«АБАРМАРДИ ТАҚДИРСОЗ» – МИНБАРИ ИНЪИКОСИ ФАЪОЛИЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ МИЛЛӢ
2026-09-15 11:33:54
Китоби «Абармарди тақдирсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ, ки ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расидааст, асари арзишмандест, ки дар он фаъолияти созанда ва нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии давлатдории навини миллӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва эҳёи арзишҳои таърихию фарҳангии миллат инъикос ёфтааст. Асар ба се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таҳия гардида, доираи васеи хонандагонро фаро мегирад.
Муаллиф дар бахшҳои аввали китоб ба марҳилаҳои гуногуни ҳаёт
ва фаъолияти Пешвои миллат таваҷҷуҳ намуда, аз давраи ҷавонӣ, меҳнатдӯстӣ ва
рӯзгордидагӣ, хизмати ҳарбӣ дар Артиши Шӯравӣ, оғози фаъолияти меҳнатӣ ва
таҳсил то ба саҳнаи сиёсат ворид шудан ва интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон ба ҳайси роҳбари давлат маълумоти муҳим пешниҳод менамояд. Ин бахши асар
барои дарки ташаккули шахсияти сиёсии роҳбари давлат ва омилҳои таъсиргузор ба
ҷаҳонбинӣ, ирода ва масъулияти ӯ дар назди миллату давлат аҳамияти хос дорад.
Академик Фарҳод Раҳимӣ таъкид менамояд, ки пас аз интихоб
шудан ба вазифаи роҳбари давлат дар шароити ниҳоят ҳассоси сиёсиву иҷтимоӣ
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти бузургеро бар дӯш гирифт. Вазифаи асосӣ
барқарор намудани сулҳу субот, ба ҳам овардани ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ ва
пешгирӣ аз парокандашавии давлат буд. Муаллиф бо такя ба далелҳои таърихӣ ва
рӯйдодҳои муҳими даврони истиқлолият нишон медиҳад, ки дар чунин шароити душвор
сиёсати созанда, иродаи қавӣ, дурандешӣ, ташаббускорӣ, ватандӯстӣ ва
мардумсолорӣ барои ҳифзи давлат ва муайян намудани самти рушди минбаъдаи кишвар
аҳамияти ҳалкунанда дошт.
Дар китоб аз нахустин суханрониҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
пас аз интихоб шудан ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд ёдоварӣ мешавад. Барқарор
намудани сулҳу ваҳдат дар кишвар ва баргардонидани гурезаҳо ба Ватан аз
ҳадафҳои муҳимми роҳбари навтаъини давлат арзёбӣ гардида, дар асар таъкид
мешавад, ки ин ҳадафҳо дар заминаи сиёсати пайгирона ва талошҳои пайваста барои
истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ амалӣ гардиданд.
Яке аз паҳлуҳои муҳимми асар инъикоси нақши сиёсати фарҳангӣ ва таърихии Пешвои
миллат дар баланд бардоштани худшиносии миллӣ мебошад. Дар солҳои
соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси роҳбари давлат ба бузургдошти чеҳраҳои барҷастаи
таъриху фарҳанги тоҷикон ва ҷашнҳои муҳими таърихӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Таҷлили 1000-солагии «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, 1150-солагии Абӯабдуллоҳи
Рӯдакӣ, 1100-солагии давлати Сомониён, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ,
700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 700-солагии Камоли Хуҷандӣ, 600-солагии
Абдураҳмони Ҷомӣ, 100-солагии академик Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода,
Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратулло Махсум аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳимми фарҳангиву
таърихӣ мебошанд, ки дар таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳёи хотираи таърихии ҷомеа
нақши муассир гузоштанд.
Дар ҳамин замина, таҷлили ҷашнҳои таърихии шаҳрҳои бостонии Истаравшан, Кӯлоб,
Ҳисор ва Саразм низ ҳамчун ҷузъи муҳими сиёсати фарҳангии даврони истиқлолият
арзёбӣ мешавад. Ин иқдомҳо барои муаррифии таърихи чандҳазорсолаи миллати
тоҷик, таҳкими эҳсоси ифтихори миллӣ ва шиносонидани мероси фарҳангии кишвар ба
ҷомеаи ҷаҳонӣ замина фароҳам оварданд. Бо ташаббуси Пешвои миллат ҷашнҳои
суннатии миллии тоҷикон, аз ҷумла Наврӯз ва Меҳргон, низ мақоми шоистаи худро
дар ҳаёти ҷомеа дубора пайдо карданд.
Муаллиф дар китоб ба масъалаи рушди иқтисодиву энергетикии мамлакат низ
таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ҳамчун яке аз
ҳадафҳои стратегии давлат муайян гардида, дар даврони соҳибистиқлолӣ бо
дастгирӣ ва ташаббусҳои роҳбари давлат дар самти рушди соҳаи энергетика корҳои
муҳиме анҷом дода шуданд. Ба истифода додани неругоҳҳои барқи обии
«Сангтӯда-1», «Помир-1», агрегатҳои Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва дигар
иншооти муҳими энергетикӣ аз ҷумлаи иқдомҳое мебошанд, ки дар таъмини рушди
энергетикии кишвар ва таҳкими иқтидори иқтисодии он аҳамияти калон доранд.
Дар асари академик Фарҳод Раҳимӣ ҳамчунин мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва
ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат дар масъалаҳои обу иқлим инъикос
ёфтааст. Муаллиф аз қабули қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба
масъалаҳои об, иқлим ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон ёдовар шуда, нақши
роҳбари давлатро дар пешбурди масъалаҳои глобалии марбут ба обу иқлим таъкид
менамояд. Ин ташаббусҳо дар арсаи байналмилалӣ Тоҷикистонро ҳамчун кишвари
ҷонибдори ҳалли мушкилоти глобалии обу иқлим муаррифӣ карданд.
Ҷанбаи дигари муҳими китобро масъалаи рушди маърифати ҷомеа ва боло бурдани
сатҳи китобхонӣ, донишомӯзӣ ва худшиносии миллӣ ташкил медиҳад. Дар асар аз
баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикон –
оинаи таърихи миллат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Илм – фурӯғи
маърифат» ёдоварӣ мешавад. Ин иқдомҳо барои ҷалби бештари аҳли ҷомеа, махсусан
ҷавонону наврасон, ба китобхонӣ, омӯзиши таърих, рушди истеъдод ва баланд
бардоштани сатҳи маърифати фарҳангиву илмӣ равона гардидаанд.
Дар китоби «Абармарди тақдирсоз» инчунин ба дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаҳои
иқтисодиёт, маориф, фарҳанг ва илм дар даврони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ шудааст.
Рушди низоми маориф, таҳкими заминаҳои илмӣ, дастгирии ҷавонон, эҳёи фарҳанги
миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди неруи зеҳнии ҷомеа аз
самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ арзёбӣ мегарданд.
Мазмуни асар ба хонанда имкон медиҳад, ки фаъолияти Пешвои миллатро дар доираи
равандҳои мураккаби сиёсию иҷтимоии даврони истиқлолият мавриди омӯзиш қарор
дода, нақши роҳбарияти давлатро дар барқарорсозии сулҳу субот, таҳкими пояҳои
давлатдорӣ, рушди иқтисоди миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ дарк
намояд. Аз ин ҷиҳат, китоб дорои аҳамияти таълимиву маърифатӣ буда, метавонад
ҳамчун сарчашмаи омӯзиши равандҳои муҳимми давлатсозии Тоҷикистони
соҳибистиқлол хизмат намояд.
Дар асар аз таъкиди пайвастаи Пешвои миллат дар Паёмҳои солона оид ба арзиши
Истиқлолияти давлатӣ низ ёдоварӣ шудааст. Истиқлолият ҳамчун муҳимтарин
дастоварди таърихии миллат, заминаи рушди давлатдорӣ, таҳкими худшиносии миллӣ,
ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таъмини ояндаи устувори кишвар арзёбӣ мегардад. Дар
шароити ҷаҳони муосир ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ
масъулияти шаҳрвандӣ ва вазифаи муҳими ҳар як фарди ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Яке аз мавзӯъҳои меҳварии китоб сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад. Муаллиф раванди
расидан ба сулҳ ва барқарор намудани суботи сиёсиро ҳамчун марҳилаи
сарнавиштсози таърихи навини Тоҷикистон арзёбӣ мекунад. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон
имрӯз дар доираҳои гуногуни сиёсиву илмӣ ҳамчун таҷрибаи муҳимми ҳалли низоъ ва
расидан ба ризоияти миллӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор дорад. Дар китоб таъкид
мешавад, ки фарҳанги сулҳ ва сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат дар таҳкими
давлатдорӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва
муттаҳидсозии ҷомеа нақши муҳим гузоштааст.
Дар ин замина, таҷрибаи сулҳофарии Пешвои миллат ҳамчун падидаи муҳимми ҷомеаи
муосир арзёбӣ мешавад. Омӯзиши ин таҷриба барои кишварҳое, ки бо мушкилоти
сиёсиву иҷтимоӣ ва низоъҳои дохилӣ рӯ ба рӯ ҳастанд, аҳамияти назариявӣ ва
амалӣ дошта метавонад. Сулҳу суботи сиёсӣ дар Тоҷикистон заминаи муҳими
пешрафти иқтисодӣ, рушди иҷтимоӣ ва таҳкими давлатдориро фароҳам овард.
Дар идомаи китоб масъалаи ташаккули низоми нави давлатдорӣ ва таҳкими заминаҳои
ҳуқуқии ҷомеа низ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Қабули Конститутсияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади асосии давлат дар ин раванд аҳамияти таърихӣ
дошта, заминаҳои ҳуқуқии ҷомеаи навини Тоҷикистонро муайян намуд. Конститутсия
ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро кафолат дода, принсипҳои асосии ташкили
давлат ва самтҳои рушди ҷомеаро муқаррар менамояд.
Дар маҷмӯъ, китоби «Абармарди тақдирсоз» ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти
давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи асарҳое мебошад, ки тавассути он як
марҳилаи муҳимми таърихи навини кишвар ва нақши роҳбарияти давлат дар таҳкими
давлатдории миллӣ бозتاب меёбад. Асар хонандаро ба андешаронӣ дар бораи арзиши
сулҳу ваҳдат, аҳамияти истиқлолияти давлатӣ, худшиносии миллӣ, ҳифзи мероси
таърихиву фарҳангӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дар назди Ватан ҳидоят менамояд.
35 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи эҳё, созандагӣ ва
рушди давлату миллат ба шумор меравад. Дар ин давра Тоҷикистон роҳи мураккаби
давлатсозӣ ва таҳкими пояҳои сиёсиву ҳуқуқии ҷомеаро тай намуда, барои расидан
ба ҳадафҳои стратегии рушди миллӣ талошҳои пайваста анҷом медиҳад. Дастовардҳои
даврони истиқлолият арзиши соҳибихтиёрии давлатиро бештар намоён сохта,
зарурати ҳифз ва таҳкими пояҳои давлатдории миллиро ба миён мегузоранд. Аз ин
рӯ, омӯзиши таърихи истиқлолият, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва ҳифзи
дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ вазифаи муҳими ҳар шаҳрванди ватандӯст
мебошад.
Нигора УМАРОВА,
омӯзгори Литсейи касбии техникии
нақлиёти роҳи оҳани шаҳри Душанбе