САФАРИ КОРӢ БА НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ ВА БОЗДИД АЗ МАРКАЗИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТАЪЛИМИЮ МЕТОДИИ КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ
2026-10-13 14:01:46
13 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти соҳаҳои гуногун ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон ба ноҳияи Шаҳринав ташриф оварданд.
Боздиди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Маркази
ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ
дар ноҳияи Шаҳринав оғоз гардид.
Дар маркази нав Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
нахуст бинои Кохи наҷотро ифтитоҳ намуда, аз осорхонаи он боздид намуданд.
Иншооти навбунёд аз ду ошёна иборат буда, ҷавобгу ба
талаботи муосир сохта шудааст ва аз толори барҳавои маҷлис, осорхонаи Пешвои
миллат ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.
Маҷлисгоҳи Кохи наҷот барои 366 ҷойи нишаст пешбинӣ гардида,
бо шароити муосири баргузории ҷаласаҳо, ҳамоишҳо, машғулиятҳои таълимию методӣ
ва чорабиниҳои соҳавӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Осорхонаи Пешвои миллат дар бинои мазкур марҳилаҳои муҳими
эҳёи давлатдории навини тоҷиконро бозтоб намуда, таҷассумгари роҳи пуршарафи
Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳбарии Сарвари маҳбуби давлат муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Аксҳо ва экспонатҳои он аз ҷонбозиҳо, талошҳои хастанопазир
ва хизматҳои таърихии Пешвои миллат дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодӣ,
барқарорсозии сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, бунёди давлати муосири
тоҷикон ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳикоят мекунад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо
шароити иншооти навбунёд ба масъалаҳои истифодаи самараноки имкониятҳои
фароҳамгардида, баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии кормандон ва тақвияти
корҳои таълимию тарбиявӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Баъди ифтитоҳи Кохи наҷот ва шиносоӣ бо осорхона Пешвои
миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 иншооти муҳими Маркази ҷумҳуриявии таълимию
методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданиро тариқи фосилавӣ
мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, аз ҷумла бинои маркази таълимию кинологӣ,
маркази идоракунии машқгоҳ, машқгоҳи таълимию амалӣ барои омодасозии
наҷотдиҳандагон, паноҳгоҳи мудофиаи гражданӣ, шаҳраки муваққатӣ барои
ҷойгиркунии аҳолии аз офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулода зарардида,
хобгоҳ, бунгоҳи тиббӣ ва ошхона, хобгоҳ барои дастурдиҳандагон ва
наҷотдиҳандагони миллӣ ва хориҷӣ, гармхонаҳои хоҷагии ёрирасон, варзишгоҳ ва
ҳаммом.
Нахуст бинои маркази таълимӣ - кинологии маркази ҷумҳуриявии
таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба таври
фосилавӣ ифтитоҳ гардид.
Иншоот бо тарҳи муосир бунёд шуда, дар он барои кору
фаъолият ва омӯзиши сагҳои хизматӣ ҷиҳати иштирок дар корҳои ҷустуҷӯӣ ва
наҷотдиҳӣ шароити созгор фароҳам оварда шудааст. Бинои таълимӣ дорои 12 ҳуҷраи
корӣ ва синфхонаҳои барҳавои омӯзишӣ барои сагҳо мебошад. 10 сагхона ва 10
ҳуҷраи дигар бо лавозимоти омӯзишӣ барои кинологон пешбинӣ шудааст.
Ба таври фосилавӣ дар ҳудуди марказ бинои маркази идоракунии
машқгоҳ ифтитоҳ карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур маркази омӯзишӣ-намунавӣ
ба шумор рафта, аз ҳуҷраи мушоҳидавӣ рафти машқҳои амалии наҷотдиҳандагон дар
майдони омӯзишӣ назорат карда мешавад.
Марказ дорои 4 ҳуҷраи корӣ, ошхонаи замонавӣ ва даҳлези
мушоҳидавӣ ва толор барои машқу тамрини наҷотдиҳандагон мебошад.
Дар ин ҷо ҳамзамон синфхонаҳои таълимии саҳроӣ ба таври
фосилавӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ҳудуди марказ панҷ синфхонаи
таълимии саҳроӣ бо тамоми шароити зарурӣ ташкил гардидааст, ки барои дар як
вақт ба омӯзиш фаро гирифтани 300 нафар пешбинӣ шудааст.
Синфхонаҳо ҳамчун пойгоҳи махсуси таълимӣ ва тамринӣ барои
такмили донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалии сарбозону афсарони сохторҳои
кумита ва дигар ниҳодҳои қудратии кишвар хизмат мекунад.
Дар ҳудуди пойгоҳҳои таълимӣ шаҳракҳои муҳандисӣ, тактикӣ ва
минаҷӯӣ ташкил карда шудааст. Дар ин ҷо сарбозону афсарон усулҳои сохтани
истеҳкому паноҳгоҳҳо, бунёди монеаҳои гуногун ва кандани хандақро дар шароити
ба воқеият наздик ба таври амалӣ меомӯзанд.
Ҳамчунин, шунавандагони курсҳои омӯзишӣ усулҳои
безараргардонии минаҳо, омодагии тактикӣ, ҳифзи радиатсионӣ, кимиёвӣ ва
биологӣ, инчунин чораҳои безараргардонии абрҳои жолаоварро аз худ мекунанд. Ба
барномаи омӯзишӣ тарзу усулҳои кӯчонидани аҳолӣ аз минтақаҳои хатарнок ба
мавзеъҳои бехавф ва ташкили таъминоти аввалиндараҷаи ҳаёт низ дохил мешаванд.
Ба таври фосилавӣ, ҳамчунин, майдон барои баргузории
чорабиниҳои сафороӣ, машқҳои низомӣ ва гузашти тантанавии ҳайати шахсиро тариқи
фосилавӣ ба истифода доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки майдон яке аз иншооти муҳими таълимӣ ва
хизматӣ ба шумор рафта, барои ташкили машғулиятҳои сафороӣ, омӯзонидани
ҳаракатҳо, иҷрои фармонҳои фармондеҳон ва омода намудани ҳайати шахсӣ ба
чорабиниҳои расмии ҳарбӣ пешбинӣ шудааст.
Дар идома дар ҳудуди маркази ҷумҳуриявии таълимию методии
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ машқгоҳи таълимию амалӣ барои
омодасозии наҷотдиҳандагон ба таври фосилавӣ ба истифода дода шуд.
Машқгоҳ дар масоҳати беш аз 10 гектар бунёд шуда, дорои 20
марҳилаи омӯзишӣ ва омодагии наҷотдиҳандагон ҳангоми офатҳои табиӣ мебошад.
Аснои шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
иттилоъ дода шуд, ки чунин машқгоҳи замонавӣ бо имкониятҳои васеи машқу
омодагии наҷотдиҳандагон дар минтақа беназир аст.
Дар ин ҷо бо иштироки наҷотдиҳандагони кишварҳои аъзои
Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ машқҳои муштараки Тоҷикистон, Қазоқистон,
Белорус, Қирғизистон ва Федератсияи Русия баргузор шуданд.
Мошинҳои махсуси наҷотдиҳӣ барои бартарафсозии ҳолатҳои
фавқулодаи дорои хусусияти техногенӣ ва ғаввосӣ, нуқтаи таълимии бартарафсози
садамаҳои нақлиётӣ, обутоби ҳолати варзишии наҷотдиҳандагон аз имкониятҳои
дигари машқгоҳи мазкур мебошад.
Дар маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ паноҳгоҳи мудофиаи
гражданӣ низ тариқи фосилавӣ ифтитоҳ гардид. Паноҳгоҳи мудофиаи гражданӣ ҳамчун
иншооти таъиноти махсус барои ҳимояи аҳолӣ дар ҳолатҳои зарурӣ пешбинӣ шуда,
мавҷудияти чунин иншоот баҳри таъмини амнияти шаҳрвандон ва омодагӣ ба ҳолатҳои
эҳтимолии фавқулода аҳаммияти зиёд дорад.
Шаҳраки муваққатӣ барои ҷойгиркунии аҳолии аз офатҳои табиӣ
ва дигар ҳолатҳои фавқулода зарардида аз иншооти дигари марказ мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки шаҳрак дар масоҳати 1 гектар бунёд
гардида, дар ҳудуди он 68 хайма барои 800 нафар ҷойгир карда шудааст.
Шаҳрак дорои инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла, шифохонаи саҳроӣ
барои хизматрасонии тиббии касбӣ ба зарардидагон ва гузаронидани амалиёти
ҷарроҳӣ, ошхона барои 800 нафар ва иншооти дигари ёрирасон мебошад.
Ҳамчунин, 3 иншооти дигар, хобгоҳ, бунгоҳи тиббӣ ва ошхона,
ки дар ҳудуди ҳамин марказ бунёд шудааст, ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардид.
Бунёди хобгоҳи замонавӣ бо 600 кати хоб, 15 ҳуҷраи корӣ, 6
синфхонаи таълимӣ, насби камераҳои назоратӣ ва дигар иншооти зарурӣ имконият
фароҳам меорад, ки сарбозону афсарон фаъолиятро дар ҳамин гуна шароити замонавӣ
идома дода, дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ, техногенӣ
ва ҳифзи аҳолӣ талоши бештар равона созанд.
Дар назди хобгоҳ, иншооти дигар – ошхона барои 300 кас бунёд
шудааст.
Бунгоҳи тиббӣ барои сарбозон - иншооти навбатӣ дар Маркази
ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ
мебошад.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд,
ки бунгоҳи тиббӣ дорои 14 кат, ҳуҷраҳои ҷарроҳӣ, доругузаронӣ, дорухона, ошхона
ва дигар ҷойҳои ёрирасон мебошад.
Дар марказ хобгоҳ барои дастурдиҳандагон ва наҷотдиҳандагони
миллӣ ва хориҷӣ бо 17 ҳуҷра ва 80 ҷойи хоб бунёд шудааст.
Ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марказ,
ҳамчунин, гармхонаҳои хоҷагии ёрирасон, варзишгоҳ барои бозиҳои футбол,
волейбол, баскетбол ва варзиши сабук, ҳаммом ва дигар иншоот муаррифӣ гардид,
ки бо сифати баланди меъморӣ бунёд шудаанд.
Пас аз ифтитоҳи фосилавии як қатор иншоот Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идома аз бинои
нави таълимӣ ва синфхонаҳои он, ки дар ҳудуди Маркази ҷумҳуриявии таълимию
методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бунёд шудааст, боздид
намуданд.
Бино бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби
шарикони рушд дар идомаи тадбирҳои ободонӣ ба муносибати ҷашни таърихӣ –
35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шуда, дар он барои ҳайати шахсӣ ва омӯзиши
амалии шунавандагон шароити арзандаи корӣ фароҳам оварда шудааст.
Зимни шиносоӣ бо синфхонаҳои бинои нави таълимӣ ба Сарвари
давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншоот аз 20 ҳуҷраи барҳавои
муҷаҳҳаз бо лавозимоти омӯзишӣ, аз ҷумла ҳуҷраҳои ҳифзи радиатсионӣ, кимиёвӣ ва
биологӣ, расонидани ёрии аввалияи тиббӣ, омодагии техногенӣ, омодагии
кӯҳнавардӣ, воситаҳои алоқа, мудофиаи гражданӣ, равоншиносӣ, китобхонаи
электронӣ ва дигар ҳуҷраҳои назариявӣ ва амалӣ иборат мебошад.
Дар иншооти тозабунёд барои шунавандагони дараҷаҳои гуногун
барномаҳо ва синфхонаҳо бо тамоми лавозимоти таълимӣ фароҳам гардида, дар се
сатҳ омӯзиш ба роҳ монда шудааст.
Марказ имкон фароҳам меорад, ки дар ин ҷо ҳайати
роҳбарикунандаи вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру
ноҳияҳо барои пешгирии офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулода аз омӯзиши
амалӣ гузаранд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди чунин
иншоотро барои баланд бардоштани малакаи касбии наҷотдиҳандагон, омода кардани
кадрҳои соҳавӣ ва ҳифзи саривақтии сокинон аз офатҳои табиӣ ва техногенӣ муҳим
арзёбӣ намуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо бо
фаъолияти бинои омодасозии ғаввосон дар маркази ҷумҳуриявии таълимӣ - методии
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ шинос шуданд.
Иншооти мазкур яке аз бахшҳои муҳими марказ ба шумор рафта,
дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои
Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта шудааст. Дар бино
ду ҳавзи шиноварӣ бо умқи 4,8 ва 15 метр, се синфхонаи таълимӣ ва тамринӣ,
инчунин маҷлисгоҳ бо 20 ҷойи нишаст мавҷуд аст. Иншоот бо таҷҳизоти зарурии
махсуси ғаввосӣ таъмин мебошад.
Бино дорои як қатор бахшҳои махсус, аз ҷумла ҳавзи шиноварӣ
бо низоми муосири софкунӣ, бахши омӯзиши ғаввосӣ дар умқи зиёд барои иҷрои
машқҳои мураккаби зериобӣ, синфхонаҳои муҷаҳҳаз барои омӯзиши назариявӣ ва
нуқтаи марказии назорати корҳои ғаввосӣ мебошад. Фароҳам овардани чунин шароит
имкон медиҳад, ки мутахассисони соҳа дар сатҳи баланд омода карда шаванд.
Технологияи муосири дар иншоот насбгардида имкон медиҳад, ки
раванди машқҳо ҳам дар зери об ва ҳам дар хушкӣ тавассути камераҳои махсус ба
таври мустақим назорат карда шаванд. Ин низом ба баланд бардоштани самаранокии
омӯзиш ва таъмини бехатарии афсарону наҷотдиҳандагон ҳангоми машғулиятҳо
мусоидат менамояд.
Бунёди иншооти мазкур бо назардошти мавқеи ҷуғрофии кишвар,
мавҷудияти ҳавзаҳои гуногуни обӣ, кӯҳҳо ва хусусиятҳои иқлимии Тоҷикистон амалӣ
гардидааст. Ин омилҳо барои омодасозии ғаввосон ҷиҳати иҷрои вазифаҳои хизматӣ
дар шароити гуногун муҳим мебошад. Дар иншоот, инчунин барокамера ё камераи
фишорӣ насб гардидааст, ки дар раванди омодасозии ғаввосони касбӣ ва таъмини
бехатарии фаъолияти онҳо нақши муҳим дорад. Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд,
ки ин таҷҳизот барои муолиҷаи ғаввосоне истифода мешавад, ки баъди иҷрои корҳои
тӯлонии зериобӣ дар умқи зиёда аз 10 метр ба барқарорсозии ҳолати саломатӣ ниёз
пайдо мекунанд.
Таъкид гардид, ки иншооти мазкур бо чунин имконоти муосир
нахустин бинои махсус барои омодасозии ғаввосон дар кишвар ба шумор рафта,
барои тарбияи наҷотдиҳандагони касбӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодагии онҳо
мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулон барои истифодаи самараноки имконоти
фароҳамгардида, баланд бардоштани сифати омодасозии ғаввосон ва тарбияи
мутахассисони соҳибтаҷриба дастуру тавсияҳои мушаххас доданд.
Дар идомаи боздид аз маркази ҷумҳуриявии таълимӣ - методии
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои қабули меҳмононро ба
истифода доданд.
Бино аз 18 ҳуҷра иборат буда, барои 25 нафар дар як вақт
пешбинӣ шудааст.
Он бо назардошти талаботи муосир бунёд гардида, барои
пазироии меҳмонони хориҷӣ ва ташкили шароити зарурӣ ҷиҳати анҷом додани
фаъолияти корӣ пешбинӣ шудааст.
Дар дохили бино толорҳои вохӯриҳои расмӣ ва видеоконфронсҳо,
ҳуҷраҳои корӣ, истиқоматӣ ва ошхона ҷойгир буда, барои таъмини фаъолияти
муназзам ва хизматрасонии босифат нақши муҳим мебозанд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд,
ки толорҳои мулоқот барои баргузории вохӯриҳои расмӣ, музокироти дуҷониба ва
бисёрҷониба ва баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳуҷраҳои кории бино барои ташкили фаъолияти маъмурӣ,
омодасозии ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ҳамоҳангсозии вохӯриҳо ва иҷрои дигар корҳои
вобаста ба пазироии меҳмонон хизмат менамоянд.
Иншооти истиқоматӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити
мусоид барои будубош ва истироҳати меҳмонон пешбинӣ гардидааст.
Дар бинои қабули меҳмонон ошхона низ мавҷуд аст, ки
метавонад дар як вақт то 54 нафарро қабул кунад.
Дар баробари ин, истифодаи самараноки имкониятҳои иншоот,
нигоҳдории он ва ба роҳ мондани хизматрасонии босифат аз коргарон масъулияти
зиёд талаб менамояд.
Ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон аз нуқтаи фармондеҳӣ-мушоҳидавӣ ва намоиши ҷараёни тамрини махсуси
“Скала-2026” бо иштироки воҳидҳои наҷотдиҳии мақомоти ваколатдори давлатҳои
аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) дар самти пешгирӣ ва рафъи
оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода дар мавзуи “Бартараф намудани оқибатҳои
заминларзаи харобиовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” боздид намуданд.
Қобили зикр аст, ки дар машқҳои мазкур аъзои кишварҳои СААД,
аз ҷумла, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус ва Русия иштирок
намуданд.
Наҷотдиҳандагони кишварҳои мазкур дар доираи амалиёти
наҷотдиҳиву бартарафсозии оқибатҳои ҳолати фавқулода фаъолият намуданд.
Мувофиқи матлаби ба машқҳо пешбинигардида гуё дар минтақаи
шартии машқ ҳолати фавқулодаи табиӣ, аз қабили заминларза, ба амал омадааст.
Ҳамзамон, дар рафти машқҳо ҳолатҳои фавқулодаи техногенӣ ба амал меояд.
Наҷотдиҳандагони кишварҳо дар ҳамоҳангӣ бо техникаву
таҷҳизоти махсуси наҷотдиҳӣ ба амалиёти бартарафсозӣ сафарбар мешаванд.
Зимни баргузории машқҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон аз рафти баргузории машқҳои наҷотдиҳӣ дидан карда, ба омодагӣ ва
маҳорату малакаи касбии наҷотдиҳандагони тоҷик ва дар ҳамоҳангӣ бо ҳамкасбони
хориҷӣ бо муваффақият кор карданашон баҳои баланд доданд.