
ЗАБОН - ҲАСТИИ МИЛЛАТ
2024-09-26 20:42:31
Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳамасола 5 -
уми октябр дар Ватани азизамон Рӯзи забони давлатӣ аз ҷониби давлату Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як шукӯҳу азамати беандоза ва бо ифтихору сарбаландӣ
ҷашн гирифта мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои
миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як
маърузаву суханрониҳои худ аз забони давлатӣ, аз забони шевои тоҷикӣ бо як
меҳру муҳаббати беандоза ёд мекунанд ва онро бо ифтихор яке аз забонҳои бостон
медонанд. Пешвои муаззами миллат чунин баён дошта буданд: “Забони давлатӣ
бешубҳа яке аз арзишҳои бузурги миллӣ ва пояҳои давлатдории миллӣ, гузашта аз
ин, нишонаи возеҳи истиқлолияти сиёсӣ ва таҷассумгари таърихи пуршебу фарози
халқи тоҷик маҳсуб мешавад”.
Мояи ифтихори мост, ки бо ин забон дар
тӯли таърих ҳазорон бузургмардону нобиғаҳо, олимону донишмандон ва шоирону
нависандагоне чун Рӯдакиву Фирдавсӣ, Аттору Саноӣ, Анварию Ҳоқонӣ, Ҷалолиддини
Балхиву Ҷомӣ сухан гуфта, осори безаволу мондагорро ба наслҳои оянда ба мерос
гузоштаанд.
Маҳз хотири ин Сарвари давлат дар
таълифоти илмиву таҳқиқотиашон муҳимтарин масъалаи миллат ва забонро мавриди
баррасӣ қарор дода, китоби “Забони миллат – ҳастии миллат”-ро рӯи чоп оварданд.
Аҳаммиятнокии масъалаҳои мавриди назарро
ба инобат гирифта, 5 октябри соли 2009, №553 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар
бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба тасвиб расониданд.
Дар асоси талаботи Қонуни мазкур забони
давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ муқаррар гардида, ҳар як шаҳрванди
Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, ки забони давлатиро донад. Илова ба ин,
забони давлатӣ бояд дар ҳама соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва
фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабӣистифода
шавад.
Ҳамзамон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ,
мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, новобаста
аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, вазифадоранд, ки барои омӯхтани забони давлатӣ ва
такмили забондонии кормандон шароити мусоид фароҳам оранд.
Бо назардошти ин гуфтаҳо зарур аст,
тамоми муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии
Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Нақшаи чорабиниҳои
худро таҳия намуда, дар он семинар, конференсия ва дигар чорабиниҳоро бо
олимони забоншинос, шоирон ва омӯзгорони варзида, намояндагони Кумитаи забон ва
истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарбияи насли наврас
дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, аз ҷумла арҷгузорӣ ба забони модарӣ ба
нақша гиранд.
Ҳамзамон, таъсис додани курсҳои омӯзиши
забони давлатӣ барои аққалиятҳои миллӣ дар муассисаҳои таълимӣ ба мақсад
мувофиқ буда, риояи ҳатмии қоидаҳои имлои забони давлатӣ ҳангоми коргузорӣ,
номгузории муассисаҳо, таҳияи муҳр, бланкаҳои расмӣ, шиору лавҳаҳо, нашри
маҷаллаҳо ва рекламаҳо назорат карда шавад.
Илова ба ин, бо мақсади баланд
бардоштани сатҳи азхудкунии забони давлатӣ, эҳтиром ба забони давлатӣ ва риояи
қоидаҳои имлои забони давлатӣ зарур аст, ки дар ҳамаи вазорату идораҳо,
мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатии вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо ва муассисаҳои
таълимӣ дар арафаи ҷашни “Рӯзи забон” озмуни корҳои хаттӣ (диктант, нақли хаттӣ
ва иншои озод) баргузор карда, он ҳамчун анъанаи нек ҳар сол гузаронида шавад.
Шарифзода Раҳмоналӣ, корманди Кумита оид
ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбииназди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон