Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АКАДЕМИК ФАРҲОД РАҲИМӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ
single-product

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АКАДЕМИК ФАРҲОД РАҲИМӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

2024-10-05 14:48:58

Устодон, шогирдон ва соҳибзабонони арҷманд.

Имсол мо - мардуми шарифи Тоҷикистон 15-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу субот ва тинҷиву оромӣ бо дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, ки натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ ва маҳсули сиёсати хирадмандона, дурандешона ва фарҳангпарваронаи Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, таҷлил менамоем.

Ин нукта, ки забони миллӣ яке аз муҳимтарин намодҳои ҳастии миллат ва бунёдитарин унсури миллатсоз маҳсуб мешавад, ҷойи шубҳа надорад. Аз ин рӯ, ҳар кадом давлати миллӣ ба сифати дастгоҳи ҳифзи манфиат ва арзишҳои миллӣ дар навбати аввал забонро мавриди пуштибонӣ ва ҳимояи ҳаматарафа қарор медиҳад.

Забони давлатию расмии давлати миллии тоҷикон – Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол забони тоҷикӣ аст ва мақоми ҳуқуқии забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ дар моддаи 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври равшану возеҳ таъйид шудааст. Дар робита ба ин муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакати мо забони тоҷикӣ дар ҳимояи давлат қарор дорад ва давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раҳбарии хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду таҳкими забони тоҷикӣ ва ҳамқадами замон гардидани он пайваста тадбирҳои судманд андешида, ин тадбирҳоро зина ба зина дар амал татбиқ менамоянд.

Мояи ифтихори ҳар яки мо аст, ки бори нахуст соли 1993 дар баландтарин минбари ҷаҳон - Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз ҷониби Пешвои миллати тоҷикон забони тоҷикӣ садо дод ва мардуми ҷаҳон бо ин забони латифу нафис ва гуворо паёми Сарвари моро шуниданд. Хушбахтона, то ба имрӯз аз ин минбар қариб ҳамасола ин забон садо медиҳад ва Роҳбари давлати тоҷикон аз ин минбари баланд ба мардуми сайёра паём мефиристанд, доир ба ҳалли мушкилоти умдаи инсоният ва роҳҳои ҳалли онҳо назари хешро баён месозанд, ташаббусҳоро барои наҷоти аҳли башар эълом медоранд ва доир ба пешгирӣ аз буҳронҳои маънавию ахлоқӣ, сиёсиву иқтисодӣ ва экологӣ пешниҳод медиҳанд, ки онҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, нисбат ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул мегарданд.

Ҳамватанони азиз!

Мусаллам аст, ки забон воситаи муҳимтарини ифодаи фикр ва робитаи байни инсонҳо буда, ҳамчун падидаи иҷтимоӣ аз бомдоди зуҳури башар муносибатҳои иҷтимоиро ба танзим даровардааст. Ба сухани равшантар, қудрат ва тавонмандии забон нишонаи иқтидори як миллат аст.

Саҳифаҳои таърихи миллӣ нишони он ҳастанд, ки забон ҳамчун унсури ҳувиятию сиёсӣ дар сохтмони андешаи миллӣ ва бунёди давлатдории бумӣ нақши калидӣ доштааст.

·         Дар марҳилаи кунунии таърихӣ, ки миллати тоҷик таҳти роҳнамоӣ ва ҳидояти Пешвои миллат барои эҳёи арзишҳои милливу таҳкими сохтори давлатдорӣ ва ваҳдату ягонагии мардуми ҷумҳурӣ ҳамвора саъю талош меварзад, гиромӣ доштани забони тоҷикӣ амри бисёр муҳим ва воқеӣ аст, зеро дар ҷумҳурии мо танҳо ҳамин забон метавонад барои ҳамоҳангиву иттиҳоди миллат ҳамчун омили таъсиргузор маҳз бо ҳамин ном, яъне забони тоҷикӣ хизмати бештаре кунад.

·         Маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ таҳти ҳимояту ҷонибдориҳои Президенти ҷумҳурӣ забони миллӣ дар мақоми давлатӣ мақому маҳбубият касб намуд ва асноди меъёрии ҳуқуқие дар ин замина ба тасвиб расид, ки ҷойгоҳи забони миллатро мушаххасу муқаррар намуд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2009), «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои2012-2016», «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои2020-2030» ва амсоли инҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқие ҳастанд, ки дар робита бо забони давлатӣ дар шароити истиқлоли миллӣ бо ибтикороту пешниҳодоти Сарвари давлат қабул гардидаанд.

Аз тарафи дигар, забони тоҷикӣ ба сифати рукни муҳими давлатдории миллӣ ваҳдату сарҷамъии миллати моро дар саросари ҷумҳурӣ таъмин месозад. Аз ин ҷост, ки забони давлатӣ аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ буда, дар таҳкиму суботи давлати миллӣ нақши асосӣ дорад.

Барҳақ, Пешвои миллат «забони миллатро ҳастии миллат ва бунёду пояи давлат» эълом карда, аз соҳибзабонон даъват ба амал меоваранд, ки барои ҳифзи асолату покизагӣ ва шириниву шевоии он ҳамеша талош варзида, ин унсури ҳувиятсозиро ҳамчун арзиши бебаҳои миллӣ посдориву нигаҳбонӣ намоянд ва барои рушду тақвияти минбаъдаи он аз ҳамаи имконоти мавҷуда босамар истифода баранд.

Дар такя ба ин таъкиди Сарвари давлат ҳамаи шумо соҳибзабонони арҷмандро ба муносибати таҷлили ин санаи фархунда шодбош гуфта, таманнои онро дорам, ки бигзор забони тоҷикӣ ҳамеша пойдор, устувор бошад.

Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - забони тоҷикӣ муборак бод!