ДАР НУҲ МОҲ МАШҒУЛИЯТҲОИ КӮТОҲМУДДАТИ КАСБОМӮЗИРО 6597 НАФАР ХАТМ НАМУДАНД
2026-10-27 10:03:17
ДУШАНБЕ, 27.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли равон машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзии назди муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро 6 ҳазору 597 нафар хатм намуданд. Аз ин шумора 2476 нафар ба муассисаҳои таълимии вилояти Суғд, 1132 нафар ба вилояти Хатлон, 68 нафар ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 1826 нафар ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 1095 нафар ба шаҳри Душанбе рост меояд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва
миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар заминаи
Литсейи касбии техникии ноҳияи Шуғнон, Литсейи касбии техникии шаҳри Бохтар,
Литсейи алоқаи шаҳри Душанбе ва Литсейи касбии техникии нақлиёти автомобилии
шаҳри Душанбе марказҳои шуғли фосилавӣ фаъолияти босамар дошта, шаҳрвандонро ба
касбу ҳунаромӯзӣ фаро мегиранд. Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати ин
марказҳоро 1300 нафар хатм намуда, айни ҳол дар назди ин марказҳо 121 нафар ба
касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд.
Илова бар ин, дар муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ, ки
шаҳрвандонро ба машғулиятҳои кӯтоҳмуддат фаро мегиранд, 5500 нафар шунаванда
соҳибкасб гардида, айни замон 206 нафар касбомӯз таҳсилро идома дода истодаанд.
Дар маҷмуъ дар нуҳ моҳи соли 2026 13 ҳазору 397 нафар ба
касбомӯзӣ ва 1 ҳазору 401 нафар касбомӯз ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Хатми касбомӯзон дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 4
ҳазору 919 нафар зиёд мебошад.