Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > Маҳфили “Ганҷи сухан” ва конференсия илмӣ-адабӣ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд
single-product

Маҳфили “Ганҷи сухан” ва конференсия илмӣ-адабӣ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд

2024-10-21 13:09:40

 

18 октябр дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б. Исҳоқӣ ҷиҳати баланд бардоштани маънавиёти толибилмон, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллӣ конференсияи илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Забони миллат-пояи миллат” дар ҳамбастагӣ бо маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” доир гардид.

Дар конфронс роҳбари маҳфил адабиётшинос Саидумрон Саидов, директори Маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдуллоҳи Рахнамо, роҳбари Шӯрои уламои дини вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, шоири шинохта Гулноз Тоҳириён, роҳбарияти муассиса, омӯзгорону кормандон ва донишӯён иштирок намуданд.

Нахуст, директори муассиса Мавлонзода Алимат Ҳакбердӣ оиди эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва гиромидошти забони тоҷикӣ суханронӣ намуда, доир ба бузургии забони модарӣ андешаҳои судманд ироа намуд.

Зикр гардид, ки забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ буда, агар забони миллат аз байн равад, миллат ҳам дер ё зуд тафаккури миллӣ, ифтихори ватанпарастӣ ва ҳуввияти давлатдориашро аз даст дода, ба забону тамаддуни халқиятҳои бегона мегаравад ва оқибат завол меёбад

Сипас, Ҳоҷи Ҳусайн Мӯсозода дар боби эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ки вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд маҳсуб меёёбад, китобхониву илмомӯзӣ ва фазилати донишандӯзӣ андеша ронданд.

Дар рафти маҳфил аз тарафи директори Маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Точикистон, сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо таҳти унвони “Тоҷикистони озоди ман" бахшида ба 30-юмин солгарди Суруди миллии Точикистон маърузаи пурмӯҳтаво оид ба шарҳи Суруди миллии Точикистон ироа гардид.

Дар рафти чорабинӣ шоир Гулноз Тоҳириён дар бобати бузургдошти забон суханронӣ намуда, шеърҳои тозаэҷоди хешро баҳри ҳозирин қироат намуд. Сипас, мудири кафедраи забони тоҷикӣ Мӯнисахон Умарова дар мавриди “Забони миллат- пояи миллат" маърӯза намуд.

single
single