Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > КОНСТИТУТСИЯ - КАФИЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ, ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
single-product

КОНСТИТУТСИЯ - КАФИЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ, ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

2026-11-03 11:35:17

Ҳамасола 6 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Конститутсия таҷлил карда мешавад Ин сана барои мардуми кишвар рамзи эҳтиром ба Қонуни асосӣ, арҷгузорӣ ба истиқлолияти давлатӣ ва қадршиносии дастовардҳои давлатдории миллӣ мебошад. Таҷлили Рӯзи Конститутсия имконият фароҳам меорад, ки аҳамияти таърихию ҳуқуқии ин санади муқаддас боз ҳам амиқтар дарк гардида, таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ бештар карда шавад.

Конститутсия дар тӯли даврони истиқлолият ҳамчун заминаи ҳуқуқии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташаккули муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон хизмат намуда, дар баробари дигар омилҳои муҳими давлатдорӣ ба рушди Тоҷикистон мусоидат кардааст.

Конститутсия ҳамчун Қонуни асосии давлат дар низоми ҳуқуқии ҳар як кишвар мақоми махсус ва муайянкунанда дошта, асосҳои сохтори давлатдорӣ, низоми ҳокимияти давлатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, вазифаҳои мақомоти давлатӣ ва самтҳои асосии рушди ҷомеаро муқаррар менамояд. Маҳз тавассути Конститутсия принсипҳои бунёдии давлатдорӣ муайян гардида, муносибатҳои муҳимтарини ҷамъиятӣ ва давлатӣ ба танзим дароварда мешаванд. Аз ин рӯ, Конститутсияро метавон шиносномаи давлат ва миллат, кафили волоияти қонун ва заминаи устувори таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон арзёбӣ намуд.

Дар таҷрибаи давлатдории ҷаҳон тарзу усулҳои гуногуни қабул ва тағйир додани Конститутсия мавҷуданд. Дар баъзе давлатҳо он аз ҷониби маҷлиси муассисон ё маҷлиси конститутсионӣ қабул мегардад, дар кишварҳои дигар бошад, тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ба тасвиб мерасад. Ҳамчунин, дар таърихи давлатдорӣ ҳолатҳои ҷорӣ намудани санадҳои конститутсионӣ аз ҷониби роҳбарони давлатҳо низ ба назар мерасанд. Аз рӯйи шакл Конститутсияҳо метавонанд хаттӣ ва ғайрикодификатсияшуда бошанд. Масалан, дар Британияи Кабир Конститутсия дар шакли як санади ягона вуҷуд надошта, асосҳои сохтори конститутсионии он аз маҷмӯи қонунҳо, қарорҳои судӣ, анъанаҳои конститутсионӣ ва дигар сарчашмаҳо ташаккул ёфтаанд. Ин гуногунрангӣ нишон медиҳад, ки ҳар як давлат вобаста ба шароити таърихӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии худ низоми конститутсионии муайянро ташаккул медиҳад.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ ба истиқлолияти давлатӣ расид, қабули Конститутсияи нав аҳамияти ниҳоят бузурги таърихӣ ва ҳуқуқӣ дошт. Ин санади тақдирсоз заминаҳои ҳуқуқии давлатдории соҳибистиқлолро муқаррар намуда, роҳи рушди минбаъдаи кишварро муайян кард.

Дар шароити мураккаби сиёсиву иҷтимоии солҳои аввали истиқлолият зарурати таҳияи санади асосие ба миён омада буд, ки низоми давлатдорӣ, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва самтҳои рушди ҷомеаро муайян намояд. Аз ин рӯ, қабули Конститутсия на танҳо як рӯйдоди ҳуқуқӣ, балки марҳилаи муҳими ташаккули давлатдории муосири тоҷикон ба ҳисоб меравад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, муайян намудани мақоми ҳуқуқии кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва ташаккули низоми нави идоракунии давлатӣ нақши муҳим гузошт. Он Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ муаррифӣ намуд.

Мувофиқи моддаи 1-и Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Ин хусусиятҳо моҳияти давлатдории муосири тоҷиконро ифода намуда, самтҳои асосии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва рушди ҷомеаро муайян мекунанд.

Соҳибихтиёрӣ мустақилияти давлатро дар пешбурди сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ифода мекунад. Демократӣ будани давлат ба иштироки шаҳрвандон дар идоракунии корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ҳуқуқи интихоб кардану интихоб шудан ва озодии изҳори ирода асос меёбад. Ҳуқуқбунёдӣ маънои онро дорад, ки фаъолияти мақомоти давлатӣ ва шаҳрвандон бояд дар асоси Конститутсия ва қонунҳо сурат гирад. Давлати дунявӣ будан бошад, хусусияти ғайридинии сохтори давлатиро муайян менамояд. Ягонагии давлат тамомияти арзӣ ва мавҷудияти низоми ягонаи ҳокимияти давлатиро ифода мекунад. Хусусияти иҷтимоии давлат низ ба фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда, дастгирии гурӯҳҳои ниёзманди аҳолӣ ва рушди соҳаҳои иҷтимоӣ равона гардидааст.

Дар муқаддимаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иродаи халқ барои бунёди давлати соҳибистиқлол, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, эътирофи баробарҳуқуқии миллату халқиятҳо ва ташаккули ҷомеаи адолатпарвар ифода ёфтааст. Дар он, аз ҷумла, чунин омадааст, ки «Мо, халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем».

Мазмуни ин суханон масъулияти таърихии халқи тоҷикро дар назди наслҳои гузашта, имрӯз ва оянда таҷассум намуда, аҳамияти ҳифзи истиқлолият, таҳкими ваҳдати миллӣ ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсонро таъкид мекунад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири амалкунанда аз 10 боб ва 100 модда иборат мебошад. Ба он тавассути раъйпурсии умумихалқӣ солҳои 1999, 2003 ва 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд. Ин тағйиру иловаҳо бо мақсади такмили низоми ҳуқуқӣ, мутобиқ намудани меъёрҳои конститутсионӣ ба равандҳои рушди ҷомеа ва таҳкими асосҳои давлатдорӣ амалӣ гардидаанд.

Яке аз хусусиятҳои муҳими Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки он ҳамчун санади дорои эътибори олии ҳуқуқӣ тамоми низоми қонунгузории кишварро фаро гирифта, барои таҳия ва қабули қонунҳо заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад. Меъёрҳои он барои фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон аҳамияти муайянкунанда доранд.
Таърихи ташаккул ва рушди Конститутсияи Тоҷикистон бо раванди пайдоиш ва инкишофи давлатдории миллии тоҷикон робитаи зич дорад. То қабули Конститутсияи даврони истиқлол Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ якчанд марҳилаи муҳими рушди конститутсиониро аз сар гузаронидааст.
Марҳилаи якум. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон.

Баъди таъсис ёфтани Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Ӯзбекистон зарурати муайян намудани асосҳои ҳуқуқии сохтори он ба миён омад. Дар ин замина, Конститутсияи аввалини ҷумҳурӣ 28 апрели соли 1929 аз ҷониби Анҷумани дуюми Шууроҳои Тоҷикистон қабул карда шуд. Ин санад барои танзими сохтори мақомоти давлатӣ ва муайян намудани асосҳои ҳуқуқии фаъолияти ҷумҳурӣ аҳамияти муҳим дошт.
Марҳилаи дуюм. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар соли 1931.

Соли 1929 Тоҷикистон аз мақоми ҷумҳурии мухтор ба ҷумҳурии иттифоқӣ табдил ёфт. Ин дигаргунии муҳим зарурати аз ҷиҳати ҳуқуқӣ муайян намудани мақоми нави ҷумҳурӣ ва ташкили низоми идоракунии онро ба миён овард. 25 феврали соли 1931 Конститутсияи Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон қабул гардид. Он асосҳои сохтори давлатӣ ва фаъолияти мақомоти ҷумҳуриро дар шароити низоми шӯравӣ муайян мекард.

Марҳилаи сеюм. Қабули Конститутсияи соли 1937.

Бо қабули Конститутсияи Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1936 зарурати мутобиқ намудани санадҳои конститутсионии ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ба миён омад. 1 марти соли 1937 Конститутсияи нави Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон қабул гардид. Ин санад ба тағйироти сохтори сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии давраи худ асос ёфта, тартиби ташкили ҳокимияти давлатӣ ва ҳуқуқу вазифаҳои шаҳрвандонро муайян менамуд

Марҳилаи чорум. Қабули Конститутсияи соли 1978.

Бо гузашти вақт ва тағйир ёфтани муносибатҳои ҷамъиятӣ зарурати таҳияи санади нави конститутсионӣ ба миён омад. 14 апрели соли 1978 Конститутсияи нави Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон қабул карда шуд. Он аз 10 фасл, 19 боб ва 174 модда иборат буда, сохтори давлатӣ, асосҳои низоми сиёсиву иқтисодӣ ва вазъи ҳуқуқии шаҳрвандонро дар шароити давлати шӯравӣ танзим мекард.

Марҳилаи панҷум. Гузариш ба давлатдории соҳибистиқлол ва қабули Конститутсияи соли 1994.

Дар охири солҳои 80-ум ва ибтидои солҳои 90-уми асри XX дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Иттиҳоди Шуравӣ тағйироти ҷиддӣ ба амал омаданд. Равандҳои истиқлолхоҳӣ ва зарурати муайян намудани мақоми ҳуқуқии ҷумҳуриҳо барои ташаккули низоми нави давлатдорӣ замина гузоштанд.

Омӯзиши ин марҳилаҳои таърихӣ имкон медиҳад, ки аҳамияти Конститутсияи амалкунанда ҳамчун натиҷаи таҳаввулоти тулонии давлатдории тоҷикон ва заминаи ҳуқуқии рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол дуруст дарк карда шавад Яке аз самтҳои асосӣ ва муҳимтарини Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Маҳз инсон, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии ӯ дар низоми ҳуқуқии муосир арзиши олӣ ба ҳисоб мераванд.

Конститутсия ҳуқуқи шаҳрвандонро ба ҳаёт, озодӣ, дахлнопазирии шахс, ҳифзи судӣ, таҳсил, меҳнат, истироҳат ва дигар ҳуқуқҳои эътирофшудаи конститутсионӣ муқаррар менамояд. Ҳамзамон, он баробарии шаҳрвандонро дар назди қонун ва суд кафолат дода, табъизро аз рӯйи миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқод, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва дигар ҳолатҳо манъ мекунад. Эътироф ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон яке аз нишондиҳандаҳои муҳими рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёд мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванд бояд на танҳо аз ҳуқуқҳои худ огоҳ бошад, балки онҳоро эҳтиром намуда, ҳуқуқу озодиҳои дигаронро низ риоя кунад.

Конститутсия дар баробари ҳуқуқҳо вазифаҳои шаҳрвандонро низ муайян менамояд. Риояи Конститутсия ва қонунҳо, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои дигарон, ҳифзи Ватан, пардохти андозҳо тибқи қонун ва ҳифзи табиат аз ҷумлаи вазифаҳои конститутсионии шаҳрвандон мебошанд.
Ҳамзамон, Конститутсия ба рушди забони давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳтироми таърих ва фарҳанги халқи тоҷик заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад.Таҷрибаи таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу субот арзишҳое мебошанд, ки ҳифз ва таҳкими онҳо масъулияти тамоми ҷомеаро тақозо мекунад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккули асосҳои ҳуқуқии ҷомеаи осоишта, таъмини ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ заминаи устувор гузошт.

Ваҳдати миллӣ яке аз омилҳои асосии суботи сиёсӣ, рушди иқтисодӣ ва пешрафти иҷтимоии кишвар мебошад. Конститутсия бо муқаррар намудани принсипҳои баробарҳуқуқӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва фаъолияти мақомоти давлатӣ дар асоси қонун барои таҳкими муносибатҳои созанда дар ҷомеа шароит фароҳам меорад.

Ҳифзи сулҳ ва субот, эҳтироми қонун, таҳаммулпазирӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки дар таҳкими ваҳдати миллӣ нақши муҳим доранд. Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дарк намояд, ки пешрафти давлат аз риояи қонун, эҳтироми арзишҳои умумимиллӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ вобаста мебошад.

Дар ин замина, Конститутсия на танҳо санади ҳуқуқӣ, балки омили муҳими муттаҳидсозандаи ҷомеа низ ба шумор меравад. Он шаҳрвандонро дар атрофи арзишҳои умумӣ, аз ҷумла истиқлолият, соҳибихтиёрӣ, сулҳ, адолат ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон муттаҳид менамояд.

Маориф ва илм дар рушди устувори давлат, ташаккули ҷаҳонбинии шаҳрвандон ва баланд бардоштани иқтидори зеҳнии ҷомеа нақши муҳим доранд.Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди ин соҳаҳо заминаи ҳуқуқӣ фароҳам оварда, ҳуқуқи шаҳрвандонро ба таҳсил эътироф менамояд.

Мутобиқи моддаи 41-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад.Давлат таҳсилоти умумии асосии ҳатмии ройгонро кафолат медиҳад ва масъалаҳои ташкили низоми маориф тибқи қонунгузорӣ ба танзим дароварда мешаванд. Ин меъёри конститутсионӣ барои рушди низоми маориф, фароҳам овардани имкониятҳои таҳсил барои шаҳрвандон ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа аҳамияти муҳим дорад. Дар шароити рушди босуръати илму техника, технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ зарурати баланд бардоштани сифати таълим, такмили донишу малакаҳои касбӣ ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир боз ҳам меафзояд.

Муассисаҳои таълимӣ дар татбиқи меъёрҳои конститутсионӣ ва тарбияи шаҳрвандони огоҳу масъул мавқеи муҳим доранд. Дар раванди таълиму тарбия ба донишҷӯён фаҳмонидани мазмуну моҳияти Конститутсия, ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандӣ, эҳтироми қонун ва арзишҳои миллӣ бояд яке аз самтҳои асосии фаъолияти омӯзгорон бошад. Омӯзиши Конститутсия дар муассисаҳои таълимӣ ба ташаккули фарҳанги ҳуқуқии ҷавонон мусоидат намуда, онҳоро ба риояи қонун, эҳтироми ҳуқуқи дигарон, масъулиятшиносӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ ҳидоят мекунад.
Ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндаи давлат бояд аз таърихи давлатдории миллӣ, арзишҳои истиқлолият ва меъёрҳои асосии Конститутсия огоҳ бошанд.Танҳо дар сурати баланд будани сатҳи дониш, маърифат, худшиносӣ ва фарҳанги ҳуқуқӣ метавон ҷомеаи пешрафта ва ҳуқуқбунёдро ташаккул дод.Аз ин рӯ, таҷлили Рӯзи Конститутсия бояд на танҳо ба баргузории чорабиниҳои идона маҳдуд гардад, балки ҳамчун фурсати муҳим барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, истифода шавад.

Яке аз принсипҳои асосии давлатдории ҳуқуқбунёд волоияти қонун мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади дорои эътибори олии ҳуқуқӣ муайян менамояд, ки фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон бояд ба талаботи қонунгузорӣ мутобиқат дошта бошад.

Волоияти қонун маънои онро дорад, ки ҳеҷ кас берун аз доираи талаботи қонун амал карда наметавонад.Риояи меъёрҳои конститутсионӣ барои таъмини адолат, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва таҳкими эътимоди ҷомеа ба низоми ҳуқуқӣ аҳамияти калон дорад.

Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб мераванд.Фаъолияти онҳо бояд дар доираи ваколатҳои муқаррарнамудаи қонун ва бо эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон амалӣ гардад.

Масъулияти шаҳрвандӣ низ ҷузъи муҳими фарҳанги ҳуқуқӣ мебошад. Ҳар як шахс бояд ҳуқуқҳои худро донад, уҳдадориҳои қонунии худро иҷро намояд ва дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ саҳм гузорад. Эҳтироми қонун, муносибати масъулона ба вазифаҳои шаҳрвандӣ ва ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор барои таъмини амнияту суботи ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меоранд. Дар баробари ин, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ бояд раванди пайваста бошад.Оила, муассисаҳои таълимӣ, мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ дар ин самт масъулияти муштарак доранд. Ҳар қадар шаҳрвандон аз ҳуқуқу уҳдадориҳои худ бештар огоҳ бошанд, ҳамон қадар имконияти пешгирии қонуншиканӣ ва таҳкими ҷомеаи ҳуқуқбунёд зиёд мегардад.

Тибқи меъёрҳои конститутсионӣ, шаклҳои гуногуни моликият эътироф гардида, фаъолияти иқтисодӣ дар доираи қонун ба роҳ монда мешавад. Ин меъёрҳо барои фароҳам овардани муҳити ҳуқуқии мусоид, рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ аҳамияти муҳим доранд. Ҳамзамон, хусусияти иҷтимоии давлат масъулияти онро дар самти рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои зиндагии шаҳрвандон таъкид мекунад.

Рушди иқтисоди миллӣ, бунёди корхонаҳо, роҳҳо, муассисаҳои таълимӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ бояд дар асоси қонунгузорӣ ва бо назардошти манфиатҳои ҷомеа амалӣ карда шавад. Ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва таъмини шароити мусоид барои наслҳои оянда низ аз масъалаҳои муҳимми рушди устувор мебошанд.

Аз ин лиҳоз, Конститутсия ҳамчун санади бунёдии давлат барои татбиқи сиёсати иқтисодию иҷтимоӣ, таҳкими муносибатҳои ҳуқуқӣ ва пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа заминаи муҳим ба ҳисоб меравад. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян намудани мақоми ҳуқуқии кишвар дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ низ аҳамияти калон дошт. Он асосҳои сиёсати хориҷии давлат, принсипҳои ҳамкории байналмилалӣ ва муносибати Тоҷикистонро ба меъёрҳои эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ муайян менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол бо риояи принсипҳои эҳтироми истиқлолият, тамомияти арзӣ, баробарҳуқуқии давлатҳо ва ҳалли осоиштаи баҳсҳо муносибатҳои байналмилалии худро ба роҳ мемонад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳамкории давлатҳо дар самтҳои иқтисод, маориф, илм, фарҳанг, амният ва ҳифзи муҳити зист аҳамияти рӯзафзун пайдо мекунад. Конститутсия барои рушди чунин ҳамкориҳо ва муайян намудани асосҳои ҳуқуқии фаъолияти байналмилалии Тоҷикистон замина фароҳам меорад.
Эътирофи соҳибихтиёрии Тоҷикистон ва ташаккули низоми мустақили ҳуқуқӣ ба муаррифии кишвар ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат намуд. Имрӯз ҳифзи манфиатҳои миллӣ, густариши муносибатҳои дӯстона бо давлатҳои дигар ва иштироки фаъолона дар ҳалли масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии кишвар ба шумор мераванд.
Хулоса, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади олии ҳуқуқие мебошад, ки асосҳои давлатдории соҳибистиқлол, сохтори ҳокимияти давлатӣ, ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин самтҳои асосии рушди ҷомеаро муайян мекунад. Қабули он 6 ноябри соли 1994 дар таърихи навини тоҷикон марҳилаи муҳим ба ҳисоб рафта, барои ташаккули низоми мустақили ҳуқуқӣ ва таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ заминаи устувор гузошт.

Соли 2026 аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 сол пур мешавад. Ин санаи таърихӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар имкониятест, ки ба арзишҳои истиқлолият, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва волоияти қонун арҷ гузорад. Ҳифзи Конститутсия ва эҳтироми меъёрҳои он вазифаи муштараки давлат ва ҷомеа мебошад. Танҳо дар сурати риояи қонун, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва иштироки фаъолонаи шаҳрвандон метавон барои наслҳои оянда ҷомеаи пешрафта, босубот ва ҳуқуқбунёдро ба мерос гузошт.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар сулҳу оромӣ, саодатмандӣ, рӯзгори обод ва комёбиҳои нав орзу менамоем.

Бигзор Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Қонуни асосии давлат, кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва рамзи давлатдории миллӣ минбаъд низ барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, рушди устувори кишвар ва баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ хизмат намояд.

Тоҳир ОДИЛОВ, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ, муовини директор оид ба илм ва робитаҳои хориҷии Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ