
ҶАЛАСАИ ШУРОИ ДИРЕКТОРОН БАРГУЗОР ГАРДИД
2024-10-15 12:45:15
Дар Китобхонаи миллии
Тоҷикистон 14-уми октябри соли 2024 ҷаласаи навбатии Шурои директорони
муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар
он Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, муовини аввали Раиси Кумита
Баҳрулло Давлатзода, сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ Бобоҷон
Маҳмадализода, раиси Шурои директорон Ғафурӣ Зоир Саъдулло ва директорони
муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст академик
Фарҳод Раҳимӣ баромад намуда, доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 1 сентябри соли 2024 дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ
ба Кумита пешниҳод гардида буд, ҷиҳати ҳарчи зудтар иҷро гардидани онҳоро
супориш доданд.
Фарҳод Раҳимӣ,
иброз доштанд, ки моро зарур аст, ки дар партави дастуру супоришҳои созандаи
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста баҳри омода намудани кадрҳои
баландихтисоси ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ талош варзем ва дар иҷрои
вазифаҳои хеш масъулияти баланд эҳсос намоем.
Таъкид шуд, ки иштироки
донишҷӯён,омӯзгорону кормандони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ бояд дар
озмунҳо ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда
шавад.
Инчунин, ба роҳбарони
муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дастур дода шуд, ки баҳри рафъи норасоии
маводи таълимӣ, ба ҷойи кор ҳозир нашудани мутахассисони ҷавон, таъмини базаи
моддии техникӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ чораҳои таъхирнопазир
андешанд.
Ҳамчунин, таъкид
гардид, ки бо мақсади арҷгузорӣ ба корнамоиҳои шоистаи Пешвои миллат муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат, таҳкими ваҳдати миллӣ дар тамоми
муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ соли таҳсили 2024-2025 “Соли
мутолиаи асарҳои Пешвои миллат" эълон гардид. Дар ин маврид роҳаброни
муассисаҳои таҳсилотимиёнаи касбиро зарур аст, ки омӯзгорону кормандон ва
донишҷӯёнро ҷиҳати мутолиаи асарҳои Пешвои миллат роҳнамоӣ намоянд.
Дар идома аъзои шурои директорон бо баррасии масъалаҳои зерин
табодули афкор намуданд:
- Такмили ихтисоси омӯзгорон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи
касбӣ;
- Чораҳои амалишуда дар самти татбиқи “Бистсолаи омӯзиш ва
рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф;
- Сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Баъдан, Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Қубодиён барои сазовор
гардидан ба ҷойи аввал дар озмуни ҷумҳуриявии “Хонандаи беҳтарини асарҳои
Пешвои миллат” миёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва Коллеҷи тиббии шаҳри
Ваҳдат барои иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ бо ифтихорномаи Шурои
директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар охир аз ҷониби аъзои Шурои директорон логотипи Шурои
директорон тасдиқ гардида, як қатор қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.



