ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ ҚАСРИ ФАРҲАНГ ДАР МАРКАЗИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ
2026-10-19 15:57:27
19 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ, бинои нави Қасри фарҳангро, ки ба номи Кароматулло Қурбонов гузошта шудааст, ифтитоҳ намуданд.
Иншооти муосири фарҳангӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон ва дар идомаи тадбирҳои ободонӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии
Истиқлоли давлатӣ бунёд ёфтааст.
Зимни боздид ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
иттилоъ дода шуд, ки дар ин ҷо 130 ҷойи корӣ таъсис ёфта, барои кормандони
соҳаи фарҳанг шароити мусоиди кору фаъолият фароҳам гардид.
Дар раванди корҳои сохтмонӣ, ки давоми беш аз ду сол идома
ёфт, 150 мутахассиси маҳаллӣ бо кори муваққатӣ ҷалб шуданд.
Барои арҷгузорӣ ба гиромидошти хотираи Ҳунарманди шоистаи
Тоҷикистон Кароматулло Қурбонов, дар назди бино пайкараи ин овозхони маҳбуби
тоҷик гузошта шудааст.
Қасри фарҳанг дорои як толори барҳаво бо 700 ҷойи нишаст
буда, шароити фароҳамгардида имкон медиҳад, ки аҳли фарҳангу ҳунари ноҳия
фаъолияти худро боз ҳам беҳтар ба роҳ монанд. Сақфу девор ва толори барҳавои он
бо истифода аз унсурҳои миллӣ ва санъати баланди меъморӣ зинат ёфтааст.
Иншооти тозабунёд аз 50 ҳуҷраи корӣ ва ёрирасон, аз ҷумла,
ҳуҷраҳои машқу тамрин, сабти овоз, коргардонҳову кормандони техникӣ, пардозгарӣ
ва либосивазкунӣ иборат буда, барои баргузории мулоқоту чорабиниҳои гуногуни
маърифатию фарҳангӣ мусоидат мекунад.
Бунёди чунин иншоот орзуи деринаи аҳли фарҳанги ноҳия буд ва
онҳо аз ин туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як ҷаҳон ихлос
пазироии самимӣ намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои суҳбат бо
кормандон, таъкид намуданд, ки Ҳукумати кишвар барои саҳмгузорӣ дар рушди соҳа,
тарбияи кадрҳои болаёқат, кашфи истеъдодҳои ҷавон ва ҷиҳати баланд бардоштани
маҳорати касбии ҳаваскорон пайваста тадбирҳои созанда меандешад. Аҳли ҳунару
санъати ноҳия вазифадор шуданд, ки бо истифода аз имконоти муосир дар рушди
фарҳанги миллӣ саҳми бештар гузоранд.