Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ШУКРИ СУЛҲУ ШУКРИ ОБОДИИ КИШВАР МЕКУНАМ
single-product

ШУКРИ СУЛҲУ ШУКРИ ОБОДИИ КИШВАР МЕКУНАМ

2026-09-15 11:20:17


(дар ҳошияи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Сулҳ неъмати бузург ва асоси зиндагии осоиштаи ҳар як инсон аст. Мо, омӯзгорон, арзиши сулҳу суботро на танҳо ҳамчун шаҳрванд, балки ҳар рӯз дар муҳити таълимӣ эҳсос менамоем.

Зеро дар фазои орому осуда метавон дониш омӯхт, касб аз худ кард, истеъдодҳоро инкишоф дод ва барои ояндаи кишвар мутахассисони ҷавону соҳибмаърифат тарбия намуд.

Ҳар сол оғози соли нави таҳсил барои аҳли маориф як рӯйдоди муҳим мебошад. Аммо аввали соли хониш барои мо танҳо оғози дарсҳо нест. Ин рӯз моро водор месозад, ки ба роҳи тайкардаи давлат назар андозем, ба қадри сулҳу истиқлол расем ва дар назди насли ҷавон масъулияти худро бештар эҳсос намоем.

Аз ҳамин лиҳоз, баргузории «Дарси сулҳ» аҳамияти махсуси тарбиявӣ дорад.Таърихи навини Тоҷикистон нишон медиҳад, ки сулҳу ваҳдат ба осонӣ ба даст наомадааст. Солҳои аввали истиқлол кишвари мо давраи бисёр душворро аз сар гузаронд.

Ҷанги шаҳрвандӣ ба мардум талафоти зиёди ҷонӣ ва иқтисодӣ расонд. Бо талошҳои зиёд ва музокироти тӯлонӣ барои расидан ба сулҳу ризоияти миллӣ замина фароҳам гардид ва 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Аз он рӯз то имрӯз сулҳу субот яке аз муҳимтарин арзишҳои ҷомеаи Тоҷикистон ба шумор меравад.

Имрӯз мо самараи сулҳу оромиро дар рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар, аз ҷумла маориф, равшан мебинем. Дар суханронии имрӯзаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва «Дарси сулҳ» зикр гардид, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат 4 ҳазору 135 бинои муассисаҳои таълимӣ бо 1 миллиону 800 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи 8,4 миллиард сомонӣ сохта ва ба истифода дода шудааст.

Барои мо - омӯзгорон, ин нишондиҳандаҳо аҳамияти хос доранд. Зеро рушди маориф танҳо сохтмони биноҳо нест. Ин пеш аз ҳама сармоягузорӣ ба инсон, ба дониш ва ба ояндаи давлат мебошад.

Донишҷӯе, ки имрӯз дар муассисаи таълимӣ касбу ихтисос меомӯзад, фардо метавонад дар рушди иқтисод, иҷтимоиёт, тандурустӣ, маориф, технология ва дигар соҳаҳои кишвар саҳми арзанда гузорад.

Аз ин рӯ, вазифаи мо ҳамчун омӯзгор танҳо ба донишҷӯ додани донишҳои назариявӣ ва малакаҳои касбӣ нест. Мо бояд дар баробари таълим, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, масъулиятшиносӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва таҳаммулпазирӣ тарбия намудани ҷавононро низ вазифаи муҳими худ донем.

Ҷавонон қувваи созандаи ҷомеа мебошанд. Агар онҳо дар муҳити сулҳу субот дониш омӯзанд, соҳиби касб шаванд ва бо ҳисси баланди масъулият ба зиндагӣ ворид гарданд, ояндаи давлат низ устувор мегардад.

Бинобар ин, ҳар як омӯзгор бояд ба донишҷӯён фаҳмонад, ки сулҳ танҳо мафҳуми таърихӣ нест. Сулҳ имконияти имрӯзаи мост: имконияти таҳсил, кор кардан, эҷод намудан ва нақша кашидан барои оянда.

Суханронии имрӯзаи Пешвои миллат дар «Дарси сулҳ» моро бори дигар ба қадршиносии истиқлолу суботи кишвар ва масъулияти бештар дар роҳи таълиму тарбияи насли ҷавон ҳидоят мекунад.

Мо бояд ба донишҷӯён моҳияти сулҳу ваҳдатро бо мисолҳои таърихӣ ва воқеияти зиндагии имрӯза фаҳмонем, то онҳо дарк намоянд, ки ободии кишвар натиҷаи сулҳу субот ва меҳнати созандаи мардум мебошад.

Пас, биёед сулҳро танҳо бо сухан ситоиш накунем, балки бо меҳнати ҳалол, омӯзиши пайваста, муносибати нек ба якдигар ва хизмати содиқона ба Ватан онро ҳифз намоем.

Мо - омӯзгорон, бояд дар тарбияи насли донишманд, соҳибкасб, ватандӯст ва созанда саҳми арзандаи худро гузорем.
Ман шукри сулҳ мекунам, шукри истиқлол мекунам, шукри ободии кишвари азизам Тоҷикистон мекунам.

Зеро сулҳ ба мо имконият дод, ки имрӯз дар фазои ором кор кунем, ҷавононро таълиму тарбия намоем ва ба ояндаи неки Ватан бо умед назар намоем.Бигзор сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷовидон бошад, ҷавонони мо донишманду соҳибкасб гарданд ва ҳар як насли наврас барои ободии Ватани азиз саҳми арзандаи худро гузорад.

Зеро сулҳ заминаи дониш, дониш асоси пешрафт ва ҷавонони соҳибмаърифат неруи созандаи фардои Тоҷикистон мебошанд.

Сафаров Мустафо Маҳмадшарифович,
Мудири кафедраи «Фанҳои табиӣ-риёзӣ»-и
Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат