
ЧОРАБИНИИ ҲАРБӢ - ВАТАНДӮСТӢ ДАР ДОИРАИ АКСИЯИ "ХИЗМАТИ ИН ВАТАН АГАР, МАН НАКУНАМ, КӢ МЕКУНАД?!"
2024-10-18 18:50:28
Ҳифзи
Ватан яке аз вазифаҳои муқаддаси ҳар як ҷавонмард мебошад. Аҷдодони мо ин
ҳуввияти миллиро ҳамеша дар худ тарғибу ташвиқ менамуданд ва барои озодӣ ва
ҳифзи истиқлолияти давлати хеш ҷони худро дареғ надоштанд. Нишонаи ҷавонмардию
ҳимоятгарӣ аз ниёгон ба мо мерос буда, муқаддас будани Ватанро аҷдодони мо аз
хурдсолӣ ба мо омӯзонидаанд, ки он дар хуни мо ҷорист. Мо бояд Ватанамонро
ҳамчун давлати соҳибистиқлол, мисли гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Ин нуқтаҳо дар
ҳамоиши Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом
таҳти унвони “Хизмати ин Ватан агар, ман накунам, кӣ мекунад?!”, ки санаи 17
октябри соли равон дар толори коллеҷи омӯзгории ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри
Конибодом ташкил ва баргузор гардид, баён шуданд.
Дар
ҷорабинии мазкур раиси Шӯрои собиқаодрони ҷангу меҳнат Ғаниев Наимҷон,
намояндаи комиссариати ҳарбӣ , майор Саидмуродзода Достон ,директори коллеҷи
омӯзорӣ Расулова Марҳабохон , волидону сарбозони аз хизмати ҳарбӣ рухсатшуда,
сарбозони қисми низомии 04080, ҷавонони синни даъватӣ, хонандагони муассисаҳои
таҳсилоти миёнаи умумӣ ва волидайни якчанд сарбозон иштирок доштанд.
Нахуст чорабиниро раиси раиси Кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Шерматова Фирӯза ифтитоҳ намуда, зикр дошт, ки
воқеан, хизмат ба Ватан ин рисолати бузург буда, ҳифзи марзу буми кишвар
вазифаи муқаддаси ҳар як инсон, алалхусус ҷавонони ба ору номус мебошад.
Нишонаи ҷавонмардии ҳимоятгарӣ аз ниёгон ба мо мерос буда, муқаддас будани
Ватанро аз хурдсолӣ ба мо омӯзонидаанд.
Ҳамчунин намояндаи МИҲД - шаҳр, раиси
Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат Ғаниев Наимҷон, перомуни мавзӯи дар боло
зикргардида баромад намуда, таъкид доштанд, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ
вазифаи муқаддаси мо, кафили таҳкими истиқлолӣ давлат мебошад. Мо , шаҳрвандони
кишварро зарур аст, ки барои ҳифзи амнияту оромии мамлакати соҳибистиқлол ҳама
якдилона талош кунем.
Ҳамзамон сарбозони адои хизматнамуда ва
модаронашон бо як ҳисси баланди ифтихори миллӣ ва ватандӯстӣ баромад карданд.
Директори муассиса Марҳабо Расулова низ
бо овардани иқтибосҳо аз суханони падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ намуда ,аз ҷавонон даъват ба
амал оварданд,ки дар роҳи ҳифзи Ватан ҳамеша омода бошанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз тарафи Кумитаи
иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом ба сарбозоне, ки
хизмати Ватанро софдилона иҷро намуда истодаанд, арзи сипос баён гардида, чун
арзи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба хизматҳои онҳо ба якчанд волидайни адои
хизматнамуда Раҳматнома супорида шуд.
Ҳадаф аз ташкил ва баргузории чунин
аксия ва ҳамоишҳо ин бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи
Қувваҳои Мусаллаҳ ва саҳмгузоштан дар ҳифзи марзу буми кишвар ба ҳисоб рафта, ба
ин васила мо метавонем, ҷавононро ба меҳанпарастию хештаншиносӣ ҳидоят карда
бошем.

