ТАЪРИХИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН: АЗ РЕШАҲОИ ТАЪРИХӢ ТО РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
2026-11-20 10:51:37
Парчами давлатӣ яке аз муқаддастарин рамзҳои давлатдорӣ, нишонаи
соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ, ҳувияти таърихӣ ва ифтихори ҳар як миллат ба
шумор меравад. Он таҷассумгари таъриху фарҳанг, ормонҳои миллӣ ва роҳи
тайкардаи халқ дар масири ташаккули давлатдорӣ мебошад. Барои миллати тоҷик, ки
дорои таърихи чандинҳазорсола ва мероси ғании фарҳангиву тамаддунӣ аст, Парчами
давлатӣ на танҳо рамзи расмии давлат, балки пайванди маънавии наслҳои гузашта,
имрӯз ва оянда мебошад.
Таърихи парчамдорӣ дар сарзамини тоҷикон решаҳои амиқи таърихӣ дошта, ба
давраҳои бостонии ташаккули давлатдории ориёӣ мерасад. Дар сарчашмаҳои таърихӣ
аз дирафшу ливоҳо ҳамчун нишонаҳои ҳокимият, неруи ҳарбӣ, соҳибихтиёрӣ ва
сарҷамъии мардум ёдоварӣ шудааст. Яке аз намунаҳои маъруфи ин анъанаи таърихӣ
«Дирафши Ковиёнӣ» мебошад, ки дар ривоятҳои асотирӣ ва адабиёти классикии форсу
тоҷик ҷойгоҳи хос дорад. Мувофиқи ривояти «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, Коваи
оҳангар пешдомани чармини худро бар сари найза баста, онро ҳамчун рамзи
мубориза бар зидди зулму ситам баланд бардошт. Баъдан ин дирафш ба рамзи
адолатхоҳӣ, озодипарастӣ ва мубориза барои барқарории ҳақиқат табдил ёфт.
Дар давраҳои минбаъдаи таърихӣ парчамҳо дар давлатҳои қадимаи минтақа ҳамчун
нишонаи соҳибихтиёрӣ ва қудрати сиёсиву ҳарбӣ истифода мешуданд. Дар даврони
Сомониён, ки яке аз марҳилаҳои муҳими эҳёи давлатдорӣ, забон ва фарҳанги
тоҷикон ба ҳисоб меравад, анъанаҳои давлатдорӣ ва рамзҳои ҳокимият мақоми хос
пайдо карданд. Маҳз дар ҳамин давра забони тоҷикӣ ҳамчун забони илму адаб ва
давлатдорӣ густариш ёфта, заминаҳои худшиносии миллӣ боз ҳам устувортар
гардиданд.
Бо вуҷуди тағйироти зиёди сиёсиву таърихӣ, анъанаи истифодаи дирафшу ливо
ҳамчун рамзи ҳокимият ва ваҳдат дар тӯли асрҳо идома ёфт. Ин пайванди таърихӣ
гувоҳи он аст, ки эҳтиром ба рамзҳои давлатдорӣ дар фарҳанги сиёсиву маънавии
ниёгони мо ҷойгоҳи муҳим доштааст.
Марҳилаи нави ташаккули рамзҳои давлатии Тоҷикистон ба давраи соҳибистиқлолӣ
рост меояд. Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ зарурати қабули рамзҳои
миллии давлати соҳибихтиёр ба миён омад. Дар ин замина, 24 ноябри соли 1992 дар
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Ҷумҳурии
Тоҷикистон қабул гардид. Ин рӯйдоди таърихӣ дар шароити ниҳоят ҳассоси сиёсиву
иҷтимоии кишвар сурат гирифта, барои ташаккули рамзҳои давлатдории навини
тоҷикон аҳамияти бузург дошт.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки аз се рахи уфуқии
ранга иборат мебошад: рахи боло сурх, рахи миёна сафед ва рахи поён сабз буда,
дар қисми марказии он тоҷ ва ҳафт ситора ҷойгир шудаанд. Ҳар яке аз ин унсурҳо
дорои мазмуну маънои хос буда, дар маҷмӯъ симои давлатдории миллӣ ва ормонҳои
таърихии мардуми тоҷикро таҷассум менамоянд.
Ранги сурх рамзи муборизаю ҷоннисорӣ, шуҷоат, фидокорӣ ва ҳимояи озодиву
истиқлол мебошад. Он ҳамчунин аз саҳифаҳои пурифтихори таърихи халқ, аз
муборизаҳои озодихоҳона ва талошҳои пайвастаи мардум барои ҳифзи арзишҳои миллӣ
дарак медиҳад. Ранги сафед рамзи покӣ, сулҳу оромӣ, нияти нек, адолат ва бахту
саодат буда, ҳамзамон бо кӯҳҳои барфпӯши сарзамини Тоҷикистон ва пахтаи сафед
низ пайванд дорад. Ранги сабз бошад, таҷассумгари табиати зебо, сарсабзӣ, ҳаёт,
ободӣ, шукуфоӣ ва умед ба ояндаи дурахшон аст.
Тоҷ дар маркази парчам рамзи соҳибдавлатӣ, соҳибтамаддунӣ ва давлатдории миллии
тоҷикон мебошад. Он ифодагари соҳибихтиёрӣ ва мавҷудияти давлати мустақили
тоҷикон дар харитаи сиёсии ҷаҳон аст. Ҳафт ситора дар болои тоҷ бошад, рамзи
бахту иқбол, камолоту саодат ва ормонҳои неки мардум маҳсуб меёбанд. Рақами
ҳафт дар фарҳангу ҷаҳонбинии мардуми тоҷик аз қадимулайём мақоми хос дошта, бо
мафҳумҳои некӣ, мукаммалӣ ва саодат пайванди маънавӣ дорад.
Парчами давлатӣ дар баробари
Конститутсия, Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои асосии давлатдории
Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба он нишонаи эҳтиром ба
давлат, миллат, таърих ва арзишҳои муқаддаси миллӣ аст. Ҳар як шаҳрванди кишвар
вазифадор аст, ки ба рамзҳои давлатӣ бо эҳтиром муносибат намуда, дар ҳифзу
гиромидошти онҳо саҳми арзандаи худро гузорад.
Бо мақсади баланд бардоштани мақоми Парчами давлатӣ дар ҳаёти ҷомеа ва тақвияти
ҳисси ватандӯстиву худшиносии шаҳрвандон, 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Ҳамасола дар саросари кишвар ба ин
муносибат чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, ҳамоишҳои илмӣ, мулоқоту суҳбатҳои
маърифатӣ ва барномаҳои тарбиявӣ баргузор мегарданд. Ин тадбирҳо барои боз ҳам
баланд бардоштани эҳтироми шаҳрвандон ба муқаддасоти миллӣ ва тақвияти ҳисси
масъулиятшиносӣ дар назди Ватан мусоидат мекунанд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва густариши равандҳои мураккаби сиёсиву фарҳангӣ ҳифзи
арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба таърихи давлатдорӣ ва тарбияи насли наврасу ҷавон
дар рӯҳияи ватандӯстӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад. Ҷавонон бояд донанд, ки
ҳар як рамзи давлатӣ таъриху маънои хоси худро дорад ва эҳтиром ба он пеш аз
ҳама аз шинохти дурусти таърих ва қадршиносии истиқлол сарчашма мегирад.
Дар ин самт муассисаҳои таълимӣ низ масъулияти муҳим бар дӯш доранд. Аз ҷумла,
дар Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ ба
масъалаҳои тарбияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ
ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии донишҷӯён таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир
мегардад. Тавассути баргузории чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ, вохӯриҳо,
суҳбатҳои тарбиявӣ ва маҳфилҳои донишомӯзӣ муҳтавои таърихиву маънавии рамзҳои
давлатӣ ба ҷавонон фаҳмонида мешавад. Махсусан, дар арафаи Рӯзи Парчами давлатӣ
баргузор намудани чорабиниҳои идона, суҳбатҳо оид ба таърихи парчамдорӣ ва
шарҳи маънои рамзии рангҳои Парчами миллӣ дар баланд бардоштани ҳисси ифтихори
ватандории донишҷӯён нақши муассир дорад. Зеро донишҷӯёне, ки аз таърихи
миллат, арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти давлатӣ огоҳии амиқ доранд, метавонанд
дар оянда ҳамчун мутахассисони соҳибмаърифат, ватандӯст ва масъулиятшинос дар
рушди ҷомеа саҳми арзанда гузоранд.
Парчами давлатӣ имрӯз дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон, дар муассисаҳои
давлатӣ, таълимӣ, фарҳангӣ ва майдонҳои идона парафшон буда, аз мавҷудияти
давлати соҳибистиқлол ва азму иродаи устувори мардуми тоҷик барои ободиву
пешрафти Ватан шаҳодат медиҳад. Он дар чорабиниҳои байналмилалӣ низ ҳамчун
нишонаи шинохти Тоҷикистон муаррифӣ гардида, рамзи соҳибихтиёрии кишвар дар
арсаи ҷаҳонӣ мебошад.
Дар маҷмӯъ, таърихи Парчами давлатии Тоҷикистон инъикосгари роҳи тӯлонии
ташаккули давлатдорӣ, ҳифзи ҳувияти миллӣ ва расидан ба Истиқлоли давлатӣ
мебошад. Парчами миллӣ моро ба ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва
садоқат ба Ватан ҳидоят менамояд. Арҷгузорӣ ба ин рамзи муқаддас на танҳо
эҳтиром ба гузашта, балки масъулият дар назди имрӯзу ояндаи миллат аст. Бигзор
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша парафшон бошад ва ҳамчун рамзи
сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, истиқлолу озодӣ ва пешрафти давлат дар фазои
осоиштаи Ватани азизамон ҷилвагар гардад. Ҳифзи шаъну эътибори он, пос доштани
арзишҳои миллӣ ва саҳм гузоштан дар ободии кишвар вазифаи муқаддаси ҳар як
шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.
Нуринисо АКРАМОВА, мудири бахши фарҳанги Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ