Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > “ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ!” ИФТИХОРИ МАНУ МО
single-product

“ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ!” ИФТИХОРИ МАНУ МО

2024-10-21 19:44:07

Хидматҳои шоиставу мондагорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идомаи корномаҳои таърихии шоҳ Исмоили Сомонӣ буда, бо қадами файзбори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диёри парокандаю хароби мо ба макони сулҳ ва ваҳдату ягонагӣ табдил ёфт. Сулҳу ваҳдати миллӣ дар саросарӣ кишвар ҳукмфармо шуд. Пешвои заҳматқарину сулҳофари миллат бо донишу малака ва хиради волои худ тавонист ба боварии халқ сазовор гардад. Бояд тазаккур дод, ки Пешвои миллат дар ҳама ҷабҳаҳо нияти нек доранд ва ҳама гуна амалҳои некбинонаи хешро ҳам маҳз бо дилу нияти нек оғоз мебахшанд. Ҳамин буд, ки бо ниятҳои неку дурбинонаи Пешвои миллат ва нақшаҳои ободкорию созандагиашон сол ба сол Тоҷикистони биҳиштосо рушд карда, дар арсаи байналмилалӣ мевқеи худро устувор мегардонад.

Мо, ҷавонони зодаи даврони истиқлол низ пайравӣ ба ин шиор карда, баҳри сарсабзиву хуррамии диёри хеш ва Ватани ҳамешабаҳорамон - Тоҷикистон саъйю талош варзида, баҳри боз ҳам шукуфон гардидани Ватан саҳми арзандаи худро хоҳем гузошт. Дар роҳи ҳимоят аз марзу буми кишвар, таъриху фарҳанг ва маданияти аҷдодие, ки аз насли гузаштаамон ба мо мерос мондааст, ҳозирем ҷони худро фидо созем.

Дар даврони истиқлол Тоҷикистони биҳиштосои мо ба куллӣ симои худро дигаргун кардааст, ки исботи ин ба ҳамаи мо равшану возеҳ аст. Қайд кардан ба маврид аст, ки саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар родмардони Ватан дар ин ҷода бисёр бузург аст. Бо заҳмату талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва соҳибхирадиву шаҳрсозии раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз ба куллӣ симои Тоҷикистони биҳиштосои мо дигаргун гаштааст. Душанбешаҳр, пойтахти кишварамон, яке аз зеботарину дидатарин шаҳр дар байни шаҳрҳои Осиёи Марказӣ гаштааст!

Тӯли даҳсолаи охир бо қомат афрохтани бинову иншооти муҳими давлативу ҷамъиятӣ, алалхусус, таъмиру азнавсозии вазорату идораҳо ва мактабу кӯдакистонҳо, бемористону нуқтаҳои фурӯши молу маҳсулот, кошонаҳои ҳусн, биноҳои баландошёнаи истиқоматии бо тарҳи наву замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шуда, коргоҳу корхонаҳо бо симои худ ба Тоҷикистони азизамон ҳусни дигар бахшидаанд. Таъмиру азнавсозии шоҳроҳҳо, роҳҳои дохили шаҳриву байни деҳаҳо, пулу нақбҳо ва сохтмони роҳҳои оҳан аз амалӣ гаштани яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар, "Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ" ба ҳисоб мераванд, ки бевосита рафти корҳои роҳсозию мумфаршкунии роҳҳо аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назорат карда шуда, ба роҳсозон дастуру супоришҳои мушаххас барои саривақт ва бо сифати баланд иҷро гардидани корҳои роҳсозию мумфаршкунӣ дода мешавад. Баҳри пешрафту шукуфоии Точикистони азизамон ҳадафи чоруми стратегӣ"Саноатикунонии босуръати кишвар" қабул гардид, ки ин заковати баланди давлатдориро инъикос мекунад. Барои иҷро гардидани ҳадафи чоруми стратегии кишвар дар сар то сари кишвар саноатикунонии босуръат идома дорад, ки метавонад ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ мусоидат кунад. Пайваста сафар кардан ба вилояту шаҳрҳо ва ноҳияҳои дурдасти кишвару аз наздик шинос шудани Пешвои миллат аз зиндагии мардум ин худ аз соҳибхирадиву дониши баланди эшон дарак медиҳад. Ба ҳар ҷое, ки сафар кунанд, бо сокинону зиёиён ва аҳли илму маорифи суҳбат карда, маслиҳатҳои муфиду судмандро баҳри иҷрои камбудиҳои ҷойдошта дода, таъкид менамоянд, ки мо бояд муттаҳид шавем ва аз як гиребон сар барорему Ватани азизу маҳбуби хешро ободу зебо ва ҳифз кунем.

Бо вуҷуди ин ҳама ободиву созандагӣ, ҳастанд ашхосе, ки пешравию муваффақиятҳои моро нодида гирифта, мехоҳанд, амалҳои номатлуб ва ғаразноки худро амалӣ созанду хушиву осудагии моро барҳам зананд. Баҳри амалӣ кардани нақшаҳои палидонаи худ аз тамоми роҳу восита истифода карда, мехоҳанд ҳокимиятро ба даст оварда, мақсадҳои нопоки худро амалӣ созанд. Вале мо бояд, барои амалӣ нагаштани ин мақсадҳои нопоки душманон аз донишу малакаи худу олимону фозилон, донишмандону зиёиён истифода бурда, Ватани азизу маҳбуби хешро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем.

ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ, ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ, ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ!

Мӯсозода Шервон, мутахассиси раёсати молия, банақшагирӣ ва муҳосиботи 

Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон