Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
single-product

ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

2026-11-24 12:33:04

Ҳамдиёрони азиз!
Сокинони сарбаланди пойтахт!
Ҳамаи шуморо бо ҷашни муқаддасу пурифтихори миллӣ - Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.
Парчам дар таъриху фарҳанги давлатдории миллати тоҷик мақоми хос дошта, ҳамчун рамзи озодӣ, истиқлол, ваҳдати миллӣ, шуҷоат ва сарбаландии миллат ба шумор меравад. Ин муқаддасоти миллӣ таҷассумгари таърихи пурифтихор, фарҳанги ғанӣ ва ҳувияту асолати миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ Парчами давлатӣ ба яке аз рамзҳои асосии давлатдории миллӣ, сарҷамъиву ягонагии мардум ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон табдил ёфта, дар таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ нақши муҳим дорад.
Хушбахтона, имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минбарҳои бонуфузи байналмилалӣ, ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли миллати тамаддунофари тоҷик бо ифтихор парафшон аст.
Мо бояд эҳтирому арҷгузорӣ ба Парчами давлатиро ҳамчун нишонаи олии садоқат ба Ватан дар назди наслҳои имрӯзу оянда ҳамеша пос дошта, ин арзишро муқаддасу гиромӣ дорем.
Бори дигар ҳамаи ҳамдиёрон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати ин ҷашни пурифтихори миллӣ табрик гуфта, ба ҳар як оила бахту саодат, рӯзгори ободу осуда ва ба Тоҷикистони соҳибистиқлоламон фардои дурахшонро орзу менамоям.
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак ҳамватанони азиз!