Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ДАР НАЗДИ ЛИТСЕЙИ КАСБИИ ТЕХНИКИИ НОҲИЯИ ШУҒНОН МАРКАЗИ ШУҒЛИ ФОСИЛАВӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
single-product

ДАР НАЗДИ ЛИТСЕЙИ КАСБИИ ТЕХНИКИИ НОҲИЯИ ШУҒНОН МАРКАЗИ ШУҒЛИ ФОСИЛАВӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

2024-10-09 17:02:33

Маркази шуғли фосилавӣ дар назди Литсейи касбии техникии ноҳияи Шуғнон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии шарикони рушд - Хазинмаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ва Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати таъмини сокинони ин минтақаи дурдасти кишвар бо шуғл ба истифода дода шуд.

Дар ифтитоҳи маркази мазкур Ализода Алишер, муовини Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафири Иттиҳоди Аврупо - Раймундас Кароблис, муовини директори ЮНИСЕФ - Эри Двиведи, муовини раиси ноҳияи Шуғнон-Пайрав М, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Хуҷаназаров Ҷ., ва хонандагону кормандони Литсейи касбии техникӣ, сокинони ноҳияи Шуғнон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Чорабиниро Пайрав М., муовини раиси ноҳия ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки иқдоми мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақша гирифта шуда, дар арафаи яке аз ҷашнҳои муқаддаси миллӣ Рӯзи забони давлатӣ ба истифода дода шуд.

Алишер Ализода, зимни суханронии худ иброз дошт, ки дар солҳои охир мо шоҳиди рушди босуръати технологиҳои рақамӣ ва тағйироти куллӣ дар бозори меҳнат гаштаем. Зуҳури бемории ҳамагири COVID-19 бисёр ташкилоту корхонаҳоро водор ба он кард, то ба формати шуғли фосилавӣ гузаранд. Бо вуҷуди ба миён омадани ташвишҳои нав, имкониятҳои беназире низ барои рушди касбӣ ва таълимӣ фароҳам омад. Таъсиси маркази шуғли фосилавӣ, ки самти фаъолияташ ба таълими шуғли фосилавӣ равона шудааст, қадами муҳим барои Кумита ва дар маҷмуъ барои ҷомеаи мадании мо мебошад.

Таъкид гардид, ки Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд иқдом гирифтааст, ки теъдоди чунин марказҳоро дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиёд намояд.

Тавассути ин марказ ҷавонону касбомӯзон имкон пайдо мекунанд ба бозори байналмилалии меҳнат шомил шуда, аз имкониятҳои мавҷуда васеъ истифода намоянд.

Маврид ба зикри хос аст, ки айни ҳол дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хоруғ, Панҷакент ва Бохтар марказҳои кории фосилавӣ фаъолият мекунанд.

 

single
single