БОЗДИДИ РАИСИ КУМИТА АЗ КОЛЛЕҶИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМИИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН
2026-09-22 15:40:49
Имрӯз зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ аз Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан боздид ба амал овард.
Зимни боздид роҳбарияти муассиса оид ба фаъолияти таълимӣ, вазъи инфрасохтор, имкониятҳои мавҷудаи таълимӣ ва ҳунаромӯзии донишҷӯён, инчунин корҳои созандагию ободонӣ дар ҳудуди коллеҷ маълумот пешниҳод намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан яке аз муассисаҳои касбие ба ҳисоб меравад, ки дар омода намудани мутахассисони соҳаи ҳунарҳои миллӣ ва эҳёи анъанаҳои мардумӣ саҳми назаррас дорад. Муассиса дар масоҳати 1,4 гектар замин ҷойгир буда, барои ба роҳ мондани таълиму тарбияи касбӣ ва омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ шароити муайян фароҳам оварда шудааст.
Дар ҷараёни боздид ҷараёни сохтмони бинои нави устохонаи коллеҷ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Сохтмони иншооти мазкур аз ҷониби Кумита идома дошта, бинои нав якошёна буда, барои васеъ намудани имкониятҳои таълимию истеҳсолии муассиса пешбинӣ шудааст. Тибқи нақша, корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуда, бино моҳи ноябри соли ҷорӣ мавриди истифода қарор дода мешавад.
Қайд гардид, ки дар ҳудуди коллеҷ бинои нави иборат аз дӯкон-устохонаҳои таълимӣ, устохона-озмоишгоҳ ва 18 синфхонаи таълимӣ бунёд шуда истодааст. Дар ин ҷо донишҷӯён дар баробари аз худ намудани донишҳои назариявӣ, малакаҳои амалии касбиро низ тавассути машғулиятҳои устохонавӣ такмил медиҳанд. Барои рушди ҳунарҳои мардумӣ дар муассиса 13 дӯкон-устохонаи махсус ба фаъолият шуруъ намуда, дар онҳо намудҳои гуногуни ҳунарҳои суннатии тоҷикӣ омӯзонида мешаванд. Аз ҷумла, дар оянда дар устохонаҳои коллеҷ ба шонатарошӣ, читгарӣ, сангтарошӣ, коғазбарорӣ, гаҷкорӣ, аҷубасозӣ ва кулолгарии бадеӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад. Ин ҳунарҳо дар таърихи фарҳанги тоҷикон ҷойгоҳи хос дошта, омӯзиши онҳо барои ҳифзи мероси фарҳангӣ, идомаи анъанаҳои миллӣ ва омода намудани ҳунармандони ҷавон аҳамияти муҳим дорад.
Гуфта шуд, ки яке аз бахшҳои ҷолиби муассиса ташкили намоишгоҳи маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ мебошад, ки дар он маҳсули дастони ҳунармандон ва донишҷӯёни коллеҷ ба маъраз гузошта мешавад. Масоҳати намоишгоҳ 800 метри мураббаъро ташкил дода, он аллакай сеюмин намоишгоҳи доимии ҳунарҳои мардумӣ дар муассиса ба ҳисоб меравад. Дар он намунаҳои гуногуни маҳсулоти ҳунарӣ, корҳои эҷодии ҳунармандон ва маҳсули меҳнати донишҷӯён гирд оварда шудаанд.
Раиси Кумита академик Фарҳод Раҳимӣ зимни шиносоӣ бо фаъолияти коллеҷ ба аҳамияти рушди таҳсилоти касбӣ дар самти ҳунарҳои мардумӣ, таҳкими заминаи моддию техникии муассиса ва фароҳам овардани шароити мусоид барои омӯзиши касбу ҳунарҳои миллӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Таъкид гардид, ки бунёди устохонаи нав имконият медиҳад, то заминаи таълими амалии донишҷӯён боз ҳам тақвият ёфта, барои омӯзиши касбу ҳунарҳои гуногун шароити беҳтар фароҳам оварда шавад. Дар баробари ин, рушди устохонаҳои муосир метавонад ба зиёд намудани ҳаҷми корҳои эҷодӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ҳунарӣ мусоидат намояд.
Дар ҷараёни боздид масъалаи фароҳам овардани шароити иҷтимоӣ барои донишҷӯён низ баррасӣ гардид. Бо мақсади дастгирии донишҷӯёни минтақаҳои дурдаст ва фароҳам овардани имконияти таҳсил барои онҳо дстур дода шуд, ки соли 2027 бунёди хобгоҳ дар назди коллеҷ пешбинӣ шудааст. Ташкили хобгоҳ барои ҷалби ҷавонон аз минтақаҳои гуногуни кишвар ба омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди зисту таҳсил заминаи бештар фароҳам хоҳад овард.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки дар шароити рушди иқтисоди миллӣ ва афзоиши таваҷҷуҳ ба ҳунарҳои мардумӣ омода намудани кадрҳои соҳибкасб барои соҳа аҳамияти хос дорад. Ҳунарҳои мардумӣ ҳамчун ҷузъи муҳими мероси фарҳангии миллӣ дар рушди сайёҳӣ, истеҳсоли маҳсулоти дастӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна низ нақши муассир дошта метавонанд.
Бояд гуфт, ки Истаравшан ҳамчун яке аз шаҳрҳои қадимаи Тоҷикистон бо ҳунарҳои мардумӣ ва анъанаҳои касбу ҳунари миллӣ машҳур мебошад. Аз ин рӯ, фаъолияти Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ дар самти омӯзиши ҳунарҳои суннатӣ ва омода намудани насли нави ҳунармандон аҳамияти хос дорад. Тавассути чунин муассисаҳо таҷрибаи устодони ҳунар ба ҷавонон интиқол ёфта, барои идомаи анъанаҳои миллӣ шароити мусоид фароҳам мегардад.
Дар фарҷоми боздид ба масъулони муассиса ҷиҳати идомаи корҳои созандагӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, баланд бардоштани сифати таълими касбӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба мавриди истифода қарор додани бинои нави устохона дастуру тавсияҳои дахлдор дода шуданд.