Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ПАРЧАМ – РАМЗИ ИСТИҚЛОЛ, САРБАЛАНДӢ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ
single-product

ПАРЧАМ – РАМЗИ ИСТИҚЛОЛ, САРБАЛАНДӢ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

2026-11-20 10:37:04

Парчами давлатӣ аз муқаддасоти миллию давлатӣ ва рамзҳои асосии соҳибихтиёрии ҳар як давлат ба шумор меравад. Он таҷассумгари таъриху фарҳанг, арзишҳои миллӣ, ормонҳои мардум ва роҳи тайкардаи миллат дар масири ташаккули давлатдорӣ мебошад. Парчам дар баробари инъикоси ҳувияти миллӣ, ифодагари ваҳдату ягонагӣ, сарҷамъӣ ва эҳтироми шаҳрвандон ба давлату давлатдорӣ низ ҳаст. Барои миллати тоҷик Парчами давлатӣ рамзи соҳибистиқлолӣ, эҳёи давлатдории миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва пайванди наслҳо ба ҳисоб меравад.


Таърихи парчам дар тамаддуни башарӣ решаҳои амиқ дошта, аз замонҳои қадим ҳамчун нишонаи фарқкунандаи давлатҳо, лашкарҳо ва иттиҳодҳои гуногун истифода мешуд. Мардум дар давраҳои гуногуни таърих зери парчам гирд омада, барои ҳифзи сарзамин, арзишҳои миллӣ ва манфиатҳои умумӣ мубориза мебурданд. Дар таърихи давлатдории тоҷикон низ рамзҳои парчаммонанд ҷойгоҳи хос доштаанд. Парчамҳои давлатҳои қадимаи ориёӣ ва ниёгони тоҷикон аз мавҷудияти фарҳанги пешрафтаи давлатдорӣ, низоми идоракунӣ ва анъанаҳои рамзшиносии онҳо шаҳодат медиҳанд.


Яке аз намунаҳои барҷастаи таърихии ин анъана Дирафши Ковиёнӣ мебошад, ки дар сарчашмаҳои таърихӣ ҳамчун рамзи давлатдорӣ, мубориза барои адолат ва озодии мардум ёд мешавад. Ин дирафш дар ривоятҳои миллӣ бо номи Коваи оҳангар ва шӯриши ӯ бар зидди зулму ситам пайванд дорад. Баъдан он ба рамзи шукӯҳу иқтидори давлатдории қадимаи ориёӣ табдил ёфтааст. Ҳарчанд шаклу сохтори парчами имрӯза аз рамзҳои таърихӣ фарқ мекунад, пайванди маънавии он бо гузаштаи пурифтихори миллат дар худшиносии миллӣ аҳаммияти махсус дорад.


Бо ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати муайян намудани рамзҳои нави давлатдории миллӣ ба миён омад. Дар ин замина, 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Тоҷикистон қабул гардид. Ин рӯйдоди муҳим дар таърихи навини кишвар оғози марҳилаи тоза дар ташаккули рамзҳои давлатдории соҳибистиқлол ба ҳисоб меравад. Аз ҳамон рӯз Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохторҳои давлатӣ, муассисаҳо, майдонҳо ва чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ парафшон гардид.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се рахи уфуқии ранга иборат буда, рахи сурх дар боло, рахи сафед дар мобайн ва рахи сабз дар поён ҷойгир аст. Дар маркази рахи сафед тоҷ ва ҳафт ситораи тиллоӣ тасвир ёфтаанд. Ҳар як унсури парчам дорои маънои рамзӣ буда, дар маҷмуъ ормонҳои таърихию фарҳангӣ ва арзишҳои миллии мардуми тоҷикро таҷассум менамояд.


Ранги сурх рамзи муборизаю ҷоннисориҳои халқ барои озодӣ, истиқлолият ва ҳифзи марзу буми Ватан мебошад. Он ҳамчунин аз ҷасорат, матонат ва иродаи қавии миллат дарак медиҳад. Ранги сафед рамзи покӣ, сулҳу осоиштагӣ, нияти нек ва равшании зиндагӣ буда, ҳамзамон бо пахтакорӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ низ пайванд дорад. Ранги сабз бошад, нишонаи табиати зебо, сарсабзӣ, ҳаёт, шукуфоӣ ва пешрафт мебошад. Тоҷ ҳамчун рамзи соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрии миллати тоҷик маънидод шуда, ҳафт ситораи болои он рамзи бахту саодат, комёбӣ ва ҳафт иқлими маъруфи анъанаҳои фарҳангӣ мебошанд.


Парчами давлатӣ дар низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мақоми махсус дорад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» асосҳои ҳуқуқии мақом, тартиби истифода ва эҳтироми рамзҳои давлатиро муайян менамоянд. Мутобиқи ин санадҳо Парчами давлатӣ дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ аз рамзҳои муқаддаси давлатдорӣ маҳсуб мешавад. Эҳтиром ба он вазифаи шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат буда, ҳифзи шаъну эътибори рамзҳои давлатӣ ифодагари эҳтиром ба Ватан ва соҳибихтиёрии миллӣ мебошад.

 

Дар даврони соҳибистиқлолӣ Парчами давлатӣ ба яке аз рамзҳои муҳимми худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ табдил ёфтааст. Парафшонии он дар назди биноҳои мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои фарҳангӣ, майдонҳои варзишӣ ва намояндагиҳои дипломатии кишвар дар хориҷи мамлакат аз мақому манзалати Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дарак медиҳад. Ҳар боре ки парчами Тоҷикистон дар минбарҳои байналмилалӣ, чорабиниҳои сиёсӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ барафрохта мешавад, эҳсоси ифтихори миллӣ дар қалби шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, бештар мегардад.


Яке аз рӯйдодҳои муҳимми даврони истиқлол дар самти гиромидошти Парчами давлатӣ бунёди баландтарин пояи парчам дар шаҳри Душанбе мебошад. 30 августи соли 2011 дар маркази пойтахт Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165-метра барафрохта шуд. Ин иқдом баёнгари эҳтироми хосса ба муқаддасоти миллӣ ва талоши давлату ҷомеа барои муаррифии рамзҳои давлатдории тоҷикон дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Майдони Парчами давлатӣ имрӯз ба яке аз маконҳои муҳими таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии кишвар табдил ёфтааст.


Ҳамчунин, бо мақсади баланд бардоштани ҳисси эҳтирому арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 ноябри соли 2009 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид гардида, 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шуд. Аз он вақт инҷониб ҳамасола ин сана дар саросари кишвар бо баргузории чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, ҳамоишҳои илмию маърифатӣ, озмунҳо ва роҳпаймоиҳои идона таҷлил мегардад.


Моҳияти таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ фаротар аз баргузории чорабиниҳои тантанавӣ буда, пеш аз ҳама, ба таҳкими худшиносӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву масъулиятшиносӣ равона шудааст. Зеро эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ аз донистани таърихи онҳо, дарки мазмуну муҳтавои ҳар як унсур ва шинохти арзиши истиқлолият оғоз меёбад. Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки Парчами давлатӣ танҳо матои ранга нест, балки таҷассумгари таърихи муборизаҳои миллӣ, заҳмату талошҳои наслҳои гузашта ва ормонҳои мардуми соҳибтамаддуни тоҷик мебошад.


Дар ин раванд муассисаҳои таълимӣ ва оила нақши муҳим доранд. Маҳз дар муҳити оила ва муассисаҳои таълимӣ дар зеҳни кӯдакону наврасон нахустин тасаввурот дар бораи Ватан, давлат, истиқлолият ва муқаддасоти миллӣ ташаккул меёбад. Омӯзгорон бояд зимни дарсҳо ва чорабиниҳои тарбиявӣ ба омӯзиши таърихи рамзҳои давлатӣ, маънои рангҳо ва унсурҳои Парчам, инчунин аҳаммияти ҳуқуқию сиёсии он таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намоянд. Ташкили маҳфилҳои маърифатӣ, озмунҳои иншову мақола, намоишҳои эҷодӣ ва вохӯриҳо дар мавзуи рамзҳои миллӣ метавонад дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори шаҳрвандии ҷавонон саҳми назаррас гузорад.


Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва густариши равандҳои гуногуни сиёсиву фарҳангӣ ҳифзи ҳувияти миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ аҳаммияти бештар пайдо мекунад. Ҳар миллате, ки таърих, забон, фарҳанг ва рамзҳои давлатии худро эҳтиром мекунад, метавонад мавқеи худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳифз намуда, барои наслҳои оянда заминаи устувори худшиносиро фароҳам оварад. Аз ин рӯ, эҳтиром ба Парчами давлатӣ бояд ба як ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги шаҳрвандӣ ва рафтори ҳаррӯзаи ҷомеа табдил ёбад.


Парчами Тоҷикистон имрӯз дар баробари рамзи соҳибистиқлолӣ будан, таҷассумгари ормонҳои созанда, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва талошҳои мардуми кишвар барои зиндагии шоиста мебошад. Он моро ба ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими ягонагии миллӣ, саҳмгузорӣ дар рушди Ватан ва масъулиятшиносӣ дар назди наслҳои оянда ҳидоят менамояд.


Бинобар ин, арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ бояд аз эҳсоси самимии ватандӯстӣ, шинохти таърихи миллат ва дарки масъулияти шаҳрвандӣ сарчашма гирад. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст, ки бо эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, фаъолияти созанда ва саҳми арзандаи худ дар ободии кишвар барои баланд бардоштани мақому манзалати Ватани азизамон талош намояд.

 

Зеро Парчами давлатӣ танҳо рамзи давлат нест, балки нишонаи ҳастии миллат, ифтихори соҳибистиқлолӣ ва паймони наслҳо барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон мебошад. То замоне ки ин парчам дар фазои Ватан парафшон аст, ормони давлатдории миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва эҳсоси масъулият дар назди сарзамини аҷдодӣ низ пойдор хоҳад монд.
 
Хушбахт ҲАКИМЗОДА, сардори шуъбаи муҳосиботи Кумита