РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
2026-09-16 14:58:10
Истиқлоли давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун оғози марҳилаи нави таърихӣ имконият фароҳам овард, ки давлату ҷомеа роҳи мустақили рушди иқтисодиву иҷтимоиро интихоб намоянд. Дар ин раванд соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими иқтисоди миллӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи марвари давлат муҳтарам Пешвои миллат қарор дошта, барои таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди деҳот ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум нақши муҳим мебозад.
Дар давоми 35 соли Истиқлоли давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ
дигаргуниҳои назаррас ба амал омаданд. Бо мақсади рушди истеҳсолоти кишоварзӣ,
истифодаи самараноки заминҳо, дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва баланд бардоштани
ҳосилнокии зироатҳо як қатор барномаҳо ва тадбирҳои давлатӣ амалӣ гардиданд.
Яке аз дастовардҳои муҳим дар ин самт рушди шаклҳои гуногуни
хоҷагидорӣ мебошад. Бо фароҳам гардидани шароити мусоид деҳқонон ва соҳибкорони
соҳа имконият пайдо карданд, ки фаъолияти худро густариш дода, истеҳсоли
маҳсулоти кишоварзиро зиёд намоянд. Хоҷагиҳои деҳқонӣ, корхонаҳои кишоварзӣ ва
дигар шаклҳои хоҷагидорӣ дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ғизоӣ саҳми
арзанда мегузоранд.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба рушди боғдорӣ ва токпарварӣ низ
таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Бунёди боғҳои нав, аз ҷумла боғҳои интенсивӣ,
истифодаи навъҳои серҳосил ва технологияҳои муосир барои афзоиши истеҳсоли
меваю сабзавот замина гузошт. Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон на танҳо талаботи
бозори дохилиро қонеъ менамояд, балки барои содирот низ имкониятҳои бештар
фароҳам меорад.
Зироаткорӣ низ яке аз самтҳои асосии соҳаи кишоварзӣ ба
ҳисоб меравад. Истеҳсоли ғалладона, пахта, картошка, сабзавот, полезӣ ва дигар
маҳсулот сол ба сол густариш ёфта, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат
саҳми муҳим мегузорад. Истифодаи тухмиҳои хушсифат, техникаи кишоварзӣ, усулҳои
муосири обёрӣ ва технологияҳои нав имконият медиҳанд, ки ҳосилнокии замин
баланд бардошта шавад.
Дар баробари ин, рушди соҳаи чорводорӣ, парандапарварӣ,
занбӯриасалпарварӣ ва дигар бахшҳои кишоварзӣ низ ба рушди иқтисоди деҳот
мусоидат мекунад. Фаъолияти босамари ин бахшҳо боиси таъсиси ҷойҳои нави корӣ
ва зиёд шудани даромади оилаҳои деҳот мегардад.
Дар солҳои охир таваҷҷуҳ ба техникаву таҷҳизоти муосири
кишоварзӣ низ бештар шудааст. Механиконидани корҳои саҳроӣ, истифодаи техникаи
муосир ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ имкон медиҳад, ки меҳнати
деҳқонон сабуктар шуда, маҳсулнокии истеҳсолот афзоиш ёбад.
Рушди соҳаи кишоварзӣ ба пешрафти деҳот низ таъсири мусбат
мерасонад. Бо зиёд шудани истеҳсолот ва рушди соҳибкорӣ шароити иҷтимоиву
иқтисодии деҳот беҳтар гардида, барои аҳолӣ имкониятҳои нави кору фаъолият ба
вуҷуд меоянд. Аз ин рӯ, пешрафти кишоварзӣ на танҳо масъалаи иқтисодӣ, балки
омили муҳими рушди иҷтимоии ҷомеа мебошад.
Дар оянда низ барои рушди устувори соҳаи кишоварзӣ баланд
бардоштани ҳосилнокӣ, истифодаи технологияҳои муосир, рушди коркарди маҳсулоти
кишоварзӣ, зиёд намудани содирот, беҳтар намудани инфрасохтори деҳот ва омода
намудани мутахассисони ҷавон аҳамияти калон дорад.
35 соли Истиқлоли давлатӣ барои рушди соҳаи кишоварзии
Тоҷикистон марҳилаи муҳим ва созанда ба ҳисоб меравад. Дастовардҳои бадастомада
натиҷаи сиёсати созандаи давлат, меҳнати содиқонаи кишоварзон ва заҳмати
мардуми деҳот мебошанд. Ҳадафи асосӣ дар марҳилаи минбаъда боз ҳам баланд
бардоштани самаранокии истеҳсолоти кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва
фароҳам овардани шароити беҳтар барои зиндагии шоистаи мардум мебошад.
Истиқлолият ва сулҳу суботи кишвар заминаи асосии пешрафти
тамоми соҳаҳо, аз ҷумла кишоварзӣ буда, мо бояд бо истифода аз имкониятҳои
мавҷуда барои ободии Ватан, рушди деҳот ва таҳкими иқтисоди миллӣ саҳми
арзандаи худро гузорем.
35 соли Истиқлоли давлатӣ - 35 соли созандагӣ, ободкорӣ ва
пешрафти Тоҷикистон!
ҲУСЕЙНЗОДА ИСМОИЛ АБДУҶАЛИЛ, сармуҳосиби Коллеҷи техникии
ДТТ ба номи академик М.Осимӣ