бо дастгирии халқи
Тоҷикистон аз ин рӯзҳои сахт ҳам мебароем. Ман сари таъзим ба назди пойи
мардуми Тоҷикистон фуруд меорам ва мегӯям, то он замоне, ки ҳастам барои
миллатам, барои халқам, барои давлатам хизмат мекунам”. Ин суханҳо ҳар яки моро
водор месозанд, ки бахтномаи миллатро, ки сарчашмаи тамоми қонунҳо аст, риоя
намоем.
Конститутсия
қонуни асосии давлат, заминаи эъҷоду такмили қонунгузорӣ, муайянсозандаи
дурнамои пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад. Маҳз ин санад ба таъмини озоди
ҳуқуқҳои инсон, аз ҷумла озодии сухан, виҷдон ва амсоли онҳо, чун қонуни асосӣ,
кафолат медиҳад. Ҳамин ҳуҷҷат аз ҷониби халқи бузурги Тоҷикистон бо тариқи
овоздиҳӣ қабул карда шудааст.
Воқеан,
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳими сиёсӣ ва ҳуқуқию иҷтимоӣ буда,
ҳамчун ҳуҷҷати зинда ва стратегӣ инъикосгари равандҳо ва дигаргуниҳои иҷтимоӣ
ба шумор меравад. Ин санади олӣ моро ба сӯйи дигаргуниҳои азими иқтисодиву
иҷтимоӣ раҳнамун месозад. Аз ин рӯ, бояд дар заминаи меъёрҳои конститутсия
зиндагӣ ва фаъолият карданро рисолати худ дониста, дар партави нишондодҳои он
амал намоем ва ба пешрафту тараққиёт ва саодати бештар даст ёбем.
Раҳимов Рустам Абдураҳимович,
ёвари директори Коллеҷи техникии шаҳри Душанбе