Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ИСТИҚБОЛИ ПРЕЗИДЕНТИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН
single-product

ИСТИҚБОЛИ ПРЕЗИДЕНТИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

2026-11-20 10:25:41

20 ноябр Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадр – Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путинро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Дар доираи сафари корӣ сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин нақша доранд, як қатор масоили ҳамкории мавриди таваҷҷуҳи муштаракро баррасӣ намоянд.