Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ОҒОЗИ САФАРИ КОРӢ БА ҶУМҲУРИИ АРМАНИСТОН
single-product

ОҒОЗИ САФАРИ КОРӢ БА ҶУМҲУРИИ АРМАНИСТОН

2026-10-16 08:44:41

15 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Звартнотс Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Арманистон Мгер Григорян ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси 17-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ иштирок хоҳанд кард.