Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ДАВРИ ЯКУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "МАЛАКАИ КАСБӢ" ДАР НТҶ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД
single-product

ДАВРИ ЯКУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "МАЛАКАИ КАСБӢ" ДАР НТҶ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

2024-10-19 16:54:53

Дар Муассаи давлатии таълимии Литсейи касбии техникии шаҳри Ваҳдат даври минтақавии озмуни ҷумҳуриявии “Малакаи касбӣ” миёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ баргузор гардид.

Озмуни ҷумҳуриявии “Малакаи касбӣ” дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯйи ихтисосҳои барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои барқии автомобил, челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил, кафшергари барқию газӣ, ҳисобдор бо донистани компютер, системаи компютерӣ ва интернет технология, дуредгар, дӯзанда, монтиёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизотҳои барқӣ, тракторчӣ-мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ ва челонгар оид ба тайёр намудани ҷузъҳо ва қисмҳои техникӣ санитарӣ гузаронида мешавад.

Мақсади асосии гузаронидани озмун такмили донишҳои назариявӣ ва амалӣ, инкишофи шавқу завқи хонандагон ба корҳои эҷодӣ, тарғиби касбҳои коргарӣ, фароҳам овардани шароити муносиб барои рушди малакаи касбии хонандагон ва тақвияти тафаккури техникии онҳо мебошад.

Дар даври минтақавии озмуни ҷумҳуриявии “Малакаи касбӣ” миёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз 9 муассиса 85 нафар хонанда аз рӯи 10 ихтисос иштироки фаъолона намуданд.

Баъди ҷамъбасти натиҷаҳои озмун 30 нафар хонандагон ба даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур роҳ ёфтанд.

Озмун дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар ду давр гузаронида мешавад. Даври якуми озмун дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд, Ваҳдат ва ноҳияи Шаҳристон гузаронида мешавад.

Баъди ҷанбасти даври якуми озмун даври ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад, ки дар он ғолибони даври якуми озмун, ки ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол намудаанд, ҳуқуқи иштирок карданро доранд.

Дар даври ҷумҳуриявӣ ғолибон бо Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ мегарданд.

single
single