
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ ДАР ЛИТСЕЙИ КАСБИИ ХИЗМАТ ВА ТУРИЗМИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
2024-09-27 08:57:56
Дар Литсейи касбии хизмат ва туризми
шаҳриДушанбе ба муносибати таҷлили Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ бо иштироки намояндагони
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон, хонандагон кормандону омӯзгорони Литсей ҷамъомади тантанавӣ
баргузор гашт.
Нахуст,
меҳмонон аз ҳунари дастии хонандагони ихтисосҳои сайёҳииЛитсей аз наздик шинос
шуда, ба онҳо баҳои баланд доданд.
Шаҳром
Ҷалилов, директори Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе ҳозиринро ба
муносибати Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ табрик намуда, таъкид дошт, ки боиси хушнуди ва
сарфарозист, ки бо ташаббус ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –
Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии
Тоҷикистон аз соли 2007 инҷониб ба узвияти Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ пазируфта
шуда, дар доираи узвият дар ин ниҳоди махсусгардондашудаи СММ ҳамасола Рӯзи
ҷаҳонии сайёҳиро таҷлил менамояд. Ин ҷашн дар саросари дунё аз соли 1979 таҷлил
мешавад, ки ҳадафи он тарғибу ташвиқи сайёҳӣ, инъикоси бахши сайёҳӣ дар рушди
иқтисоди ҷаҳонӣ ва тақвияти робитаҳои дӯстиву ҳамкорӣ миёни кишварҳо ва
мардумони гуногуни олам мебошад. Зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои
зеботарин табиат, иқлими мусоид, кӯҳҳои сарбафалаккашида, дарёву чашмаҳои
мусаффо, обҳои минералию шифобахш, иқтидори бузурги сайёҳии экологӣ ва мардуми
меҳмоннавоз буда, бо дастгирӣ ва ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар як мудати кӯтоҳ ба яке аз кишварҳои аз лиҳози
сайёҳӣ рушдёфта мубаддал гардад.
Шарифзода
Раҳмоналӣ, намояндаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ зимни
суханрониаш хонандагону омӯзгоронро бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ таҳният
гуфта, иброз дошт, ки таърихи пурғановату мероси бойи фарҳангиву табиати нодир
ва мавзеъҳои биҳиштосои Тоҷикистон заминаи устувори рушд барои соҳаи сайёҳиро
ба вуҷуд оварда, соҳаи мазкур манбаи боэътимоди рушди иқтисодиёти миллӣ арзёбӣ
мешавад. Бо назардошти ин омилҳо ва бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоиву
иқтисодии минтақаҳои кишвар, бо шуғли пурмаҳсул таъмин кардани аҳолӣ ва баланд
бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва рушди бемайлони иқтисодиёт ин соҳа
ҳамеша зери таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Таъкид
гардид, ки Созмони байналмилалии сайёҳӣ ташаббусҳои Тоҷикистонро вобаста ба
дастгирӣ ва пешбинӣ намудани имтиёзҳо барои пешрафти соҳа муҳим ва саривақтӣ
арзёбӣ намуд. Тибқи ҳадафҳои стратегии умумии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,
давраи то соли 2030 мероси бойи таърихиву фарҳангии Тоҷикистон, табиати нодири
он бо кӯҳҳову ҳайвоноту рустаниҳои нодир омили муҳими рушди сайёҳӣ ва афзоши
ҳиссаи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ маҳсуб меёбад. Бо сиёсати созанда ва
бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат соҳаи сайёҳӣ пайваста рушд ёфта, Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар ин самти муҳими стратегӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шуда, дар
арсаи байналмилалӣ соҳиби обрӯю эътибори хосса гардид.
Таъкид шуд, ки
сайёҳӣ ҳамчун воситаи собитшудаи ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ соҳаи
таъсисдиҳандаи ҷойҳои нави корӣ, манбаи даромади аҳолӣ ва ғанигардонии буҷети
давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии давлат маҳсуб мешавад. Дар ҷаҳони муосир
сайёҳӣ мавқеи устувор касб намуда, ба шуғли дӯстдошта ва доимии мардумони
сайёра мубаддал гаштааст.
Дар охири
чорабинӣ хонандагон ва кормандону омӯзгорон барои саҳми арзанда дар татбиқ ва
пешрафти соҳаи сайёҳии мамлакат бо Ифтихорнома ва сипосномаҳои Кумита оид ба
таҳсилоти ибтидои ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва
Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе сарфароз гардиданд.


