ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ҲАДЯИ ХУДОВАНД БАРОИ МИЛЛАТИ ТОҶИК
2026-11-12 09:41:38
«Мо дар Узбекистон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун ходими намоёни давлатӣ ва роҳбари таҷрибадоре, ки худро саропо ба хизмати халқу мамлакаташ бахшидааст, мешиносем. Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои тоҷикон дар бунёди давлатдорӣ ва сохти иҷтимоӣ ба дастовардҳои калон ноил гардид. Сатҳ ва сифати зиндагии мардум ба таври назаррас боло рафта, нуфузи давлат дар арсаи байналмилалӣ пайваста таҳким меёбад».
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев
Дар саҳифаҳои таърихи инсоният миллатҳое ҳастанд, ки дар марҳилаҳои ҳассосу тақдирсоз ба шарофати фарзандони барӯманди худ аз вартаи нобудӣ раҳо ёфта, ба сӯи рушду тараққиёт қадам гузоштаанд. Таърихи миллати тоҷик низ аз чунин шахсиятҳои бузург саршор аст. Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсияте зуҳур намуд, ки тавонист миллатро аз гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ наҷот бахшида, пояҳои давлатдории миллиро устувор намояд. Ин шахсияти барҷаста Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Ҳар миллат дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ ба роҳбаре ниёз дорад, ки бо хирад, иродаи қавӣ, масъулияти баланд ва муҳаббати самимӣ ба Ватан сарнавишти онро тағйир диҳад. Вақте Тоҷикистон дар солҳои аввали истиқлолият ба гирдоби низоъҳои сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуда буд, аксарият ба ояндаи давлат бовар надоштанд. Маҳз дар ҳамин шароити мураккаб Пешвои миллат бо азму иродаи матин ба майдони сиёсат ворид гардида, рисолати бузурги таърихии худро барои наҷоти миллат оғоз намуданд.Аз ин рӯ, метавон бо ифтихор гуфт, ки Пешвои миллат барои мардуми тоҷик ҳадяи Худованд мебошанд, зеро хизматҳои беназири эшон дар роҳи ҳифзи истиқлолият, барқарории сулҳу ваҳдат, эҳёи давлатдории миллӣ ва рушди Тоҷикистон арзиши таърихӣ доранд.
Соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлоли давлатии худро ба даст овард. Ин рӯйдод орзуи ҳазорсолаи миллати тоҷикро амалӣ гардонд. Аммо соҳибистиқлол гардидани кишвар бо мушкилоти зиёде ҳамроҳ буд. Низоми иқтисодӣ суст гардид, сохторҳои давлатӣ таҷрибаи кофӣ надоштанд ва гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ барои ба даст овардани қудрат мубориза мебурданд. Натиҷаи чунин вазъ оғози ҷанги шаҳрвандӣ гардид, ки ба кишвар талафоти бузурги ҷонӣ ва молӣ расонд. Ҳазорон нафар ҷони худро аз даст доданд, садҳо ҳазор нафар муҳоҷир ва гуреза шуданд, иқтисодиёт фалаҷ гардид ва хатари аз байн рафтани давлатдории тоҷикон ба миён омад. Дар чунин шароити ҳассос миллат ба роҳбаре эҳтиёҷ дошт, ки тавонад мардумро муттаҳид намуда, давлатро аз нобудшавӣ наҷот диҳад. Ин масъулияти бузургро Эмомалӣ Раҳмон ба дӯш гирифтанд.
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, дар таърихи давлатдории навини тоҷикон аҳамияти сарнавиштсоз дорад. Дар ҳамин иҷлосия Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардиданд. Дар нахустин суханрониҳои худ роҳбари ҷавон таъкид намуданд, ки тамоми фаъолияти худро барои барқарор намудани сулҳ ва оромӣ равона хоҳанд кард. Суханони машҳури «Ман ба шумо сулҳ меорам» ба рамзи умеди мардум табдил ёфтанд. Маҳз аз ҳамин лаҳза марҳилаи нави таърихи Тоҷикистон оғоз гардид. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари давлат масъулияти тақдири миллатро ба зимма гирифта, барои наҷоти кишвар муборизаи шабонарӯзӣ оғоз намуданд.
Барқарории сулҳ яке аз бузургтарин хизматҳои таърихии Пешвои миллат мебошад. Барои расидан ба сулҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хатарҳои зиёд рӯ ба рӯ шуданд. Он кас ба минтақаҳои ноором сафар карда, бо намояндагони гурӯҳҳои мухталиф мулоқот менамуданд ва барои муттаҳид сохтани мардум кӯшиш мекарданд. Гуфтушунидҳои сулҳ солҳои зиёд идома ёфтанд. Дар ин раванд Пешвои миллат аз худ матонат, сабру таҳаммул ва хирадмандии сиёсӣ нишон доданд. Ниҳоят 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин рӯйдод на танҳо ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид, балки заминаи рушди минбаъдаи давлатро низ фароҳам овард. Имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун намунаи муваффақи ҳалли низоъ дар ҷаҳон омӯхта мешавад.
Пас аз барқарории сулҳ вазифаи муҳими дигар таҳкими ваҳдати миллӣ буд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хуб дарк мекарданд, ки бе ваҳдат пешрафти ҷомеа ғайриимкон аст. Аз ҳамин сабаб сиёсати муттаҳидсозии мардум яке аз самтҳои асосии фаъолияти давлат гардид. Дар натиҷаи ин сиёсат ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тақвият ёфт. Мардуми кишвар сарфи назар аз мансубияти миллӣ, динӣ ва минтақавӣ дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ мекунанд. Имрӯз ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди муқаддаси даврони истиқлолият эътироф гардидааст ва дар ин дастовард саҳми Пешвои миллат бениҳоят бузург мебошад.
Яке аз хизматҳои таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳёи арзишҳои давлатдории миллӣ мебошад. Бо ташаббуси эшон омӯзиши таърихи халқи тоҷик густариш ёфт ва осори ниёгон ба мардум муаррифӣ гардид. Ба арзишҳои миллӣ, забони давлатӣ, фарҳанги миллӣ ва мероси таърихӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд. Ҷашнҳои таърихии миллат, аз ҷумла 1100-солагии давлати Сомониён, бузургдошти шахсиятҳои маъруфи таърихӣ ва эҳёи анъанаҳои миллӣ барои таҳкими худшиносии миллӣ нақши муҳим бозиданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки миллате, ки таърихи худро намедонад, ояндаи дурахшон дошта наметавонад.
Баъди ба даст овардани сулҳ масъалаи муҳимтарин эҳёи иқтисодиёти кишвар буд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои ҷанг зарари бузурги иқтисодӣ дида буд. Корхонаҳо фаъолият намекарданд, сатҳи зиндагии мардум паст гардида буд ва бекорӣ афзоиш ёфта буд.Таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаҳои рушди иқтисодӣ таҳия гардида, ислоҳоти муҳим амалӣ шуданд. Дар натиҷа иқтисодиёти миллӣ тадриҷан рушд ёфт ва шароити зиндагии мардум беҳтар гардид. Дар даврони истиқлолият садҳо корхонаҳои нави саноатӣ сохта шуда, истеҳсолоти ватанӣ рушд кард. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи саноатикунонии босуръатро пеш гирифтааст ва ин яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ба ҳисоб меравад.
Яке аз дастовардҳои муҳими даврони роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони роҳҳо, нақбҳо ва пулҳои замонавӣ мебошад.Дар гузашта баъзе минтақаҳои кишвар аз ҳамдигар ҷудо буданд ва рафтуомад байни онҳо мушкил буд. Имрӯз ба шарофати сохтмони роҳҳои байналмилалӣ ва нақбҳои муҳташам Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо гардид. Роҳҳои Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Кӯлоб, Душанбе-Қулма ва дигар шоҳроҳҳо барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар аҳамияти бузург доранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлолияти энергетикиро яке аз ҳадафҳои асосии давлат муайян намуданд. Дар натиҷа даҳҳо неругоҳҳои барқи обӣ сохта ва таҷдид гардиданд. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои дорои имкониятҳои бузурги гидроэнергетикӣ табдил ёфтааст. Татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ барои рушди иқтисодиёт ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд.
Таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ яке аз соҳаи афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон мебошад.Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки рушди давлат аз сатҳи маърифати мардум вобаста аст. Дар даврони истиқлолият ҳазорҳо муассисаҳои таълимӣ сохта ва азнавсозӣ шуданд. Даҳо Коллеҷҳо ва литсейҳои нав таъсис ёфтанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» қабул гардида, шароити таълим беҳтар шуд. Барои ҷавонони соҳибистеъдод Стипендияи президентӣ таъсис дода шуда, ҳазорон нафар имкони таҳсил дар муассисаҳои бонуфузи дохил ва хориҷи кишварро пайдо карданд.
Ҷавонон ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа ҳамеша мавриди дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Бо ташаббуси Президенти кишвар барномаҳои гуногуни давлатӣ барои ҷавонон қабул гардидаанд. Сохтмони варзишгоҳҳо, марказҳои ҷавонон, рушди илм ва технологияҳои муосир барои ташаккули насли босавод ва ватандӯст мусоидат менамояд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ояндаи давлат ва миллат дониста, онҳоро ба омӯзиши илм, забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосир ҳидоят менамоянд.
Дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи баланд бардоштани мақоми занон ҷойгоҳи махсус дорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки занон неруи бузурги ҷомеа мебошанд. Имрӯз ҳазорон занон дар мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, соҳаи тандурустӣ ва дигар самтҳо фаъолият мекунанд. Барномаҳои махсус барои дастгирии занони соҳибкор низ амалӣ мегарданд.
Бо шарофати сиёсати хориҷии мутавозин ва хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи шоиста касб намудааст. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар масъалаҳои об, иқлим ва ҳифзи пиряхҳо шинохта шудааст. Пешниҳодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созмони Милали Муттаҳид аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтаанд. Ин ташаббусҳо обрӯ ва нуфузи Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ баланд бардоштанд.
Фарҳанг оинаи миллат мебошад. Бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ тадбирҳои муҳим амалӣ шуданд. Осори бузургони миллат нашр гардида, театрҳо, китобхонаҳо ва марказҳои фарҳангӣ рушд карданд. Ҷашнҳои миллӣ бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегарданд. Ин тадбирҳо барои таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ мусоидат менамоянд.
Хулоса, имрӯз бо итминони комил метавон гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллати тоҷик шахсияти нодир ва ҳадяи Худованд мебошанд. Дар замоне, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хатари аз байн рафтани давлатдорӣ рӯ ба рӯ буд, маҳз бо талошҳои шабонарӯзӣ, ҷасорат, хирадмандӣ ва муҳаббати беандоза ба Ватан тавонистанд давлатро аз вартаи нобудӣ наҷот бахшанд. Сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, эҳёи давлатдорӣ, рушди иқтисодиёт, пешрафти маориф, таҳкими нуфузи байналмилалӣ ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум ҳама самараи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат мебошанд. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд дастовардҳои истиқлолият ва ваҳдати миллиро ҳамчун неъмати бузург ҳифз намуда, дар роҳи ободии Ватан ва пешрафти ҷомеа саҳми арзандаи худро гузорад.
Тоҳир ОДИЛОВ, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ, муовини директор оид ба илм ва робитаҳои хориҷии Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ