Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Новости
  • > ДАР НОҲИЯИ РАШТ БИНОИ НАВИ ЛИТСЕЙИ КАСБИИ ТЕХНИКӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ
single-product

ДАР НОҲИЯИ РАШТ БИНОИ НАВИ ЛИТСЕЙИ КАСБИИ ТЕХНИКӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

2026-09-11 16:16:50

Дар доираи тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт бинои нави таълимии Литсейи касбии техникӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар маросими ифтитоҳи иншооти нав намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия - раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идизода Файзалӣ Фузайлшо ва раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ иштирок намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави таълимӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити муосири таълиму тарбия ва касбомӯзӣ барои ҷавонони ноҳия бунёд гардида, аз ду ошёна иборат аз ҳисоби маблағҳои Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар он 20 синфхонаи барҳаво ва замонавӣ ҷойгир буда, барои омӯзиши фанҳои умумӣ ва касбӣ шароити зарурӣ муҳайё шудааст. Ҳангоми сохтмони иншоот талаботи муосири соҳаи таҳсилоти касбӣ ба назар гирифта шуда, муҳити мувофиқ барои таълиму омӯзиши хонандагон фароҳам оварда шудааст.

Гуфта шуд, ки яке аз хусусиятҳои муҳими бинои нав таъсиси синфхонаҳои махсус барои омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ва дӯзандагӣ мебошад. Ташкили чунин синфхонаҳо барои рушди малакаҳои касбии ҷавонон, эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва омодасозии кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат заминаи мусоид фароҳам меорад. Хонандагон имкон пайдо мекунанд, ки дар баробари гирифтани донишҳои назариявӣ касбу ҳунарҳои барои бозори меҳнат заруриро аз худ намоянд.

Қайд гардид, ки дар муассиса озмоишгоҳҳои муосири фаннии химия, физика ва биология таъсис дода шудаанд. Озмоишгоҳҳо бо таҷҳизоти зарурии таълимӣ таъмин гардида, барои баланд бардоштани сифати таълими фанҳои табиатшиносӣ ва тақвияти корҳои амалӣ ва таҷрибавии хонандагон хизмат хоҳанд кард. Мавҷудияти чунин имкониятҳо ба омӯзиши амиқи фанҳои дақиқу табиӣ мусоидат намуда, заминаи рушди тафаккури илмӣ ва таҳқиқотии насли ҷавонро тақвият мебахшад.

Ҳамзамон, дар назди муассиса устохонаҳои таълимӣ-истеҳсолӣ ва синфхонаи махсуси дӯзандагӣ барои духтарон ташкил гардидаанд, ки дар онҳо хонандагон донишҳои назариявии худро тавассути корҳои амалӣ такмил медиҳанд. Чунин шакли таълим барои ташаккули малакаҳои касбӣ, баланд бардоштани маҳорати амалӣ ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи воқеии бозори меҳнат аҳаммияти муҳим дорад.

Зимни маросими ифтитоҳ таъкид гардид, ки бунёд ва ба истифода додани чунин иншооти муосири таълимӣ шаҳодати таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи таҳсилоти касбӣ мебошад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар муассисаҳои нави таълимӣ ва касбомӯзӣ сохта, ба истифода дода шуда, заминаи моддиву техникии муассисаҳои мавҷуда низ пайваста таҳким меёбад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода зимни суханронӣ таъкид намуд, ки рушди соҳаи таҳсилоти касбӣ ва омодасозии кадрҳои соҳибкасб яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад. Ба зикри ӯ, фароҳам овардани шароити муносиб барои таҳсилу касбомӯзии ҷавонон ба рушди неруи инсонӣ, баланд гардидани сатҳи маърифату малакаи касбии аҳолӣ ва таъмини иқтисоди миллӣ бо кадрҳои зарурӣ мусоидат мекунад.

Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳи бинои нави таълимиро барои рушди соҳаи таҳсилоти касбӣ дар минтақа муҳим арзёбӣ намуда, зикр кард, ки бо таъсиси синфхонаҳои муҷаҳҳаз, озмоишгоҳҳои фаннӣ ва устохонаҳои таълимӣ-истеҳсолӣ имкониятҳои муассиса барои ташкили таълими босифат ва омодасозии мутахассисони соҳибкасб ба маротиб васеъ мегарданд.

Таъкид шуд, ки таҳсилоти касбӣ дар шароити рушди босуръати иқтисоди миллӣ ва тағйирёбии талаботи бозори меҳнат аҳаммияти рӯзафзун пайдо карда, муассисаҳои таълимии ин зина бояд дар баробари додани донишҳои назариявӣ ба ташаккули малакаҳои амалӣ низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Бинои нави Литсейи касбии техникии ноҳияи Рашт маҳз бо чунин ҳадафҳо бунёд гардида, барои фароҳам овардани муҳити муосири таълимӣ ва касбомӯзӣ имкониятҳои заруриро доро мебошад.

Қобили зикр аст, ки сохтмони бинои нави таълимии Литсейи касбии техникии ноҳияи Рашт аз ҷумлаи иншооти муҳими соҳаи таҳсилоти касбӣ ба ҳисоб рафта, идомаи корҳои сохтмонӣ бо ҷудо гардидани маблағҳои зарурӣ аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази буҷети давлатӣ барои сохтмони асосӣ таъмин карда шуд. Иншооте, ки солҳои қабл ҳамчун сохтмони нотамом боқӣ монда буд, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи роҳбарияти Кумита пурра такмил дода шуда, ба талаботи муосири муассисаи таълимии касбӣ мутобиқ гардонида шуд. Ба истифода додани бинои нави литсей барои ҷавонони ноҳияи Рашт имкониятҳои нави таҳсилу касбомӯзиро фароҳам оварда, дар самти омӯзиши касбҳои замонавӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, баланд бардоштани сатҳи малакаҳои амалӣ ва омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат қадами муҳим ба ҳисоб меравад.

Иншооти нави таълимӣ дар доираи тантанаҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуда, ҳамчун туҳфаи арзандаи ҷашнӣ барои ҷавонони ноҳияи Рашт арзёбӣ мегардад.