БА ИСТИФОДА ДОДАНИ БИНОИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБИИ ХУСУСИИ ҒУНЧАИ БАҲОР ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИСТОН
2026-11-02 11:31:04
2 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Ғунчаи Баҳор дар ноҳияи Шаҳристонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Муассиса аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Акрам Холмуродзода сохта шуда, барои 150 кӯдак пешбинӣ шудааст. Он бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои таълиму тарбия, рушди зеҳнию ҷисмонӣ ва фароғати кӯдакон бунёд гардида, бо таҷҳизоти зарурӣ ва имкониятҳои муосир таъмин мебошад.
Дар муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Ғунчаи Баҳор кӯдакон дар 5 гурӯҳ ба тарбия фаро гирифта шудаанд. Мувофиқи лоиҳа толори мусиқӣ, ҳуҷраҳои хоб, ошхонаи барҳавою муҷаҳҳаз, ҳуҷраҳои маъмурӣ, майдончаҳои бозӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон бо завқи баланди зебоипарастӣ сохта шудаанд.
Барои рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон дар муассиса гурӯҳҳо ва маҳфилҳои гуногуни инкишофдиҳанда, аз ҷумла китобхонӣ, санъат, бозиҳои нақшофарӣ, табиатшиносӣ ва дигар машғулиятҳои шавқовар ташкил карда шудаанд. Дар раванди таълиму тарбия ба рушди нутқ, тафаккур, қобилияти зеҳнӣ ва ҷаҳонбинии тарбиятгирандагон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.
Бинои муассиса бо истифода аз унсурҳои меъмории миллӣ ва муосир бунёд гардида, намои зебо ва муҳити дилнишин дорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз муассиса ба сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити фароҳамомада баҳои баланд дода, ташаббуси соҳибкоронро дар самти бунёди чунин иншооти замонавии соҳаи маориф шоистаи таҳсин арзёбӣ намуданд.
Таъкид карда шуд, ки ба истифода додани муассисаи нави томактабӣ дар ноҳияи Шаҳристон қадами муҳим дар самти рушди соҳаи маориф, фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи кӯдакон ва омодасозии насли оянда ба шумор меравад.