
ИШТИРОКИ 190 НАФАР ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ»
2024-09-25 07:04:43
Имрӯз дар
Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» даври ҷамъбастии Озмуни
ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид.
Дар расми
ифтитоҳи даври ҷамъбастии озмун дар баробари дигар масъулини соҳаҳои илму
маорифи кишвар, ҳамзамон, роҳбарияти Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи
касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, Раиси Кумита
ва Давлатзода Баҳрулло Раҳмон, муовини якуми раиси Кумита, иштирок намуданд.
Зикр шуд, ки
даври ниҳоии озмун 268 довталаб, аз ҷумла 190 нафар аз муассисаҳои таҳсилоти
миёнаи касбии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштироки фаъолона доранд.
Масрур
Абдуллозода, Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба
масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, гуфт, баргузории ин озмун
метавонад яке аз сарчашмаҳои асосии ҳавасманднамоии ҷавонон ба омӯзиши
ҳаматарафаи давлатдории Пешвои миллат ва шинохти таъхири тоҷикон гардад, зеро
мақсад аз баргузории озмун омӯзиши ҳарчи бештари асарҳои Пешвои миллат ва
тарғиби сиёсати пешгирифтаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тамоми гурӯҳҳои ҷомеа
мебошад.
Фарҳод Раҳимӣ –
раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон суханронӣ намуда, қайд кард, ки китобҳои Пешвои миллат ҳар яке қадр
ва манзалати бузурги худро дошта арзиши онҳо дар ҳеҷ давру замоне коста
намегардад.
Бояд гуфт, ҷойи
якум дар озмун ба иштирокчие дода мешавад, ки беш аз 90% асарҳои Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мутолиа ва ҳифз намудааст.
Ғолибони даври дуюм (ҷойҳои1,2,3,) баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёна ва
олии касбӣ ба ихтисоси интихобкардаашон барои идомаи таҳсил, зинаи магистратура
ва маълумоти дуюми олӣ ба муҳлати се сол бе супоридани имтиҳон ба тариқи ройгон
ба муассисаҳои касбии баъд аз муассисаи олии таълимии мамлакат қабул карда
мешаванд.
Ғолибон ба ду
гурӯҳ ҷудо карда мешаванд: ғолибони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии
касбӣ. Барои ғолибон ба ин тартиб мукофотҳои пулӣ таъйин шудааст: барои ҷойи
якум – 20 000 сомонӣ (ба ҳар яке аз ғолибон); ҷойҳои дуюм – 15 000 (ба ҳар яке
аз ғолибон); ҷойҳои сеюм – 7 500 сомонӣ (ба ҳар яке аз ғолибон).
Маврид ба зикр
аст, ки дар доираи дастуру супоришҳои Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва
миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ теъдоди
иштирокчиён аз ҳисоби донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ зиёд
гардида, 70 дарсади иштирокчиёни даври ҷамъбастии озмуни мазкурро донишҷӯёни ин
муассисаҳо ташкил медиҳанд.
Аъзои ҳакамон
дар ҳамкорӣ бо Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи
миллии илмҳои Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб
гардида, аз сиёсатмадорон, донишмандон ва таърихшиносони донишгоҳҳои олии
мамлакат иборат мебошанд.

