Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ФАЪОЛИЯТИ КУМИТА ДАР НУҲ МОҲИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД
single-product

ФАЪОЛИЯТИ КУМИТА ДАР НУҲ МОҲИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

2026-10-09 14:36:47

9 октябри соли равон дар Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми нуҳ моҳи соли 2026 баргузор гардид.

Дар ҷаласа раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ, муовини раиси Кумита Алишер Ализода, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии Кумита, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.

Нахуст академик Фарҳод Раҳимӣ натиҷаҳои фаъолияти соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро дар давраи ҳисоботӣ мавриди баррасӣ қарор дода, дар идома аз ҷониби як қатор роҳбарони муассисаҳои таълимӣ оид ба дастовардҳо, масъалаҳои мавҷуда ва роҳҳои минбаъдаи такмили фаъолияти муассисаҳои таълимӣ андешаронӣ карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки Кумита дар нуҳмоҳаи соли 2026 фаъолияти худро дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва нақшаҳои тасдиқшуда ба роҳ монда, барои рушди низоми таҳсилоти касбӣ, баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳои соҳибкасб, таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва беҳтар намудани шароити таълиму тарбия тадбирҳои мушаххас амалӣ намуд.
Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати такмили заминаи ҳуқуқии соҳа 23 санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардид, ки аз ин 12 лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 11 фармоиши раиси Кумита оид ба масъалаҳои гуногуни соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мебошанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 санад зиёд мебошад. Ҳамчунин, Кумита ба 23 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазорату идораҳои ҷумҳурӣ хулоса пешниҳод намуд.

Дар самти коргузорӣ дар нуҳмоҳаи соли 2026 ба Кумита 4490 мактубу санад ворид гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 693 адад зиёд мебошад. Дар ҳамин давра аз Кумита 2138 мактуби содиротӣ ирсол шудааст. Бо мақсади гузариш ба низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии вилояти Суғд семинари омӯзишӣ баргузор гардида, дар натиҷа 15 муассисаи таълимӣ ба низоми гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ пайваст карда шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ 87 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 8 филиали онҳо фаъолият намуда, масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълим, такмили барномаҳои таълимӣ, аттестатсияи хатм ва омодасозии кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат дар маркази таваҷҷуҳи Кумита қарор доштанд.
Агар соли таҳсили 2020-2021 шумораи донишҷӯён дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ 93 ҳазору 531 нафарро ташкил медод, пас ин шумора дар соли таҳсили ҷорӣ ба 114 ҳазору 389 нафар расидааст, ки ин теъдод нисбат ба соли таҳсили 2020-2021 20 ҳазору 858 нафар (22,3 фоиз) зиёд мебошад. Теъдоди донишҷӯён нисбат ба соли таҳсили 2025-2026 7982 нафар афзудааст (соли гузашта теъдоди донишҷӯён 106407 нафар буд). Барои пешбурди фаъолияти таълимӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ 9 ҳазору 553 нафар (4529 нафар зан) омӯзгор фаъолият менамояд, ки аз онҳо 6 ҳазору 211 нафар омӯзгорони асосӣ ва 3 ҳазору 70 нафар омӯзгорни ҳамкор мебошанд. Теъдоди омӯзгорон нисбат ба ҳамин давраи соли 2гузашта 292 нафар зиёд мебошад. Дар ин давра дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ 15 нафар доктори илм (2 нафар зан) ва 234 нафар номзади илм (60 нафар зан) фаъолият намуда истодаанд. Таъминоти кадрии дорои унвонҳои илмӣ нисбат ба соли таҳсили гузашта 6 нафар доктори илм кам гардида, 15 номзади илм зиёд гаштааст.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Кумита таҳияи стандартҳои тахассусӣ мебошад. Дар нуҳмоҳаи соли 2026 зиёда аз 173 номгӯи стандартҳои тахассусӣ таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод гардида, 79 номгӯи онҳо бо фармоишҳои раиси Кумита тасдиқ ва барои корбарӣ ба муассисаҳои таълимӣ ирсол карда шуданд. Кор дар самти таҳияи стандартҳои тахассусии равияҳои санъат, фарҳанг, кишоварзӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сайёҳӣ, металлургӣ ва баъзе ихтисосҳои техникӣ идома дорад.

Айни ҳол, дар ҷумҳурӣ 66 муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият дошта, дар онҳо аз рӯйи 14 самт (иқтисодиёт, техника ва технология, нақлиёт, техникаи радиоэлектронӣ, энергетика, саноати кимиёӣ, саноати сабук, саноати кӯҳӣ, меъморӣ ва сохтмон, кишоварзӣ, металлургия, телекоммуникатсия, сайёҳӣ ва меҳмондорӣ, хизмати маишӣ ва хӯроки умумӣ) ва 300 касбу ихтисос кадрҳои коргарӣ омода карда мешавад, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 165 касбу ихтисос зиёд мебошад.
Яке аз ҳадафҳои асосии фаъолияти Кумита омода намудани кадрҳои коргарии баландихтисос ва мутобиқ ба талаботи замони муосир мебошад. Дар ин самт масъалаи рушди касбҳои талаботнок, таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳо ва баланд бардоштани сатҳи малакаҳои амалии хонандагон пайваста мавриди таваҷҷуҳ қарор дорад. То 20 сентябри соли 2026 ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 14 ҳазору 315 нафар хонанда қабул гардидааст, ки 82 фоизи нақшаи қабули хонандагонро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 13 ҳазору 111 нафар, ё 91,6 фоиз, дар гурӯҳҳои буҷавӣ ва 1204 нафар, ё 8,4 фоиз, дар гурӯҳҳои шартномавӣ таҳсил менамоянд.
Дар соли 2026 бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти рушди касбомӯзӣ Фестивали ҷумҳуриявии «Малакаҳои касбӣ» байни хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор гардид. Фестивал ба рушди малакаҳои амалии ҷавонон, тарғиби касбу ихтисосҳои муосир, баланд бардоштани шавқу рағбати хонандагону донишҷӯён ба касбомӯзӣ ва муаррифии имкониятҳои таҳсилоти касбӣ равона гардид. Натиҷаҳои фестивал тавассути сомонаи расмии Кумита, шабакаҳои иҷтимоӣ, муассисаҳои таълимӣ ва рӯзномаи «Ҷаҳони ҳунар» инъикос шуданд. Кумита минбаъд низ баргузории фестивалҳо ва озмунҳои касбиро ҳамчун воситаи муассири баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисон идома дода, барои соли 2027 баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Малакаҳои касбӣ»-ро аз рӯйи зиёда аз 50 касбу ихтисос ба нақша гирифтааст.
Дар доираи тадбирҳои рушди инфрасохтори соҳа корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ идома ёфтанд. Тибқи нақшаи соли 2026 дар доираи татбиқи лоиҳаи дахлдор корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар 16 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ то оғози соли нави хониши 2026–2027 ба анҷом расонида шуданд. Ҳамчунин, дар Литсейи касбии техникии шаҳри Ҳисор бомпӯши даромадгоҳи асосӣ, китобхона, синфи компютерӣ ва се утоқи корӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуданд. Ин тадбирҳо дар заминаи татбиқи Барномаи рушди таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2029 амалӣ гардида, барои фароҳам овардани муҳити мусоиди таълимӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсил заминаи муҳим мегузоранд.
Дар самти рақамикунонии низоми таҳсилоти касбӣ корҳои марбут ба рушди инфрасохтори иттилоотию коммуникатсионӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва ташкили китобхонаҳои электронӣ идома ёфтанд. Аз ҷониби Кумита ҳуҷҷатҳои методӣ, аз ҷумла «Шиносномаи кабинети технологияи иттилоотӣ», «Шиносномаи китобхонаи электронии муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ», дастури методӣ оид ба ташкил ва фаъолияти китобхонаи электронӣ ва стандарти ягонаи каталоги китобхонаи электронӣ таҳия гардидаанд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар баробари раванди таълим ба корҳои тарбиявӣ, ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, пешгирии экстремизм ва терроризм, мубориза бо коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Дар ин замина ҳамоишҳо, вохӯриҳо, суҳбатҳо, мизҳои мудаввар ва чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ баргузор гардиданд. Дар муассисаҳои таълимӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ мунтазам ба роҳ монда шуданд. Ҳамзамон, дар доираи озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолона иштирок намуда, донишҷӯйи Коллеҷи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ Раҳимов Мусо аз рӯйи номинатсияи «Саҳнача ё видеоролики иҷтимоии беҳтарин» ҷойи сеюмро соҳиб гардид.

Кумита ба масъалаи таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар соли 2026 дар 17 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии равияи омӯзгорӣ тақсимоти мутахассисони ҷавон баргузор гардид. Дар ин сол 474 нафар хатмкунандаи муассисаҳои равияи омӯзгорӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ҳамчун мутахассиси ҷавон хатм намуда, бо роҳхат таъмин гардиданд. То 20 сентябр 234 нафари онҳо ба ҷойи кор ҳозир шудаанд ва назорат дар ин самт идома дорад. Дар дастгоҳи марказии Кумита низ барои баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва такмили малакаҳои хизматчиёни давлатӣ чораҳои зарурӣ андешида шуданд. Дар доираи нақшаи омӯзишҳои идоравӣ 36 хониши идоравӣ баргузор гардида, кормандон ба омӯзишҳои назариявию амалӣ фаро гирифта шуданд.
Дар нуҳмоҳаи соли 2026 ҳамкориҳои байналмилалии Кумита бо шарикони рушд ва ташкилоту муассисаҳои хориҷӣ идома ёфта, барои ҷалби таҷрибаи пешрафта, рушди инфрасохтори таълимӣ, такмили малакаҳои касбӣ ва беҳтар намудани сифати таҳсил тадбирҳои мушаххас амалӣ гардиданд. Дар доираи лоиҳаҳои байналмилалӣ як қатор муассисаҳои таълимӣ ба таъмиру таҷҳизонидани синфхонаҳо, устохонаҳо ва озмоишгоҳҳои муосир фаро гирифта шуданд.
Кумита ба қабулу баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намуда, дар нуҳмоҳаи соли 2026 ба Кумита 671 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардид. Ҳамчунин, дар рӯзҳои шанбе 35 маротиба қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти Кумита ба роҳ монда шуда, дар натиҷа 115 нафар шаҳрвандон қабул гардиданд. Мавзуъҳои муроҷиатҳо асосан ба дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, интиқол аз як муассиса ба муассисаи дигар, барқароршавӣ ба таҳсил, бо ҷойи кор таъмин шудан, гирифтани диплом ва дигар масъалаҳои марбут ба таҳсилоти касбӣ вобаста буданд.
Дар давраи ҳисоботӣ ба масъалаи инъикоси фаъолияти соҳа ва таҳкими ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардид. Дар маҷмуъ, 511 мақола дар ҳафтаномаи «Ҷаҳони ҳунар» ва сомонаи расмии Кумита ба нашр расида, 147 андеша, хабару гузориш низ интишор гардид. Маводи нашршуда масъалаҳои муҳими рушди таҳсилоти касбӣ, татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои муассисаҳои таълимӣ, фаъолияти омӯзгорон ва масъалаҳои тарбияи кадрҳои соҳибкасбро дар бар мегиранд.
Натиҷаҳои нуҳмоҳаи соли 2026 нишон медиҳанд, ки низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар самти такмили заминаи ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сифати таълим, рушди малакаҳои касбӣ, рақамикунонӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст. Кумита фаъолияти минбаъдаи худро ба иҷрои босамари сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳсилоти касбӣ, омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат, рушди касбҳои муосир ва технологияҳои нав, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, таҳкими мақоми омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил равона хоҳад кард.
Ҳамзамон, дар идомаи ҷаласа масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, омодасозии мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ, таҳкими заминаи моддию техникӣ, истифодаи технологияҳои муосир дар раванди таълим ва тақвияти фаъолияти омӯзгорон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми ҷаласа вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти анҷомдодашуда ва вазифаҳои минбаъда ба масъулон ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ дастуру тавсияҳои дахлдор пешниҳод гардид.

 

single
single
single