Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > МАРОСИМИ ГУЛЧАНБАРГУЗОРИИ МУШТАРАКИ РОҲБАРОНИ ПАРЛАМЕНТҲОИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР МАЙДОНИ ДӮСТӢ
single-product

МАРОСИМИ ГУЛЧАНБАРГУЗОРИИ МУШТАРАКИ РОҲБАРОНИ ПАРЛАМЕНТҲОИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР МАЙДОНИ ДӮСТӢ

2026-10-29 12:20:28

29 октябр дар ҳошияи Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар майдони Дӯстии пойтахт маросими гулгузории роҳбарони парламентҳо ва ҳайатҳои парламентӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид.

Меҳмонони олиқадр бо ҳамроҳии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар фазои тантанавӣ зери пояи муҷассамаи асосгузори нахустин давлати тоҷикон - шоҳ Исмоили Сомонӣ гулу гулчанбар гузошта, ба арзишҳои волои миллию таърихии миллати куҳанбунёди тоҷик эҳтиром ба ҷо оварданд.