
ОЗМУНИ “ДАСТОНИ МОҲИР” - ВОСИТАИ ҲУНАРМАНДНАМОИИ ҶАВОНДУХТАРОН
2024-10-19 16:57:58
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соҳибкасб ва ҳунарманд намудани ҷавонон бо
ташаббуси Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин
Айнӣ озмуни муассисавӣ таҳти унвони “Дастони моҳир” баргузор карда шуд.
Дар чорабинӣ
директори Коллеҷ, дотсент Ғафурӣ Зоир Саъдулло, муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур
Зуҳурзода Заррина Ҳабибулло, намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Исайнӣ, намояндаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи
Шоҳмансур, намояндаи Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе ва ҳайати
омӯзгорону донишҷӯёни таълимгоҳ ширкат варзиданд.
Нахуст
директори таълимгоҳ Зоир Ғафурӣ дар бораи иқдомоти бузургу арзишманди Пешвои
муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ҷавонон сухан гуфта,
донишҷӯёнро дар ҷавоб ба ин ҳама ғамхорӣ ба донишандӯзию касбомӯзӣ ва
худшиносию ватандӯстӣ ҳидоят кард.
Дар идома
Зарина Зуҳурзода баромад карда, иброз дошт, ки Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият
Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо тарбияи кадрҳои соҳибкасбу ҳунарманд
ва иқдомоти муҳим саҳми худро дар баргузории чорабиниҳои ноҳияи Шоҳмансур
мегузорад.
Мавриди зикр
аст, ки дар озмун иштирокчиён аз рӯйи наминатсияҳои саломнома, ороиши
дастархон, омода намудани хӯриш, пешниҳоди рақс, омода намудани кулчақанд,
тайёр кардани нони тоҷикӣ, хониши аллаи модар, ороиши мӯй ва намоиши либосҳои
миллӣ ҳунарнамоӣ карданд.
Дар идома
Саодат Исайнӣ ба ҳунару иштироки донишҷӯён баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки ин
иқдом ва кашфи чеҳраҳои соҳибистеъдод самараи Истиқлоли меҳан буда, дар натиҷаи
заҳмату талошҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
барои ҷавонони саодатманди тоҷик фароҳам оварда шудааст.
Дар охир
ҳайати дастаҳо бо диплом қадрдонӣ гардида, ба омӯзгор Сайёра Холиқова
ифтихорнома ва аз ҳисоби Иттифоқи касабаи кормандону донишҷӯёни Коллеҷ
мукофотпулӣ тақдим карда шуд. Ҳамзамон, ба дигар сарпарастони гуруҳҳои академӣ,
ки дар озмун иштироки фаъол доштанд, барои мусоидат дар ташкили озмун
ифтихорнома тақдим гардид.

