Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИСИ КУМИТА БАРГУЗОР ГАРДИД
single-product

ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИСИ КУМИТА БАРГУЗОР ГАРДИД

2026-09-25 12:08:13

Имрӯз дар толори Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи назоратии назди раиси Кумита дар моҳи сентябр баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар соли таҳсили 2025–2026, вазъи хатми хонандагон, бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагон, натиҷаҳои аттестатсияи хатм, фаъолияти роҳбарони як қатор муассисаҳои таълимӣ ва омодагӣ ба зимистонгузаронӣ мавриди баррасӣ ва таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифтанд.

Дар ҷаласа роҳбарияти Кумита, сардорони раёсатҳо ва шуъбаҳои дахлдор, масъулини соҳа ба таври ҳузурӣ ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ тариқи маҷозӣ иштирок намуданд. Зимни баррасии масъалаҳо ба нишондиҳандаҳои воқеии фаъолияти муассисаҳо, сифати таълиму тарбия, иҷрои нақшаҳои таълимӣ, сатҳи омодагии касбии хонандагону донишҷӯён, натиҷаҳои хатм ва масъалаи идомаи фаъолияти хатмкунандагон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ зимни ифтитоҳи ҷаласа ба таҳлили вазъи кунунии соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ пардохта, таъкид карданд, ки дар шароити имрӯза баланд бардоштани сифати таълим, омодасозии мутахассисони дорои дониш ва малакаҳои касбӣ, тақвияти заминаи моддию техникӣ ва пайвастани раванди таълим ба талаботи воқеии бозори меҳнат аз самтҳои муҳимми фаъолияти муассисаҳои касбӣ ба ҳисоб меравад. Ба гуфтаи раиси Кумита, натиҷаҳои фаъолияти муассисаҳо бояд, пеш аз ҳама, дар сатҳи донишу малакаи хатмкунандагон, қобилияти онҳо барои ворид шудан ба бозори меҳнат ва саҳм гузоштан дар рушди соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ инъикос ёбанд.


Раиси Кумита, ҳамзамон, ба масъалаи баланд бардоштани масъулияти роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон таваҷҷуҳ карда, таъкид намуданд, ки ҳар муассиса бояд фаъолияти худро бо дарназардошти талаботи замони муосир ба роҳ монда, дар самти таълиму тарбия, интизоми меҳнатӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва татбиқи технологияҳои муосири таълимӣ тадбирҳои пайваста андешад. Ба таъкиди ӯ, сифати таҳсилот аз масъулияти касбӣ ва муносибати созандаи ҳар корманди соҳаи маориф вобастагии мустақим дорад.


Дар идомаи суханронӣ ба масъалаи тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва фарҳанги сулҳ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Академик Фарҳод Раҳимӣ таъкид карданд, ки яке аз вазифаҳои муҳими муассисаҳои таълимӣ дар баробари омодасозии кадрҳои касбӣ, тарбияи насли дорои ҷаҳонбинии васеъ, фарҳанги муошират, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ мебошад. Дар ин замина, раиси Кумита ба андешаҳо ва таъкидҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба аҳамияти сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ишора карда, таъкид намуданд, ки таҷрибаи таърихии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки сулҳу субот заминаи асосии рушди устувори ҷомеа ва пешрафти соҳаҳои гуногун мебошад. Ба гуфтаи раиси Кумита, муҳити орому созанда барои рушди маориф, илм, фарҳанг ва иқтисод имконият фароҳам оварда, дар чунин шароит муассисаҳои таълимӣ метавонанд вазифаи худро дар самти омодасозии кадрҳои соҳибкасб ва тарбияи ҷавонони огоҳу масъул самараноктар иҷро намоянд.


Раиси Кумита таъкид карданд, ки андешаҳои Пешвои миллат дар бораи фарҳанги сулҳ бояд дар раванди таълиму тарбия ба масъалаи муҳимми маърифатӣ табдил ёбанд. Ҷавонон бояд моҳияти сулҳро ҳамчун арзиши муҳими иҷтимоӣ дарк намуда, ба ҳалли масъалаҳо тавассути муколама, таҳаммулпазирӣ, эҳтироми андешаи дигарон ва риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ муносибат кунанд. Дар ин раванд омӯзгорон нақши муҳим дошта, бо дониш, рафтори касбӣ ва муносибати созандаи худ метавонанд барои ташаккули муҳити солими маънавию иҷтимоӣ дар муассисаҳои таълимӣ саҳми назаррас гузоранд.


Сипас, аз рӯи рӯзномаи маҷлис масъалаи аввал ба таҳлили вазъи хатми хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани онҳо рабт дошт. Дар ин мавзуъ сардори Раёсати таҳсилоти ибтидоии касбӣ Қурбонзода Файзиддин ҳисобот пешниҳод намуд. Зимни ҳисобот раванди хатми хонандагон, натиҷаҳои бадастомада ва вазъи минбаъдаи фаъолияти хатмкунандагон мавриди таҳлил қарор гирифт. Таъкид гардид, ки яке аз нишондиҳандаҳои муҳимми самаранокии таҳсилоти ибтидоии касбӣ омодасозии мутахассисони дорои малакаҳои амалии зарурӣ ва фароҳам овардани имконияти идомаи фаъолияти меҳнатии онҳо мебошад.


Дар ҷараёни баррасии масъала таъкид шуд, ки муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бояд ҳамкориҳоро бо корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва дигар субъектҳои бозори меҳнат тақвият бахшида, ба мутобиқати ихтисосҳои омӯхташаванда ба талаботи бозори меҳнат таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Масъалаи пайгирии фаъолияти хатмкунандагон пас аз хатми муассисаи таълимӣ низ аз самтҳои муҳими кор арзёбӣ гардид. Тақвияти робита миёни муассисаҳои таълимӣ ва корфармоён метавонад барои муайян намудани талаботи воқеии бозори меҳнат ва баланд бардоштани сатҳи шуғли хатмкунандагон замина фароҳам оварад.


Дар идомаи ҷаласа натиҷаи ҷамъбасти аттестатсияи хатм дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар соли таҳсили 2025–2026 баррасӣ гардид. Дар ин мавзуъ муовини сардори Раёсати таҳсилоти миёнаи касбӣ Раҳимзода Фариддун ҳисобот пешниҳод намуд. Зимни баррасии масъала ба натиҷаҳои аттестатсияи хатм, сатҳи азхудкунии барномаҳои таълимӣ, омодагии донишҷӯён ба санҷишҳои ниҳоӣ ва масъалаҳои марбут ба сифати таҳсилот таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.


Гуфта шуд, ки аттестатсияи хатм ҳамчун марҳилаи муҳими муайян намудани сатҳи дониш, малака ва салоҳияти касбии донишҷӯён ба ҳисоб рафта, натиҷаҳои он барои арзёбии самаранокии раванди таълим аҳамияти муҳим доранд. Аз ин рӯ, дар ҷаласа зарурати таҳлили ҳамаҷонибаи натиҷаҳои аттестатсияи хатм ва муайян намудани омилҳои таъсиррасон ба сатҳи дониш ва малакаи донишҷӯён таъкид гардид. Ҳамзамон, ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ тавсия дода шуд, ки натиҷаҳои аттестатсияи хатмро ҳамчун нишондиҳандаи муҳимми фаъолияти таълимӣ мавриди таҳлил қарор дода, барои бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида тадбирҳои мушаххас андешанд.


Сипас, ҳисоботи директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Бохтар Шарифзода Шамъигул оид ба фаъолияти муассиса дар соли таҳсили 2025-2026 шунида шуд. Дар ҳисобот самтҳои асосии фаъолияти коллеҷ, аз ҷумла ташкили раванди таълим, фаъолияти омӯзгорон, сатҳи донишандӯзии донишҷӯён, корҳои тарбиявӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба фаъолияти муассисаи таълимӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зикр гардид, ки коллеҷ дар самти омодасозии кадрҳои дорои маълумоти миёнаи касбӣ фаъолияти худро аз рӯйи 12 ихтисос ба роҳ монда, дар сохтори он ду факултет ва панҷ кафедра фаъолият доранд. Дар баробари ин, барои беҳтар намудани шароити таълимӣ ва татбиқи усулҳои муосири таълимӣ заминаи техникии муассиса низ тақвият ёфта, 22 синфхона бо воситаҳои аёнӣ таъмин буда, ду синфхонаи компютерӣ бо 26 адад компютер мавриди истифода қарор доранд.


Дар идомаи ҷаласа ҳисоботи директори Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом Бурҳонзода Аҳмади Бурҳон оид ба фаъолияти муассиса дар соли таҳсили 2025-2026 шунида шуд. Зимни баррасии фаъолияти муассиса ба масъалаҳои таъмини раванди босифати таълим, омодасозии мутахассисони соҳаи тиб, сатҳи дониш ва малакаҳои касбии донишҷӯён, фаъолияти омӯзгорон ва заминаи моддию техникии коллеҷ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ сифати омодасозии кадрҳо бо сатҳи малакаҳои назариявӣ ва амалии донишҷӯён робитаи мустақим дошта, истифодаи самараноки имкониятҳои таълимӣ ва заминаи таҷрибавӣ аҳамияти хос дорад.


Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ коллеҷ дар самти омодасозии кадрҳои миёнаи тиббӣ фаъолияти худро аз рӯйи доираи васеи ихтисосҳо, аз ҷумла кори табобатӣ, кори момодоягӣ, кори тиббию профилактикӣ, кори тиббию ташхисӣ, кори ҳамширагӣ, кори фармасевтӣ, кори дандонсозӣ, кори табобати дандон, кори иҷтимоӣ ва кори ҳамширагӣ дар косметология ба роҳ мондааст, ки ин имконияти муассисаро дар омодасозии кадрҳои ҷавобгӯ ба самтҳои гуногуни низоми тандурустӣ нишон медиҳад. Дар баробари таълим, ба корҳои тарбиявӣ ва маърифатӣ низ таваҷҷуҳ дода шуда, дар соли 2026 барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва масъулияти шаҳрвандии донишҷӯён вохӯриҳои иттилоотию ҳуқуқӣ бо иштироки намояндагони мақомоти судӣ баргузор гардиданд. Дар чунин чорабиниҳо масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, донишҷӯён ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Ҳамчунин, ҳисоботи директори Литсейи касбии техникии «Мададгори мудофиа» Каримов Х. оид ба фаъолияти муассисаи таълимӣ дар соли таҳсили 2025–2026 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар рафти муҳокима ба фаъолияти таълимӣ, касбомӯзии хонандагон, омодагии онҳо ба фаъолияти минбаъдаи меҳнатӣ ва риояи талаботи дохилии муассиса таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Роҳбарияти муассиса вазифадор гардид, ки дар самти баланд бардоштани сифати таълим, таҳкими интизоми таълимӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда тадбирҳои заруриро амалӣ намояд.

Дар идомаи ҷаласа ҳисоботи директори Литсейи касбии Атлас Холбоев Н. оид ба фаъолияти муассиса дар соли таҳсили 2025–2026 шунида шуд. Дар ин замина вазъи таълим, омодасозии хонандагон аз рӯйи касбҳои интихобнамуда, фаъолияти омӯзгорон, корҳои тарбиявӣ ва масъалаҳои рушди минбаъдаи муассиса мавриди таҳлил қарор гирифтанд. Таъкид шуд, ки баланд бардоштани сифати таҳсилоти касбӣ ва мутобиқ намудани малакаҳои касбии хонандагон ба талаботи бозори меҳнат аз вазифаҳои муҳимми муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ мебошад.


Дар ҷараёни баррасии ҳисоботи роҳбарони муассисаҳои таълимӣ масъалаи баланд бардоштани масъулияти роҳбарон дар самти иҷрои нишондиҳандаҳои фаъолияти муассиса, таҳкими назорати дохилӣ, беҳтар намудани сифати таълиму тарбия, истифодаи мақсадноки захираҳо ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ мавриди таъкид қарор гирифт. Ҳисоботи роҳбарон имкон дод, ки фаъолияти муассисаҳо дар самтҳои гуногун мавриди таҳлил қарор гирифта, масъалаҳои ҳалталаб муайян карда шаванд.


Дар идома вазъи омодагӣ ба зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин мавзуъ сардори Раёсати молия, банақшагирӣ ва муҳосибот Юсуфӣ Шамсулло маълумот пешниҳод намуд. Зимни баррасии масъала таъкид гардид, ки омодагии саривақтии муассисаҳои таълимӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон яке аз масъалаҳои муҳими фаъолияти роҳбарияти муассисаҳо ба ҳисоб меравад. Дар ин самт ҳолати низоми гармидиҳӣ, омодагии биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳо, захираи сӯзишворӣ ва дигар маводи зарурӣ, ҳолати шабакаҳои барқию гармидиҳӣ, таъмири иншооти вобаста ба таъмини гармӣ ва омодагии умумии муассисаҳо бояд мавриди назорати доимӣ қарор дошта бошад.


Ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ дастур дода шуд, ки омодагии муассисаҳои худро ба мавсими сармо ҳамаҷониба санҷида, масъалаҳои мавҷударо сари вақт бартараф намоянд. Ҳамзамон, ба масъулини соҳавӣ супориш дода шуд, ки раванди омодагии муассисаҳои таълимиро зери назорати доимӣ қарор дода, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои ошкоршуда чораҳои зарурӣ андешанд.


Дар хотима аз ҷониби раиси Кумит таъкид гардид, ки баланд бардоштани сифати таҳсилоти касбӣ, омодасозии кадрҳои ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ, тақвияти робита бо корфармоён, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои таълиму тарбия аз вазифаҳои муҳимми муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба ҳисоб мераванд. Иҷрои саривақтии масъалаҳои дар ҷаласа баррасишуда ва супоришҳои вобаста ба онҳо таҳти назорати масъулини соҳа қарор дода шуд.

 

Дар маҷмуъ, ҷаласаи назоратии назди раиси Кумита ба таҳлили фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, муайян намудани натиҷаҳои бадастомада ва масъалаҳои ҳалталаби соҳа бахшида шуд. Баррасии масъалаҳои вобаста ба хатми хонандагон, бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагон, натиҷаҳои аттестатсияи хатм, фаъолияти роҳбарони муассисаҳо ва омодагӣ ба зимистонгузаронӣ имконият фароҳам овард, ки самтҳои муҳими фаъолияти муассисаҳои таълимӣ мавриди таҳлили мушаххас қарор гиранд.

 

single
single