Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА РӮЗИ ОМӮЗГОР АЗ ҶОНИБИ КУМИТА
single-product

БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА РӮЗИ ОМӮЗГОР АЗ ҶОНИБИ КУМИТА

2026-10-02 12:32:03

Имрӯз дар Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгор ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш роҳбарияти Кумита, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, кормандону омӯзгорон ва дигар масъулони соҳа иштирок намуданд. Ҳамоиш бо мақсади арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, гиромидошти мақому манзалати омӯзгор ва таҳкими ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ баргузор гардида, дар он масъалаҳои муҳимми ҳифзи асолати забони тоҷикӣ, баланд бардоштани фарҳанги суханварӣ ва нақши омӯзгор дар тарбияи насли соҳибмаърифат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар оғози ҳамоиш раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгор самимона табрик гуфт. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки забони давлатӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ, омили муҳимми ҳифзи ҳувияти миллӣ ва таҷассумгари таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик ба шумор меравад. Забони тоҷикӣ дар тӯли асрҳо ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллат нақши муҳим бозида, тавассути осори гаронбаҳои адибону донишмандони бузург то ба замони мо расидааст. Аз ин рӯ, ҳифзу гиромидошти забони давлатӣ, риояи меъёрҳои забони адабӣ ва истифодаи дурусти он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.

Зикр гардид, ки дар шароити рушди босуръати илму техника ва густариши равандҳои ҷаҳонишавӣ масъалаи ҳифзи покизагии забони давлатӣ, ғанӣ гардонидани захираи луғавии он ва баланд бардоштани сатҳи забондонии ҷавонон аҳаммияти хосса пайдо мекунад. Дар ин раванд муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, бахусус омӯзгорони забону адабиёт, масъулияти муҳим бар дӯш доранд.

Ҳамзамон, раиси Кумита ба мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа таваҷҷуҳ намуда, иброз дошт, ки омӯзгор на танҳо омӯзонандаи илму дониш, балки тарбиятгари насли наврас, роҳнамои ҷавонон ва ташаккулдиҳандаи ҷаҳонбинии онҳо мебошад. Маҳз заҳмати содиқона, масъулиятшиносӣ ва ҳисси баланди ватандӯстии омӯзгорон барои омода намудани мутахассисони соҳибкасб, донишманд ва дорои маърифати баланд заминаи мусоид фароҳам меорад.

Сипас, Қаландарзода Шукрона Назаралӣ, ассистенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова, дар мавзӯи ҷойгоҳи забони тоҷикӣ дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва рушди он дар замони соҳибистиқлолӣ маърӯза намуд. Номбурда зимни баромади худ оид ба таърихи ташаккул ва рушди забони тоҷикӣ, нақши он дар бақои миллат ва зарурати эҳтирому арҷгузорӣ ба забони давлатӣ андешаронӣ карда, таъкид намуд, ки забон муҳимтарин воситаи муошират, интиқоли дониш ва ҳифзи мероси маънавии халқ ба шумор меравад.

Дар идомаи ҳамоиш Бобоева Шабнам Неъматҷоновна, сардори Маркази тестӣ, бақайдгирӣ ва машваратии Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе, дар мавзӯи тоза нигоҳ доштани забони давлатӣ ва риояи меъёрҳои забони адабӣ суханронӣ намуд. Зимни баромад масъалаҳои истифодаи дурусти калимаю ибораҳо, пешгирии ғалатҳои забонӣ дар гуфтору навиштор, баланд бардоштани маърифати забондонӣ ва масъулияти ҳар як шахс дар ҳифзи покизагии забони модарӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд. Қайд карда шуд, ки покизагии забон пеш аз ҳама аз фарҳанги гуфтору навиштори ҳар як шахс вобаста буда, омӯзгорон дар ин самт бояд намунаи ибрат бошанд.

Ҳамчунин, Қодирова Озодамо Зоировна, омӯзгори кафедраи педагогикаи касбӣ ва забонҳои Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе, дар мавзӯи аҳаммияти Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор баромад намуда, оид ба пайванди ногусастании забон, илму дониш ва тарбия ибрози андеша кард. Мавсуф таъкид намуд, ки омӯзгор дар баробари омӯзонидани донишҳои назариявию амалӣ, дар ташаккули фарҳанги муошират, эҳтиром ба забони давлатӣ ва тарбияи ҳисси ватандӯстии шогирдон нақши муассир дорад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани мақоми омӯзгор, фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият ва қадршиносии заҳмати ӯ яке аз омилҳои муҳимми рушди соҳаи таҳсилоти касбӣ ба ҳисоб меравад.

Зимни ҳамоиш иштирокдорон дар атрофи масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, тақвияти мавқеи забони давлатӣ дар муассисаҳои таълимӣ, ташаккули фарҳанги суханварӣ дар байни донишҷӯён ва баланд бардоштани масъулияти касбии омӯзгорон табодули афкор намуданд.

Дар қисмати ҷамъбастии ҳамоиш ба як қатор кормандону омӯзгорони фаъол ва соҳибтаҷрибаи соҳа барои саҳми арзанда дар рушди таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, фаъолияти пурсамори меҳнатӣ ва хизматҳои шоиста дар таълиму тарбияи мутахассисони ҷавон нишони сарисинагии «Аълочии соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон» ва Ифтихорномаи Кумита тақдим карда шуд.