Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ГИРОМИДОШТИ САРДАФТАРИ АДАБИЁТИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК УСТОД АБУАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ
single-product

ГИРОМИДОШТИ САРДАФТАРИ АДАБИЁТИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК УСТОД АБУАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ

2026-09-23 10:45:33

Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Бохтар бахшида ба 1168-солагии сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик, устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии адабиву маърифатӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовинони директори муассиса, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуда, аз нақши бузурги устод Рӯдакӣ дар ташаккул ва рушди адабиёти классикии тоҷик, мақоми баланди осори ӯ дар фарҳанги миллӣ ва аҳамияти ашъори шоир дар тарбияи маънавии башар ёдовар шуданд.
Зикр гардид, ки Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик бо осори гаронбаҳои худ дар таърихи адабиёти ҷаҳонӣ мақоми хосса дорад. Ашъори пурмазмуну инсонпарваронаи шоир то имрӯз аҳамияти тарбиявӣ ва маърифатии худро нигоҳ дошта, хонандаро ба донишандӯзӣ, некӣ, дӯстӣ, ватандӯстӣ ва қадршиносии арзишҳои инсонӣ ҳидоят менамояд.
Дар идомаи чорабинӣ донишҷӯёни коллеҷ бо омодагии хуб шеърҳои устод Рӯдакиро қироат намуда, саҳнаҳои тарбиявию адабӣ аз даврони зиндагӣ ва фаъолияти шоирро ба намоиш гузоштанд. Ҳамчунин, викторинаи адабӣ баргузор гардида, донишҷӯён донишу маърифати худро оид ба ҳаёт ва эҷодиёти Рӯдакӣ санҷиданд.
Барномаи чорабинӣ бо замзамаи сурудҳои дилнишин ва дигар барномаҳои фарҳангӣ идома ёфта, ба иштирокчиён таассуроти хуб бахшид.