ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ ЛИТСЕИ ДУРАХШАНДАГОНИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
2026-11-10 10:56:50
10 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бинои муассисаи давлатии таълимии литсеи Дурахшандагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.
Муассисаи давлатии литсеи Дурахшандагон дар шаҳри Душанбе,
дорои 28 синфхона, маҷлисгоҳ бо 160 курсӣ, китобхона, ошхона бо 170 ҷойи
нишаст, хобгоҳ, ҳуҷраи шоҳмот, ду толори варзишӣ барои мусобиқаҳои волейболу
футболи хурд ва тамрини муҳорибаҳои тан ба тан мебошад.
Гуфта шуд, ки дар муассисаи нави таълимӣ барои таҳсили 640
хонанда шароит фароҳам оварда шудааст. Дар синфхонаҳои фанҳои дақиқ, лингафонӣ
ва зеҳни сунъӣ хонандагон метавонанд донишҳои муосирро аз бар намоянд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки соли 2026 бори нахуст
дар литсей наврасон аз синфи 8 ба таҳсил фаро гирифта шуд ва минбаъд қабули
довталабон тариқи озмун ва супоридани имтиҳонҳои хаттӣ сурат мегирад.
Бинои хобгоҳи литсей дорои 69 ҳуҷра буда, барои 400 нафар
пешбинӣ шудааст. Дар он тибқи талабот барои зисти наврасон шароит фароҳам
гардидааст.
Дар саҳни бино майдончаи сафороӣ ва лавҳаи хотиравӣ бунёд
гардида, нимпайкараи намояндагони илму адаби тоҷик гузошта шудааст. Ҳамчунин, 3
майдончаи варзишӣ барои обутоби бадан ва баргузории мусобиқаҳои футболи хурду
волейбол бунёд гардидааст, ки ба тарбияи ҷисмонии наврасон мусоидат мекунад.
Зикр гардид, ки бунёди иншооти нав ва фароҳам овардани
шароити зурурии барои таҳсил натиҷаи таваҷҷуҳу дастгириҳои Роҳбари давлат ба
ҷавонон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буда, ба омода намудани кадрҳои
баландихтисос ва аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта мусоидат мекунад.
Зимни шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид
намуданд, ки милитсия ҳомии назму тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимоякунандаи ҳуқуқу
озодиҳои шаҳрвандон ва таъминкунандаи волояти қонун ба шумор меравад. Аз ин
лиҳоз, наврасон аз хурдӣ дар ин муассисаи барҳавои таълимӣ бояд бо донишу
ҷаҳонбинии мукаммал, садоқат ба пешаи пуршарафи хизматчии низомӣ ва донистани
забонҳои хориҷӣ ба камол расанд.
Ҳамчунин, Пешвои миллат масъулини Вазорати корҳои дохилӣ ва
омӯзгоронро барои истифодаи самараноки имкониятҳои муҳайёшуда, бо усулҳои
муосири педагогию низомӣ ба роҳ мондани раванди таълим ва дар рӯҳияи
ватандӯстию худшиносии миллӣ ба камол расонидани хизматчиёни ояндаи низомии
кишвар вазифадор намуданд.