Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ЗАБОН - ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
single-product

ЗАБОН - ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

2024-10-05 08:13:45

Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҳамчун давлати мустақил ва демократӣ ташаккул ёфта, дар он ҳама асосҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ахлоқии ҳувият ва ваҳдати миллӣ пойдор мебошанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлоли давлатӣ собитқадамона сиёсати таҳкими давлатдории миллиро пайваста пеш бурда истодаанд. Давлатдории миллӣ дар навбати худ дар асоси забон ва фарҳанги миллӣ, иқтисодиёти миллӣ ва сиёсати миллатмеҳвар, ҳувияти ташаккулёфтаи миллӣ амалӣ мегардад. Дар ин радиф забони миллӣ шоҳсутуни давлатдории миллӣ буда, дар пойдор ва таҳкими давлати миллӣ мақом ва нақши муҳим дорад.

Ҳамасола 5-уми октябр дар Ватани мо Рӯзи забони давлатиро таҷлил менамоянд, ки он яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини мо ба ҳисоб меравад. Забон таҳкурсие аст, ки бинои ахлоқ, фарҳанг ва ҷаҳонбинии миллат дар асоси он эъмор мегардад. Аз ин рӯ, забони тоҷикӣ ҷавҳари ҳувият ва тафаккури милли тоҷикон маҳсуб ёфта, танҳо тавассути забон мо метавонем хотираи таърихии мардумро ҳифз намоем ва ҳамбастагиии худро бо мероси ҳазорсолаи маънавии миллати худ эҳсос кунем.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳануз аз оғози соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба ҳифз ва гиромидошти забони тоҷикӣ афзалияти стратегӣ доданд ва қайд карда буданд, ки “забони мо бо Истиқлоли ватани мо пайванди ногусастанӣ дорад. Яъне, вақте ки ватани мо озод ва мустақил будааст, забони мо ҳам шукуфо ва истиқлол доштааст ва баръакс. Гузашта аз ин, аз ҳамон ибтидои пайдоиш забон яке аз авомил ва ангезаҳои асосии ҷунбишҳои истиқлолхоҳӣ ва ватанпарастӣ буд. Барои ниёгони мо мафҳуми Ватан ва забон ҳамеша ҳаммаъно будааст. Таърихи давлатдории ориёӣ нишон медиҳад, ки давлатҳои бостонии мо ҳамеша кўшиш ва ҷаҳду ҷадал мекарданд, ки барои устувор сохтани пояҳои давлатдорӣ ва ба вуҷуд овардану мустақкам намудани давлатдории миллӣ ва ваҳдату ягонагӣ аз унсури забонӣ истифода бурда, барои рушду тараққӣ ва густариши забони модарии хеш тадбирҳои мушаххас андешанд. Агар ба давраҳои дури таърихи забони худ назар кунем, мебинем, ки гузаштагони мо барои равнақу эътибор ва инкишофи забони худ чӣ фидокорӣ ва чӣ кўшишҳое ба харҷ доданд, то забони модарии хешро ба пояи забони расмии давлатӣ бароварданд”

Бо ибтикори Пешвои миллат, забони тоҷикӣ дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун забони расмии кишвар эътироф гардид ва давлат ба он сарпаноҳи сиёсӣ дод. Дар ин самт, роҳбарияти Тоҷикистон нахуст ҷанбаҳои ҳуқуқиро муҳайё сохта, забони тоҷикиро дар Конститутсияи кишвар забони давлатӣ эълон намуд ва барои дар амал татбиқ намудани он Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул карданд. Қабули санадҳои ҳуқуқӣ оид ба забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлоли давлатӣ ба густариши бесобиқаи забони тоҷикӣ замина фароҳам оварда, нақшу мақом ва манзалати онро ба ҳайси забони давлатии сарзамини соҳибистиқлоли Тоҷикистон мустаҳкам намуд, ки ин падида натиҷаи сиёсати бунёдкорона ва кӯшишҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Арҷгузорӣ ва муносибати Сарвари маҳбуби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба забони тоҷикӣ намунаи олии ватандорӣ маҳсуб ёфта, боиси пайравии ҳар як соҳибватан гаштааст. Роҳбари давлати тоҷикон бо муносибати эҳтиромонаи худ нисбат ба забони тоҷикӣ ба мо нишон медиҳанд, ки ҳифзу эҳтиром ва гиромӣ доштани забони давлатӣ рисолати ҳар фарди бонангу номус аст. Дар ҳақиқат, бузургтарин вазифаи ҳар тоҷики худшиносу ватанпарвар, ки бо фарҳангу забони худ арҷ мегузорад, поку мусаффо нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо ва ба наслҳои ояндаи миллати тоҷик ба мерос гузоштани ин сарвати миллӣ мебошад.

Субҳиддин Иззатов – директори Муассисаи хусусии таълимии “Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон” дар ноҳияи Ёвон