Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ - РАМЗИ НАНГУ НОМУС, ИФТИХОРИ МИЛЛӢ ВА СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН
single-product

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ - РАМЗИ НАНГУ НОМУС, ИФТИХОРИ МИЛЛӢ ВА СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН

2026-11-12 15:54:21

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи муқаддаси давлатдорӣ, соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ ва сарбаландии миллати тоҷик дар қалби ҳар як фарди ватандӯст ҷойгоҳи хосса дорад. Он таҷассумгари таъриху фарҳанги куҳанбунёд, орзуву ормонҳои миллӣ, нангу номус ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Парчами давлатӣ на танҳо рамзи расмии давлат, балки пайвандгари наслҳо, таҷассумгари ҳувияти миллӣ ва нишонаи садоқати ҳар як шаҳрванди кишвар ба Ватан маҳсуб меёбад. Рангҳои он ҳар кадом маънои амиқи таърихию рамзӣ дошта, моро ба дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими сулҳу субот ва ободонии Тоҷикистони азиз ҳидоят менамоянд.

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат нақшаи чорабиниҳои махсус таҳия ва тасдиқ гардида, татбиқи он бо фарогирии омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён роҳандозӣ шудааст.

Тибқи нақшаи мазкур, дар муассиса як қатор чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, маърифатӣ ва варзишӣ баргузор гардида истодаанд. Аз ҷумла, озмуни «Иншои беҳтарин» дар мавзӯи Парчами давлатӣ, қироати беҳтарин шеърҳо дар васфи Парчами миллӣ, ки ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтироми муқаддасоти давлатӣ равона гардидаанд.

Ҳамзамон, бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва таҳкими дӯстиву рафоқат миёни ҷавонон мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ аз қабили футбол, волейбол, шоҳмот ва тенниси рӯи миз байни донишҷӯён ва омӯзгорон баргузор шуда истодаанд.

Дар баробари ин, аз ҷониби кафедраҳои муассиса мизҳои мудаввар, семинарҳои илмӣ ва конфронсҳои илмӣ-маърифатӣ дар мавзуи таърихи пайдоиш, мақому манзалат ва аҳаммияти Парчами давлатӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ ташкил ва гузаронида мешаванд.

Яке аз иқдомҳои муҳими ҷашнӣ баргузории озмуни «Беҳтарин рӯзномаи деворӣ» бахшида ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни факултетҳо ва шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ (ШТИК) мебошад. Инчунин, гузашти паради осоишта бо иштироки донишҷӯён ба нақша гирифта шудааст, ки рамзи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати ҷомеа хоҳад буд.

Бо ташаббус ва дастгирии роҳбари муассиса, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Зоирзода Исломбек Сангмаҳмад, бинои муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат бо парчамҳои давлатӣ ва баннерҳои тарғиботию ҷашнӣ оро дода шудааст. Ин иқдом ба муҳити муассиса ҳусни тоза бахшида, фазои идона ва эҳсоси баланди ифтихори миллиро дар қалби омӯзгорону донишҷӯён тақвият мебахшад.

Қобили зикр аст, ки рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ зери назорати доимии шуъбаи тарбия қарор дошта, ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилию маърифатӣ баргузор намудани тамоми чорабиниҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Мо, омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф, вазифадорем, ки дар замири насли ҷавон эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандиро тарбия намоем. Зеро эҳтиром ба Парчами давлатӣ эҳтиром ба Ватан, миллат, таърих ва давлатдории соҳибистиқлоли тоҷикон мебошад.

Бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша парафшон, фазои Ватани азизамон ободу осуда, сулҳу субот пойдор ва ваҳдати миллӣ ҷовидон бошад!

Парчами мо - ифтихори мо,
Парчами мо - ҳастии мо,
Парчами мо - рамзи ваҳдату ягонагии миллати тоҷик!

Шарипов Файзиддин, муовини директори оид ба корҳои тарбиявии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат