Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ИФТИТОҲИ БИНОИ ТАРАБХОНАИ ФОРЕЛ ПЛАТИНУМ ВА МУАРРИФИИ ЛОИҲАҲО ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД
single-product

ИФТИТОҲИ БИНОИ ТАРАБХОНАИ ФОРЕЛ ПЛАТИНУМ ВА МУАРРИФИИ ЛОИҲАҲО ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД

2026-11-03 13:29:32

3 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз руйи лавҳаи рамзӣ бинои тарабхонаи Форел Платинум дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷандро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти хуштарҳи замонавӣ дар соҳили Сирдарё бо иқдоми ҶДММ Гулмоҳии Хуҷанд ва соҳибкори ватандӯст Муҳсин Шодиев бунёд гардидааст.

Ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки тарабхона ва базмгоҳ бо истифода аз масолеҳи хушсифати сохтмонӣ ва сангҳои мармар бунёд гардида, барои баргузории чорабиниҳои фарҳангию миллӣ, тӯйи домодию арӯсӣ, қабули меҳмонону сайёҳон ва хизматрасонии сатҳи баланд пешбинӣ гардидааст.

Дар тарабхонаи Форел Платинум мутахассисон ва пазандаҳои моҳир, асосан гулмоҳӣ, хӯришҳо ва дигар навъҳои хӯроки милливу аврупоиро ба таври дудпаз, бирёнӣ ва обпаз ба меҳмонону сайёҳон пешниҳод менамоянд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар баробари ошпазҳои корозмуда ва моҳири маҳаллӣ, ошпазҳои соҳибкасб аз дигар кишварҳо низ ба кор ҷалб гардидаанд.

Дар тарабхонаи Форел Платинум дастгоҳу таҷҳизоти системаи ягонаи гармидиҳӣ, сарднамоӣ ва ҳавокашии Чиллер аз хориҷи кишвар ворид карда шудааст.

Дар тарабхона, ҳамчунин, нонвойхона фаъолият менамояд, ки дар он маҳсулоти гуногуни нонӣ бо таъму лаззати хос пешниҳоди мизоҷон мегарданд.

Гуфта шуд, ки Форел Платинум сеюмин тарабхонаест, ки бо иқдоми созандаи соҳибкор Муҳсин Шодиев таъсис дода шудааст. Яке аз он тарабхонаҳо дар пойтахти ҷумҳурӣ, соҳили дарёи Душанбе ва 2-тои дигар дар соҳили Сирдарё қомат афрохта, хизматрасонии сатҳи баландро ба роҳ мондаанд.

Барои истироҳати меҳмонону сайёҳон дар соҳили дарёи Сир қаиқҳо низ фаъоланд, ки бо майлу хоҳиши сайёҳон қаиқронҳо метавонанд барои сайругашти обӣ ба онҳо хизмат намоянд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби сокини шаҳри Хуҷанд устои гаҷкор Мирзораҳим Қодирӣ қаиқи наву замонавӣ дар муддати 1 сол сохта шуд, ки барои хизматрасонӣ ба меҳмонону сайёҳон дар соҳили дарёи Сир омода аст. Сарвари давлат ба иқдоми созандаи Мирзораҳим Қодирӣ баҳои баланд дода, ба ӯ ва масъулони дахлдор дастуру тавсия доданд, ки дар оянда истеҳсоли навъҳои гуногуни қаиқҳоро ба роҳ монанд, то аз чунин маҳсулоти ватании сифати баланд дар ҳамаи рӯдҳои калон ва обанборҳои кишвар истифода шавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми созандаи соҳибкоронро дар ободонии Ватан намунавӣ арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки дар баробари ҷалби ошпазҳои соҳибкасби хориҷӣ, ба масъалаи тайёр кардани ошпазҳои моҳири сатҳи байналмилалӣ аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ низ диққати ҷиддӣ диҳанд ва хизматрасониву ҷалби сайёҳонро дар сатҳи баланд ба роҳ монанд.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани тарабхона ва базмгоҳи Форел Платинум 80 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардиданд.

Дар ҳамин ҷо, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи сохтмони пули мошингузар аз хиёбони Рифъат Ҳоҷиев то гардиши кӯчаи Раҳмон Набиев марҳилаи 1, таҷдиди пули мавҷуда ва сохтмони пули нав аз болои Сирдарё дар хиёбони Исмоили Сомонӣ марҳилаи 2, мустаҳкамкунии соҳил ва таҷдиди роҳи мошингузари кӯчаи Раҳмон Набиев дар соҳили чапи Сирдарё марҳилаи 3, таҷдиди хиёбони Истиқлол марҳилаи 4 муаррифӣ карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дарозии пули мошингузар аз хиёбони Рифъат Ҳоҷиев то гардиши кӯчаи Раҳмон Набиев, тибқи лоиҳа, 200 метрро ташкил дода, паҳноии умумии он бо 4 хатти ҳаракат барои воситаҳои нақлиёт ва бо назардошти пиёдароҳҳо 25,55 метрро ташкил медиҳад.

Дар пули мошингузар 7 сутунпояи оҳану бетонӣ ва 84 болори мустаҳкам насб карда мешавад.

Дар марҳилаи 2 таҷдиди ду пули мавҷуда ва сохтмони пули нав аз болои дарёи Сир бо дарозии 275 метр бо 8 сутунпояи оҳану бетонӣ ва 140 болор бунёд хоҳад шуд.

Дарозии умумии роҳи мошингузари кӯчаи Раҳмон Набиев дар соҳили чапи Сирдарё 3,8 километр бо ду хатти ҳаракат аз ҳарду самт ва дарозии роҳи таҷдидшавандаи хиёбони Истиқлол 3,2 километр бо се хатти ҳаракат аз ҳар ду самтро ташкил медиҳад. Дар доираи лоиҳа насби қубурҳои обпарто, сохтмони деворҳои муҳофизатӣ ва бунёди низоми равшанидиҳии роҳ пешбинӣ гардидааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур доданд, ки зимни корҳои сохтмонии пул ва роҳҳои мошингузар, ба сифати маҳсулот ва кор таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд, зеро иншооти нақлиётиву коммуникатсионӣ барои рушди инфрасохтори шаҳр, рафту омади бемамониати сокинону меҳмонон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот нақши муҳим дорад.

Ҳамчунин ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои дар оянда татбиқшаванда дар вилояти Суғд ба монанди сохтмони Маркази тамаддуни ориёӣ ва Китобхонаи вилоятӣ, Чойхонаи миллӣ дар соҳили дарёи Сир, меҳмонхонаи Ҳилтон, маҷмааи меҳмонхонаи Истиқлол ва навсозии меҳмонхонаи Хуҷанд дар шаҳри Бустон муаррифӣ карда шуд.