
ОҒОЗИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ
2024-10-08 07:59:04
7 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи
Федератсияи Русия шуданд.
Дар фурудгоҳи “Внуково-2”-и шаҳри Москва
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагони воломақоми Федератсияи Русия
самимона пазироӣ карданд.
Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
иштирок менамоянд.

