Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНӢ БО РАИСИ ШӮРОИ ФЕДЕРАТСИЯИ МАҶЛИСИ ФЕДЕРАЛИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ
single-product

СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНӢ БО РАИСИ ШӮРОИ ФЕДЕРАТСИЯИ МАҶЛИСИ ФЕДЕРАЛИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

2026-10-05 15:05:10

Имрӯз суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко баргузор гардид.

Муҳтарам Валентина Матвиенко Сарвари давлати моро бо изҳори таманниёти нек бо зодрӯзашон сидқан табрик намуданд.

Дар рафти суҳбат оид ба паҳлӯҳои алоҳидаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия, бо шумули масъалаҳои робитаҳои байнипарлумонӣ, ки дар раванди густариши муносибатҳои ду кишвар дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ саҳми босазо доранд, табодули назар анҷом гирифт.

Пешвои миллат бо қаноатмандӣ рушди пайвастаи ҳамкориҳои мутаносибан судманди ду кишварро таъкид карда, изҳор итминон намуданнд, ки ин робитаҳо минбаъд ҳам дар рӯҳияи дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони Тоҷикистон ва Русия рушд хоҳанд кард.