ҶИЛДИ СЕЮМИ КИТОБИ «АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ»-И АКАДЕМИК ФАРҲОД РАҲИМӢ БА НАШР РАСИД
2026-11-11 11:17:30
Дар арафаи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид.
Китоби мазкур идомаи силсилаи маҷмӯаи мақолаҳо буда, дар он маводи гуногуни таҳлиливу илмӣ ва публитсистӣ гирд оварда шудаанд, ки ба инъикоси фаъолияти давлатдорӣ, ташаббусҳои созанда, хизматҳои таърихӣ ва нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдории миллӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа бахшида шудаанд.
Маҷмӯа бо се забон - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таълиф гардида, ин иқдом имкон медиҳад, ки муҳтавои китоб барои доираи васеи хонандагони хориҷӣ дастрас гардида, маълумот оид ба таърихи давлатдории муосири Тоҷикистон, дастовардҳо ва ташаббусҳои роҳбарияти давлат дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ карда шавад.
Дар маҷмӯа масъалаҳои гуногуни таърихи давлатдории муосири Тоҷикистон, раванди таҳкими истиқлолияти давлатӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, пешрафти илму маориф, фарҳанг ва муаррифии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтаанд.
Меҳвари асосии муҳтавои китоб инъикоси хизматҳои таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаҳои гуногуни ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ мебошад. Муаллиф бо истифода аз нигоҳи таҳлилӣ ва фарогир кӯшиш намудааст, ки рӯйдодҳои муҳими таърихи навини кишвар, иқдомҳои давлатсозӣ ва равандҳои муҳими сиёсиву иҷтимоии даврони соҳибистиқлолиро бозгӯ намояд. Дар ин замина, ба масъалаҳои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, бунёдкориву созандагӣ, рушди инфрасохтори кишвар, татбиқи барномаҳои муҳими миллӣ ва баланд бардоштани мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардидааст.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таҳаввулоти босуръати ҷомеаи муосир омӯзиши таърихи навини кишвар, шинохти равандҳои давлатсозӣ ва ҳифзи хотираи таърихӣ аҳаммияти хосса пайдо мекунад. Аз ин ҷиҳат, ин маҷмӯаи дорои хусусияти илмӣ-таҳлилӣ ва публитсистӣ метавонанд ҳамчун маводи иловагӣ барои муҳаққиқон, омӯзгорон, донишҷӯён, зиёиён ва тамоми алоқамандони таърихи давлатдории тоҷикон мавриди истифода қарор гиранд.
Ҳамзамон, ин асар барои насли ҷавон имконият фароҳам меорад, ки бо рӯйдодҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ, марҳилаҳои ташаккули давлатдории миллӣ ва равандҳои рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар аз назари муаллиф шинос шаванд.
Дар маҷмуъ, ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз» идомаи силсилаи асарҳои академик Фарҳод Раҳимӣ буда, бо фарогирии мавзуъҳои таърихӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангӣ ба инъикоси саҳифаҳои муҳими таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бахшида шудааст. Нашри ин маҷмӯа дар остонаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бозгӯи таваҷҷуҳ ба омӯзишу таҳлили таърихи навини давлатдорӣ ва муаррифии он ба доираи васеи хонандагон мебошад.