НУРЕСТ БА ДИДАГОНИ МО ИСТИҚЛОЛ...
2026-09-25 09:54:49
“Арзиши истиқлолияту озодии Ватан бо ягон ченак арзёбӣ карда намешавад. Истиқлолият бузургтарин сарват ва бебаҳотарин неъмат барои ҳар як миллате мебошад, ки худро шинохтааст ва таъриху тамаддуни хешро медонаду аз онҳо ифтихор мекунад.”
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Тоҷикистони азиз ва биҳиштосо имрӯз дар остонаи ҷашни
муқаддаси миллӣ, ҷашни озодиву ободӣ - 35 солагии Истиқлоли давлатӣ қарор
дорад. Бале, то ҷашнгирии 35 - солагии Истиқлоли давлатӣ, бузургтарин ва
муҳимтарин ҷашн барои мардуми тоҷик рӯзҳои ба шумор боқӣ мондааст. Ин сана -
санаи таърихие мебошад, ки бо қабул шуданаш ҳаёти халқи моро аз нобудшавӣ ба
маҷрои наву эҳё кашид, ин санаи муборакест, ки дар фазои Тоҷикистон боз
кабутарони сулҳро болафшон намудаву нахли умеди ҳазорон нафарро ба самар
оварда. Ин сана ҳассостарин санае мебошад, ки мо соҳиби давлати комили худ
гаштем. 35 соле, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва оқилонаву дурандешонаи
шахсияти ватандӯсту қавиирода ва сулҳхоҳ - Президенти мамлакат, Пешвои муаззами
миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хонадони ҳар Тоҷикистонӣ гиряи беғаши
кӯдакон, дуои неки падару модарон ва хандаи мастонаи дилдодагон ба гӯш мерасад.
35 солагии Истиқлол шояд дар рақам кам намояд, аммо дар таърих роҳи тулонист.
Роҳи пур аз шебу фарозиҳо, ки солҳои нахусти роҳбарӣ ин сарзаминро тикаю пора
дарёфтанд. То ба он сатҳе, ки эҳтимоли пошхӯрии давлат таҳдидгар буд
Таърих гувоҳ аст,
ки Истиқлол бо осонӣ ба даст наомадааст. Бояд қайд намуд, ки раванди ба
даст овардани истиқлоли воқеии мамлакат хеле мушкил гузашт ва он ба ҷанги
шаҳрвандӣ мубаддал гардид. Барои расидан ба ин рӯзҳои хушу босаодат дар оғози
Истиқлол кишвари моро ба ҷангӣ таҳмилии шарвандӣ кашиданд. Солҳои ниҳоят
сангину фоҷиабор ба сари миллати тоҷик омад. Алангаи оташи хонумонсӯзи ҷанг
домани сарсабзи кишвари ободро месӯхт, ки дар натиҷа даҳҳо ҳазор ҷавонмардон
шаҳид гаштанд, ҳазорон хонаҳо валангор, садҳо оила бесарпаноҳ, беш аз 50 ҳазор
кӯдакон ятиму бепадар ва ҳудуди 1 миллион нафар фирорӣ шуданд ва ба Афғонистон
гузаштанд. Касе умед надошт, ки рӯзе дар Тоҷикистон ба ҷойи садои тиру туфанг
боз садои хандаи тифлони маъсум ба гӯш мерасад, ҷароҳатҳои ба хун оғуштаи Ватан
боз ба ҳам меояд. Ин ҳолати даҳшатборро шоири маъруф тоҷик Ашӯр Сафар чунин ба
риштаи назм кашида тасвир карда буд.
Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад?
Дар кишвари ғам базму тараб мешуда бошад?
Бар ҷойи ҳамин мамлакати сулҳҷудоям,
Як мамлакати сулҳталаб мешуда бошад?
Дар замоне ки риштаи эътимоду боварӣ ва умед ба фардои нек бурида шуда буд, ба
бахти миллати мо фарзанди фарзонаю баруманди тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба
саҳнаи сиёсат қадами устувор гузоштанд ва нахустин паёме, ки ба мардум баррасӣ
гардид, ин ҳарфҳои деринтизор буд: «Ман ба шумо сулҳ меорам!» Ин Паём калиди
кушоиши уҳдаҳои сарбаста ва мушкилоти ҷомеаи мо буд ва дар навбати худ
шартномаи фаъолияти ҳамонвақтаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ифода намуда, аз азми
қавӣ ва ҷасорати фавқулода доштани роҳбари ҷавони давлати тоҷикон шаҳодат
медод. Бо дасту дили гарм, қавииродагӣ, матонату заковати худододӣ Пешвои
маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд умури давлатдориро рӯйи даст
гирифта, рӯ ба рӯ бо хатарҳо ин сарзамину ин халқи ҷафодидаро пушту паноҳ шаванд.
Мардумро сарҷамъ карда, халқро бурун аз марз, ки аз тарси душманони миллат
гӯшанишин шуда буданд, ба зодгоҳу заминҳои бобоӣ баргардонанд. Ин сулҳофарӣ
риштаи таърихи ҳазорсолаҳои миллати тоҷикро дар роҳи давлатдорӣ боз ҳам пайваст
кард.
Бо гузаштаи се даҳсола мо амиқан дарк кардем, ки ваҳдати миллӣ яке аз заминаҳои
асосии ҳаёти осоиштаи мардуми тоҷик буда, бо ҷонфидоӣ ва аз худ гузаштанҳои
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, ки имрӯз ин ҳифзи арзиши муқаддаси
миллӣ вазифаи ҳар як тоҷики худогоҳу худшинос аст. Ин аст, ки сиёсатмадорони
бузурги олам ва коршиносони низоъҳои байналмилалӣ Пешвои миллати моро ҳамчун
«Меъмори сулҳ» эътироф карданд. Ормони ҳазорсолаи халқи тоҷик – Истиқлолият
танҳо дар охири асри XX насиби мардуми мо гардид. Ин давлати тозаистиқлол ва
мустақилу соҳибихтиёр бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шакл гирифт, ҷилои
тоза пайдо кард, ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шуд. Пояҳои
давлатдорӣ хусусан ҷанбаҳои бунёдӣ ва арзишии он дар мактаби сиёсӣ ва давлатдории
миллии роҳбари давлат бо шаклу мазмуни наву муосир такмил ёфта, Тоҷикистон
ҳамчун давлати демократӣ дунявии ҳуқуқбунёд роҳи минбаъдаи худро пайдо кард.
Тарҳрезии дурусти барномаҳои азими иқтисодӣ, хусусан бунёди корхонаҳои саноатӣ,
аз ҷумла корхонаҳои коркарди маъданҳои кӯҳӣ, пахта, ришта, матоъҳои пахтагӣ ва
абрешимӣ, истеҳсоли семент, ангишт, нуқра, сурма ислоҳот ва рақамикунонии
аксарият соҳаи хоҷагии халқ аз ҷумлаи он тадбирҳои муҳиме буданд, ки барои
тақвияту иқтидори иқтисодии кишварамон такони ҷиддӣ бахшиданд. Илова бар ин,
татбиқи пружаҳои дорои аҳамияти миллӣ дар самти эненргетика барои расидан ба
яке аз ҳадафҳои олии давлат – истиқлолияти энергетикӣ заминаи мустаҳкам фароҳам
оварданд. Бунёди низоми ягонаи энергетикӣ таҷдиди чархаҳои нерӯгоҳҳои Норак,
Сангтӯда ва Қайроқум ҷиҳати афзудани ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ ва махсусан
бунёди нерӯгоҳи бузурги аср – Роғун ба саноат ва сиёсати дурбинонаю
хирадмандонаи Пешвои миллат шаҳодат медиҳанд. Бояд гуфт, ки бунёди «Роғун», ки
воқеае барои кишвари мо ба кохи муҳташами нур баробар аст, ба рушди босуръати
иқтисодӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии шаҳрвандон дар ояндаи наздик нақши
ҳалқунанда дорад.
Дар меҳвари сиёсати роҳбари давлат қарор гирифтани рушди соҳаи маориф ва
афзалиятнок шуморидани он ба тавлиди тафаккури нави миллӣ худогоҳу худшинос,
ватандӯсту ватанпарвар ва босаводу бомаърифат шудани насли ҷавон нигаронида
шудааст, ки яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.
Ташкили Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷдиду азнавсозии биноҳои таълимию хобгоҳҳо, ташкил ва бо
тамоми таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонидани озмоишгоҳҳои фаннӣ, зиёд
гардидани шумораи касбу ихтисосҳо ва сол аз сол зиёд гардидани шумораи
хонандагону донишҷӯёни ин зинаи таҳсилот исботи гуфтаҳои боло мебошанд.
Бузургдошти хотираи неки фарзандони фарзонаи миллат- одамшуаро Абуабдуллоҳи
Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдаврӣ, Носири Хусрав, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Камоли
Хучандӣ ва дар ин замина гиромидошти хизматҳои устод Айнӣ, Бобоҷон Ѓафуров,
Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур Мирзо Турсунзода, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нисор
Муҳаммад ва дигарон шаҳодати вориси ҳақиқӣ ва аз табори бузургон будани
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро собит менамояд. Таҷлили бузургтарин ҷашнҳои аҷдодӣ,
аз қабили Наврӯз, Меҳргону Сада ва Тиргон дар сатҳи баланди давлатӣ, мақоми
давлатӣ гирифтани «Шашмақом»-у «Фалак», ташкил намудани озмунҳои ҷумҳуриявии
««Тоҷикон» оинаи таърихи миллат», «Шоҳномахонӣ» ва ғайраҳо меросдори тамаддуни
бостонӣ, фарҳанги миллӣ ва ҳомии оину суннатҳои мардумӣ будани сарвари давлатро
нишон медиҳад. Хусусан ба яке аз ҷашнҳои ҷаҳонӣ татбиқ ёфтани ҷашни Наврӯз, ки
таърихи беш аз панҷҳазорсола дошта ба рушди суннатҳои фарҳанги миллӣ, эҳёи
ҳунарҳои мардумӣ ва бедории миллии мардуми тоҷик мусоидат намуда, далели ин
гуфтаҳо мебошад.
Моро лозим аст, ки ҳар лаҳза шукронаи ин давлати озоду обод намоем, шукрона аз
он намоем, ки соҳибдавлатем, дар як давлати амнтарини сайёра кору фаъолият
намуда истодаем ва ободу зебо гардонидани ин сарзаминро қарзи имониву виҷдонии
худ дониста, бар ивази ҷон ҳам бошад дар пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот ва
тинҷиву оромии Ватани маҳбубамон саҳмгузор бошем.
Зарифбой ҲУСЕЙНОВ,
муовини директор оид ба таълими
Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб