Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > БОЗДИДИ МУШТАРАКИ РОҲБАРОНИ ПАРЛАМЕНТҲОИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ АЗ БИНОИ ТЕАТРИ МИЛЛӢ
single-product

БОЗДИДИ МУШТАРАКИ РОҲБАРОНИ ПАРЛАМЕНТҲОИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ АЗ БИНОИ ТЕАТРИ МИЛЛӢ

2026-10-29 12:18:52

28 октябр ҷиҳати иштирок дар кори чорумин Форуми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ роҳбарони парламентҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон ва ҳайати парламентии Ҷумҳурии Қирғизистон ба шаҳри Душанбе омаданд.

Нимаи дуюми рӯз ҳайати меҳмонон бо ҳамроҳии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Театри миллии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Зимни боздид аз ин иншооти муосири фарҳангӣ меҳмонони олиқадр аз даромадгоҳ ва толорҳои муҳташами асосӣ, консертӣ ва конференсияҳои театр шинос шуда, аз тамошои нақшу нигор, ҷузъиёти ороиши миллӣ, шаклу тарҳи толорҳо, ороиши дохилию берунӣ ва унсурҳои бадеӣ, ки бо назардошти фарҳанги миллӣ ва талаботи меъмории муосир дар сатҳи баланд иҷро шудаанд, таассуроти нек бардоштанд.