Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

single-product

ЗАБОН - ШАҲСУТУНИ МИЛЛАТ

2024-10-05 07:57:45

БОИСИ ИФТИХОР ВА САРФАРОЗИИ БУЗУРГ АСТ, КИ ДАР ҚАЛАМРАВИ КИШВАРИ АЗИЗАМОН ҲАМАСОЛА 5 - УМИ ОКТЯБР ҲАМЧУН РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД.

Забони тоҷикӣ давоми солҳо ягона ва муҳимтарин муаррифгари миллати тоҷик ва силоҳи муътамаде дар роҳи ҳифзи арзишҳои фарҳангии ин миллат ба шумор мерафт. Ҳеҷ як гардиши сиёсӣ ва ё низову ҷанг ва зулму истирдоди аҷнабиён натавонист, миллати моро аз забонаш дуру забонро аз миллати мо бигирад. Маҳз ифтихор аз ватандорӣ буд, ки забони тоҷикӣ то имрӯз бо ҳама шаҳомату бузургӣ ва фасоҳату балоғати имлоиву грамматикии худ боқӣ мондааст. Мо бояд дар пойдории забон ва беолоши нигоҳ доштани он тамоми саъю кӯшиши худро равона созем. Лоиқ Шералӣ, шоири зиндаёд хуб таъкид кардааст:

Заҳр бодо шири модар бар касе,

К-ӯ забони модарӣ гум кардааст.

Забони давлатӣ, ки рамзи муқаддасу ҷовидонаи ҳастии миллат, муҳимтарин нишонаи давлатдории миллии тоҷикон ва асоситарин омили Ваҳдату сарҷамъии ҳар яки мо – мардуми сарбаланди Тоҷикистон мебошад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд: “Забони мо дар зарфи таъриху тамаддуни беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик роҳи пуршебу фарозеро тай намуда, сарнавишти пурҳаводис ва ҷаҳони маънавии тоҷиконро бо тамоми обу ранг ва дурахшу ҷилои худ инъикос кардааст ва барои худшиносиву худогоҳии миллии халқи тоҷик нақши барҷаста бозидааст.Бо забони тоҷикӣ , ки аз ҷумлаи қадимтарин ва гуворотарину зеботарин забонҳои дунё ба ҳисоб меравад , таърихи бостонӣ ва фарҳангу тамаддуни камназири миллате иншо гардидааст, ки ба ҷаҳониён аз ҳикмати зиндагӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ сабақҳои мондагору омӯзанда додааст ва ин рисолати хешро то имрӯз идома дода истодааст.”

Забони тоҷикӣ дар тӯли асрҳои зиёд ба сифати омили ваҳдатсозу муттаҳидкунанда хизмат карда, имрӯз низ ба мардуми мобарои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва пешрафту ободии Ватани аҷдодӣ илҳому нерӯ мебахшад. Дар мушкилтарин давраҳои таърихӣ ва дар лаҳзаҳое, ки гузаштагони мо дар вартаи нобудӣ қарор доштанд, забон чун сипари миллат ба майдони набард баромада, мардумро ба иттиҳоду сарҷамъӣ ва ҳифзи марзу бум фаро хондааст.

Ҳар яки мо хуб дарк менамоем, ки забон нишондиҳандаи асосӣ ва гувоҳи ҳастии ҳар як миллат мебошад. Миллате, ки забони модариашро фаромӯш мекунад ё аз даст медиҳад, бо мурури замон дар майдони таърих азон нишоне боқӣ намемонад.Чунки ҳама шукӯҳу шаҳомат, урфу одат, расму ойин, суннату анъана, маърифату фарҳанг ва ахлоқу маънавиёти миллӣ дар забони зиндаи он инъикос ва таҷассум меёбад ва аз насл ба насл дода мешавад.

Воқеан, ҳамин забони ширину шевои тоҷикӣ дар тӯли ҳазорсолаҳо миллати моро бо неруи ҳаётбахши худ зинда нигоҳ доштааст, сарҷамъу муттаҳид кардааст ва ба даврони босаодати имрӯза расонидааст.

Шукри неъмати истиқлол, забони тоҷикӣ дар гаҳвораи худ боз аз сари нав, чун ҳазор сол пеш, забони расмӣ шуд ва мақоми пешина ва деринаи худро касб кард. Дар шароити соҳибистиқлолии Тоҷикистон забони тоҷикӣ, ки мақоми баланди забони давлатиро соҳиб шудаву ҳавзаҳои истифодааш густариш пайдо намудааст ва бар ҳайси забони сиёсат, иқтисод, илм, қонунгузорӣ, фарҳанг корбурд мешавад, ба нерумандии бештар ниёз дорад. Ва ин давра, беш аз ҳар даврони дигар, азму иродаи созанда ва дастгириву пуштибонии самимонаи ҳамаи соҳибзабононро тақозо мекунад, ки рушду такомули ин забони асилро бо назардошти талаботи замони нав марҳила ба марҳила таъмин намояд, ба тавоноиаш биафзоянд, онро аз ҳар гуна газандҳо ҳифзу ҳиросат намоянд ва аз вожаҳои бегона поку беолоиш нигоҳ доранд.

Эҳтиром гузоштан ба забони миллӣ омӯхтану аз бар кардани он аст. Инсон, вақте ба чизе дил мебандад, шефта мегардад, ки онро донад ва бо мафҳуму моҳияти он ошно бошад. Омӯхтан ва ба малакаи гуфтори ҳамешагӣ табдил додани забони адабии тоҷикӣ на фақат аҳамияти фарҳангӣ, балки аҳамияи сиёсӣ дорад.

Бинобар ин, мо вазифадорем, ки забони давлатиамонро ҳамчун ёдгори нодири аҷдоди тамаддунсози ориёии худ ва мисли гавҳари гаронбаҳотарини ҳаётамон ҳифзу эҳтиёт кунем ва онро ба наслҳои ояндаи миллати ориёинажоди тоҷик дар шакли боз ҳам суфтаву равон ва сайқалёфта ба мерос гузорем.

Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода - Директори Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, номзади илмҳои тиб