Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБӢ
single-product

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБӢ

2024-10-05 18:52:29

Бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Коллеҷи техникии шаҳри Душанбе бо иштироки директорони коллеҷҳо ва литсейҳои касбии техники чорабинии илмӣ - амалӣ баргузор гардид.

ДАР ЧОРАБИНИИ МАЗКУР ФАРҲОД РАҲИМӢ, РАИСИ КУМИТА, ДАВЛАТЗОДА БАҲРУЛЛО, АЛИЗОДА АЛИШЕР, МУОВИНОНИ РАИСИ КУМИТА, ШОИРИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН, ДОРАНДАИ ҶОИЗАИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ АБУАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ АСКАР ҲАКИМ, НАВИСАНДАИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН ДОРАНДАИ ҶОИЗАИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ АБУАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ АБДУЛҲАМИД САМАД ИШТИРОК ВА ДОИР БА ҶОЙГОҲИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ АНДЕШАРОНӢ НАМУДАНД.

Нахуст, чорабиниро академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, иброз доштанд, ки боиси хушнуди ва сарфарозист, ки имсол мо - мардуми шарифи Тоҷикистон 15-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу субот ва тинҷиву оромӣ бо дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, ки натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ ва маҳсули сиёсати хирадмандона, дурандешона ва фарҳангпарваронаи Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, таҷлил менамоем.

Мояи ифтихори ҳар яки мо аст, ки бори нахуст соли 1993 дар баландтарин минбари ҷаҳон - Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз ҷониби Пешвои миллати тоҷикон забони тоҷикӣ садо дод ва мардуми ҷаҳон бо ин забони латифу нафис ва гуворо паёми Сарвари моро шуниданд. Хушбахтона, то ба имрӯз аз ин минбар қариб ҳамасола ин забон садо медиҳад ва Роҳбари давлати тоҷикон аз ин минбари баланд ба мардуми сайёра паём мефиристанд, доир ба ҳалли мушкилоти умдаи инсоният ва роҳҳои ҳалли онҳо назари хешро баён месозанд, ташаббусҳоро барои наҷоти аҳли башар эълом медоранд ва доир ба пешгирӣ аз буҳронҳои маънавию ахлоқӣ, сиёсиву иқтисодӣ ва экологӣ пешниҳод медиҳанд, ки онҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, нисбат ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул мегарданд.

Таъкид гардид, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ таҳти ҳимояту ҷонибдориҳои Президенти ҷумҳурӣ забони миллӣ дар мақоми давлатӣ мақому маҳбубият касб намуд ва асноди меъёрии ҳуқуқие дар ин замина ба тасвиб расид, ки ҷойгоҳи забони миллатро мушаххасу муқаррар намуд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2009), «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои2012-2016», «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои2020-2030» ва амсоли инҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқие ҳастанд, ки дар робита бо забони давлатӣ дар шароити истиқлоли миллӣ бо ибтикороту пешниҳодоти Сарвари давлат қабул гардидаанд.

Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, зимни баромади худ қайд намуд, ки бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои моддию маънавии давлатдориамон рушду такомул ёфта, ба гиромидошти рукнҳои асосии давлатдорӣ ва арзишҳои маънавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

Дар фарози таърих забони тоҷикӣ новобаста аз ҳодисаҳои рӯзгор ҳамеша муаррифгари миллати тоҷик буд. Ҳарчанд баъд аз пош хӯрдани давлати Сомониён тоҷикон тӯли ҳазор сол бедавлат монда буданд, вале забони ноби тоҷикӣ дар ин ҳама сол нагузошт, ки номи тоҷик аз саҳифаҳои таърих несту нобуд гардад. Ҳатто дар солҳои ҳукмронии Ғазнавиёну Шайбониён ва Темуриён забони тоҷикӣ мақоми шоистаро касб намуда буд. Минбаъд, баъди арзи ҳастӣ намудани Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон фарзандони фарзонаи миллат забони адабии тоҷикро инкишоф доданд. Нависандагону шоирон ва олимони муосири тоҷик чун Мирзо Турсунзода, Абулқосим Лоҳутӣ, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулназар, Гулрухсор ва даҳҳои дигар бо осори мондагори хеш чароғи забони модариро фурӯзон нигоҳ доштанд.

Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, зимни маърӯзаи худ иброз дошт, ки забони нобу шевои тоҷикӣ мероси гузаштагону ниёгони бофарҳангу бомаърифат ва хирадманди мо мебошад, ки омӯхтану пос доштани он аз соҳибзабонон ҳисси баланди худшиносию худогоҳӣ ва меҳанпарастию ватандӯстиро тақозо мекунад. Ба ибораи дигар, ифтихор аз Ватан, ифтихор аз таъриху фарҳанг, ифтихор аз ҳувияти миллӣ ва гузаштагони сарбаланди хеш маҳз аз поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ оғоз мешавад.

 

single
single
single