
БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ЯКУМИ ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР КОЛЛЕҶИ МУҲАНДИСИЮ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
2024-10-18 19:04:25
Тибқи дастури Кумита оид ба таҳсилоти
ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади
амалигардонии "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва
риёзӣ дар соҳаи илму маориф" аз санаи 15.10.24 то 17.10.24 даври якуми
Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни Коллеҷ
ташкил ва баргузор карда шуд.
Олимпиада тибқи талаботи Низомнома аз 5
фаннӣ таълимӣ: математика, физика, биология, химия ва информатика тариқӣ тестӣ
ва хаттӣ гузаронида шуд, ки дар он 85 нафар донишҷӯён фаъолона иштирок
намуданд.
Олимпиадаи мазкур дар озмоишгоҳои
физика, химия, информатика, кабинетҳои фаннии биология ва математика гузаронида
шуда, ҳайати комиссияи озмунӣ раванди баргузории онро назорат намуда, ба дониши
назариявӣ ва амалии иштирокчиён баҳогузорӣ намуданд.
Зимни натиҷагирӣ ғолибон барои иштирок
дар даври ҷумҳуриявӣ ба унвонии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи
касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.
