«ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ ВА РИСОЛАТИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК» - АРМУҒОНИ АРЗИШМАНДИ АКАДЕМИК ФАРҲОД РАҲИМӢ БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
2026-09-21 09:58:07
Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон асари арзишманди илмӣ-таърихии Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» бо се забон - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр шуд.
Китоб ба шинохти амиқтари таърихи тамаддун, ҷойгоҳи тоҷикон дар ташаккули фарҳанги минтақа ва арзишҳои таърихию маънавии миллати тоҷик равона шуда, мМуаллиф дар асари худ бо такя ба маводи таърихӣ, маъхазҳои илмӣ, санадҳо ва далелҳои марбут ба давраҳои гуногуни таърихи тамаддуни ориёӣ масъалаҳои муҳими таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавиро мавриди таҳлил қарор додааст.
Мавзуи тамаддуни ориёӣ дар китоб дар пайванди ногусастанӣ бо таърихи ташаккул ва рушди фарҳанги тоҷикон баррасӣ шуда, ба масъалаи рисолати таърихии миллати тоҷик таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Дар саҳифаҳои китоб андешаҳо ва далелҳои гуногун вобаста ба мероси таърихию фарҳангӣ, арзишҳои маънавӣ, нақши дониш, илму фарҳанг ва суннатҳои созандаи мардумони ин сарзамин баён шудаанд.
Яке аз вижагиҳои муҳими асари мазкур дар он зоҳир мегардад, ки китоб бо се забон - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таълиф гардидааст. Ин иқдом барои дастрасии васеи муҳаққиқон, донишмандон, омӯзгорон, донишҷӯён ва хонандагони дохилу хориҷи кишвар ба маводи китоб имконияти бештар фароҳам меорад. Нашри сезабонаи асар ба муаррифии таъриху фарҳанги тоҷикон дар фазои илмӣ ва фарҳангии байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Академик Фарҳод Раҳимӣ ҳамчун олими заҳматкаш ва пажӯҳишгари сермаҳсул дар ин асар низ кӯшиш кардааст, ки масъалаҳои марбут ба тамаддуни ориёӣ ва ҷойгоҳи таърихии миллати тоҷикро дар асоси маводи боэътимод ва далелҳои илмӣ мавриди баррасӣ қарор диҳад. Истифодаи маводу маъхазҳои таърихӣ, санадҳо ва ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мазмуну муҳтавои китоб хусусияти илмӣ ва таҳлилӣ бахшида, онро барои доираи васеи хонандагон ҷолиб гардонидааст.
Китоб аз нигоҳи тарбиявию маърифатӣ низ аҳамияти хос дорад. Шинохти таърихи миллат, арҷгузорӣ ба мероси фарҳангӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва дарки сабақҳои таърихӣ дар ташаккули ҷаҳонбинии насли наврас ва ҷавон нақши муҳим мегузорад. Аз ин рӯ, маводи асар метавонад ҳамчун сарчашмаи иловагии маърифатӣ барои омӯзиши таърих, фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон истифода шавад.
Дар шароити имрӯз, ки таҳкими худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ ва ҳифзи мероси таърихӣ аз масъалаҳои муҳимми ҷомеа ба ҳисоб мераванд, нашри чунин асарҳо аҳамияти махсус пайдо мекунад. Китоби «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» хонандаро ба андешаронӣ дар бораи гузаштаи таърихӣ, дастовардҳои фарҳангӣ ва масъулияти наслҳои имрӯз дар назди таъриху фарҳанги миллӣ ҳидоят менамояд.
Бахшида шудани асар ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мазмуну ҳадафи он аҳамияти рамзӣ мебахшад. Истиқлол барои миллат имкони мустақилона таҳқиқу муаррифӣ намудани таъриху фарҳанг ва мероси маънавиро фароҳам оварда, таваҷҷуҳ ба омӯзиши арзишҳои таърихӣ ва ҳифзи ҳувияти миллӣ дар ин давра аҳамияти бештар касб кардааст. Аз ин ҷиҳат, асари мазкур метавонад ҳамчун армуғони илмӣ-маърифатӣ ба ҷашни бузурги миллӣ пазируфта шавад.
Китоби «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» метавонад дар таҳкими эҳсоси худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, эҳтиром ба таъриху фарҳанги ниёгон ва тарбияи маънавии ҷавонон саҳми назаррас гузорад. Дарки дурусти таърих ва омӯзиши мероси гузашта ба насли имрӯз имкон медиҳад, ки арзишҳои созанда ва сабақҳои таърихиро дар роҳи таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди ҷомеа истифода намояд.
Барои хонандагон ва аҳли ҷомеа чунин асарҳо воситаи шинохти амиқтари решаҳои фарҳангӣ ва маънавии миллат низ ба шумор мераванд. Аз ин рӯ, умедворем, ки китоби мазкур дар баробари арзиши илмӣ, ҳамчун ҷузъи муҳимми осори муосири таърихию фарҳангии тоҷикон мавқеи муносиб пайдо намуда, барои муҳаққиқон, омӯзгорон, донишҷӯён ва ҳамаи дӯстдорони таъриху фарҳанги миллӣ маводи судманд хоҳад буд.